Абдуҷаббор Азизӣ: «ҲХДТ ба рақобати солим ҳамеша омода мебошад»

№14 (4120) 30.01.2020

DSC_0034То баргузор шудани интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ каме зиёд­тар аз як моҳ монд. Омодагии ҳизбҳои сиёсӣ ба ин маъракаи муҳим дар кадом сатҳ аст? Бо мақсади посух гирифтан ба ин ва дигар саволҳо ба пурнуфузтарин ҳизби сиёсии кишвар — Ҳизби халқии  демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) муроҷиат кардем. Ба саволҳои мо муовини якуми Раиси ҲХДТ Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор посух дод.

- Омодагии ҲХДТ ба интихоботи парлумонӣ дар кадом сатҳ қарор дорад?

- Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон чанде пештар Анҷумани XIII худро баргузор кард, ки дар он қариб 2000 вакил аз тамоми гӯшаву канори Ватанамон иштирок намуданд. Яке аз масъалаҳои муҳими рӯзномаи анҷуман иштирок дар интихоботи қарибулвуқӯи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои вакилони халқ дар маҳалҳо буд.

Ба ин хотир, дар анҷуман «Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон», ки фарогири самтҳои муҳимтарини рушди мамлакат барои панҷ соли оянда мебошад, мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Тавре Раиси ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: «Интихобот, аз ҷумла, интихоботи навбатӣ, ба парламент ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, яқинан ба пойдории давлатдории миллӣ ва таҳкими аркони он, ноил гардидан ба пешрафтҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, тақвияти асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули озодонаи ҳар фард мусоидат хоҳад кард».

Ҳамзамон, ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки ба ҷараёни интихобот дахолат накунанд, зеро  интихобот маъракаи бисёр муҳими сиёсӣ буда, ҳамон вақт аз ҷониби мардум эътироф мегардад, ки агар озод, демократӣ ва шаффоф сурат гирад.

Дар анҷуман аз ҷониби Раиси ҳизб 28 нафар номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуд, ки шахсиятҳои шинохта ва арзандаи кишвар мебошанд.

Дар баробари ин, барои омодагӣ ба интихобот аз ҷониби Ситоди пешазинтихоботӣ қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Аз ҷумла, сохтори Ситоди марказии пешазинтихоботии ҲХДТ ва ситодҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии он ташкил гардиданд, ки фаъолияти пурсамар доранд. Фаъолияти Ситоди марказии пешазинтихоботии ҲХДТ, ки дар қароргоҳи ҳизб ҷой гирифтааст, ҳар рӯз аз соати 8 субҳ оғоз ёфта, соати 8 бегоҳ анҷом меёбад. Корҳои ташкилӣ, аз ҷумла, омода намудани ҳуҷҷатҳои вакилон ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, баргузор кардани курсҳои омӯзишӣ вобаста ба интихобот, таҳияи буклету барномаи номзадҳо ва машваратҳои тахассусӣ қариб ҳар рӯз дар Ситод ҷараён доранд.  Робитаи Ситоди марказӣ бо ситодҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ хеле мустаҳкам аст. Масъалаҳое, ки ба миён меоянд, тавассути кормандони масъули Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб ҳаллу фасл мегарданд. Инчунин, барои фаъолияти бомароми Ситод навбатдорӣ ташкил карда шудааст. Метавон бо итминон гуфт, ки ҲХДТ ба интихоботи дарпешистода тайёрии ҷиддӣ дида истодааст ва ба рақобати солими сиёсӣ омода аст.

ҲХДТ аз чанд ҳавзаи якмандата номзад пешбарӣ кард?

- Интихобот майдони рақобатҳои сиёсӣ аст. Яке аз василаҳои пирӯзӣ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ тарғибу ташвиқи дуруст ва ҳадафрас мебошад. Ҳадафи ниҳоии ҳар як ҳизб, аз ҷумла, ҳизби мо, ба даст овардани қудрат ва ҳокимият буда, шиори он «Барои пешрафт ва расидан ба зиндагии шоистаи мардум» аст. Ба ин далел, мо саъю талош меварзем, ки номзадҳоямон аз ҳавзаҳои якмандатаи интихоботӣ бештар раъйи мардумро ба даст оваранд. Ҳизби мо дар 41 ҳавзаи интихоботӣ бо баргузор кардани конфронсҳои ҳизбӣ номзадии 41 нафарро ба вакилӣ пешбарӣ кардааст. Номзадҳои мо шахсони арзанда ва обрӯманди диёр буда, мутахассисони соҳаи худ ҳастанд ва умед дорем, ки дар сурати интихоб шуданашон тавассути мақоми олии қонунгузори мамлакат дар пешрафти соҳаҳои ҷомеа ҳиссаи сазовори худро мегузоранд.

- Номзадҳо расмиёти бақайдгириро дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ анҷом доданд?

- Оре, номзадҳои ҳизби мо муқарраротеро, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ барои пешбарӣ ба вакилӣ муайян кардааст, риоя намуда, мувофиқи он ҳуҷҷатҳо ва асноди заруриро таҳия ва ба КМИР сари вақт барои сабти ном пешниҳод карданд. Ду рӯз пеш, КМИР номзадҳои ҳизбҳои сиёсиро аз забони давлатӣ имтиҳон гирифт, ки номзадҳои мо сарбаландона аз он гузаштанд.

- ҲХДТ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар маҷмӯъ чанд номзад пешбарӣ намуд?

- Аз ҷониби Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе 70 номзад, вилояти Хатлон — 71, Суғд -  70, ВМКБ – 66 ва ба маҷлисҳои вакилони шаҳриву ноҳиявӣ 1902 номзад пешбарӣ гардид.

- Корҳои тарғиботӣ дар кадом сатҳ ҷараён доранд?

- Мувофиқи муқаррароти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ баъд аз анҷоми баргузории конференсияҳои ҳизбӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз ҷониби аҳзоби сиё­сӣ, аз ҷумла, ҲХДТ, гурӯҳҳои таблиғотӣ сафарбар карда мешаванд. Дар гурӯҳҳо аз ҳизби мо шахсони муътабару барӯманд, адибону донишмандон, мутахассисони варзида, ходимони ҷамъиятӣ ва занону ҷавонони фаъол вобаста шудаанд. Гурӯҳҳои мазкур дар доираи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ бо мардум мулоқоту вохӯрӣ баргузор менамоянд. Дар айни ҳол, аз ҷониби ҲХДТ ва худи номзадҳо барномаҳо, овезаҳо, буклетҳо, тақвим ва дигар маълумоти ташвиқотиву таблиғотӣ таҳия ва нашр шуда истодаанд. Мо кӯшиш карда истодаем, ки тибқи дастуру супоришҳои Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Анҷумани XIII бармеоянд, маъракаи таблиғотиро бо роҳу усулҳои нав ба роҳ монда, дар радифи воситаҳои ахбори омма аз интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои кор бо электорат ба таври васеъ истифода барем. Дар ин самт фаъолияти Ситоди марказии пешазинтихоботӣ, кумитаҳои иҷроияи марказӣ, вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ бисёр назаррас аст. Кумитаҳои иҷроияи ҳизбии мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дорои саҳифа ва сомонаҳо ҳастанд ва даҳҳо ҳазор хонанда метавонанд ба таври фаврӣ аз ахбори ҳизбӣ иттилооти заруриро ба даст оранд.

-ҲХДТ дар масъалаи назорати ҷараёни интихобот кадом тадбирҳоро амалӣ хоҳад кард?

- Мо аз рӯи муқаррароте, ки аз ҷониби КМИР дар ин самт пешбинӣ шудааст,  кор мегирем. Дар баробари ҳизбҳои дигари сиёсӣ, нозирони ҳизбиро дар ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ аз ҳоло вобаста кардаем, ки вазифаи онҳо, пеш аз ҳама, назорат кардани ҷараёни баргузории интихобот дар сатҳи демократӣ, шаффоф ва озоду ошкоро мебошад.

Мусоҳиб Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»