Қадами устувор дар роҳи таҳкими ҷомеа

№52 (3532) 21.04.2016

«Таърих гувоҳ аст, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо оини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронида, аз дунболи ҳар шикасту инқироз боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст…»  Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Ҳар як саҳифаи таърихи Истиқлолияти кишвар саршор аз рӯйдоди хотирмону ҳодисот аст. Баробари соҳибистиқлол гардидани ҷумҳурӣ бо дас­ти бадхоҳони миллат ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид. Бар асари ин ҷанги таҳмилӣ ҳазорон нафар маҳрум аз ҷону манзили зист гашта, ҳазорони дигар фирорӣ шуданд. Ба хотири аз ҳар гуна офат эмин нигоҳ доштани ниҳоли истиқлолият ва самаровар гардидани он, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ Сарвари давлат интихоб гардид. Сарвари тозаинтихоби тоҷикон тавонист, ки дар як муддати кӯтоҳ миллатро аз вартаи нобудӣ наҷот бахшад. Бо кӯшишу талошҳои пайвас­таи Роҳбари давлат шохаҳои Ҳукумат аз нав фаъол гашта, зиндагии бесарусомон ба худ маҷрои нав касб кард.

Соҳибистиқлолӣ ҳамчун омили асосии таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва рушди самтҳои гуногуни ҷомеа шинохта шуд. Дар ин давра артиши тавоно таъсис ва амнияти комили шаҳрвандон таъмин гардид.

Меваҳои истиқлолият – рамзҳои давлатӣ, пули миллӣ, забони давлатӣ ва бунёду баис­тифодадиҳии муассисаҳои фарҳангию тиҷоратӣ, сох­т­монҳои азим шуълаи умедро ба ояндаи дурахшон дар қалби мардум фурӯзон кард.

Дар қатори дигар шохаҳои Ҳукумат, низоми судӣ низ чун шохаи мустақил шинохта шуд. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1997 «Дар бораи баъзе тадбирҳо оид ба таъмини мус­тақилияти ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид, ки дар он масъалаҳои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо ба миён гузошта шуд. Таъсиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъину таҳкими ҳокимияти судӣ ва мустақилияти суд­ҳо яке аз ташаббусҳои наҷиби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар давраи истиқлолият ба ҳисоб меравад, ки метавон онро дар фаъолияти судии кишвар муассир арзёбӣ кард.

Ба хотири таҳким бахшидан ба соҳибистиқлолӣ 6 ноябри соли 1994 ба таври раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи нави мамлакат қабул карда шуд, ки чун шиносномаи миллат кафили боэътимоди озодиҳои инсон, ҷомеаи демок­ратӣ ва дунявию ҳуқуқбунёд гардид.

Бо мақсади боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани зиндагиву рӯзгори мардум 26 сентябри соли 1999 ба Конс­титутсияи кишвар як қатор тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Тағйироти воридгаштаро метавон чун саҳифаи нав дар таърихи сиёсии кишвар маънидод кард, нахустин маротиба парламенти думаҷлиса, ки яке доимоамалкунанда, яъне касбӣ ва дигараш даъватӣ мебошад, оғоз ба фаъолият намуд.

Тағйиру иловаҳои навбатӣ ба Конститутсияи кишвар, ки ба ин хотир 22 майи соли 2016 раъйдиҳии умумихалқӣ сурат мегирад, тақозои замон буда, ба таҳкиму побарҷойии ҳаёти муътадилу осоиштаи мардум мусоидат хоҳад кард.

Таърихи 25-солаи Истиқлолияти кишвар бори дигар гувоҳӣ медиҳад, ки мардуми Тоҷикис­тон таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқ намудани нақшаву барномаҳои созанда бо дилпурӣ ба сӯи ояндаи нек қадам мегузоранд.

Лайлӣ МӮСОЕВА, нотариуси давлатии Саридораи нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон