11 октябри соли 2020 дар мамлакат интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муташаккилона доир гардид

№ 12.10.2020

 DSC00262Субҳи ёздаҳуми октябри соли равон дар участкаҳои овоздиҳии ҳавзаҳои интихоботии Ҳисор №15, Рӯдакӣ, №11 ва Файзобод, №14 маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо руҳияи баланди идона баргузор гардид.   

Ҳанӯз субҳ нодамида пиру барно гурӯҳ-гурӯҳ барои раъй додан ба номзади арзандаашон ба мансаби  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷониби участкаҳои интихоботӣ роҳ пеш мегирифтанд.

Аз ҷумла, дар участкаҳои интихоботии №11 (раисаш И.Бозорова) — шаҳраки Шарора, №16 (раисаш М, Мирзоева), №18 (раисаш Ш. Юсупов) -  деҳоти «Ҳисор»-и шаҳри Ҳисор, №81 (раисаш Б. Тағойбеков), №82 (раисаш Б. Валиева), №83 (раисаш Н. Каримова) деҳоти «Сарикиштӣ», №146 (раисаш Ҷ. Ҳусейнов) — деҳоти «Роҳатӣ» — ноҳияи Рӯдакӣ, участкаҳои овоздиҳии №1 (раисаш Ш. Сайфидинова) — деҳоти «Бӯстон», №5 (раисаш Х. Ёров) деҳоти «Меҳробод» ва №9 (раисаш С. Ниҳмонов) деҳоти «Вашгирд»-и ноҳияи Файзобод ин маъракаи муҳими сиёсӣ хеле бонизом ва муташаккилона сурат гирифт.

Дар участкаҳои номбурда рӯйхати шахсоне, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ, яъне берун аз ҷумҳурӣ қарор доранд, маризону пирони барҷомонда, ки имконияти ба участкаҳои интихоботӣ рафта, овоз додан надоранд ва онҳое, ки синнашон ба 18-солагӣ расидаасту бори аввал ҳуқуқи дар интихобот иштирок кардан пайдо намудаанд, мавҷуд буд. Дар даромадгоҳи ҳар як участка ҳуҷраи табибон ташкил шуда буд. Табибону ҳамшираҳои шафқат, ки дар бар либосҳои махсуси зиддисироятӣ доштанд, ҷиҳати риояи талаботи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва паҳншавии бемории сироятии пандемияи «COVID-19» ҳар нафарро аз назар гузаронида, сипас ба нуқтаи овоздиҳӣ равон мекарданд. Ҳуҷраҳои модару кӯдак низ хуб муҷаҳҳаз гардонида шуда буданд.

Аъзои комиссияҳои интихоботӣ онҳоеро, ки бори аввал овоз медоданд, бо гулҳои тару тоза пешвоз гирифта, ҳуқуқҳояшонро мефаҳмонданд. То соати 18 дар ин участкаҳо аз 88 то 95 фоизи интихобкунандагон  раъй доданд.

Муҳаммад ЗОКИР,

 «Садои мардум»