1 март – Рӯзи интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ

Аграриён ба интихобот омодагии ҷиддӣ мебинанд

№18 (4124) 08.02.2020

Мусоҳиба бо раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон Рустам Латифзода

DSC_1897- Моҳи декабри соли сипаришуда, зимни ширкат дар Анҷумани Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ), аз рафти суханронии вакилон пай бурдам, ки ҲАТ ба интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ҳаматарафа омодагӣ мебинад…

- Бале, аъзои Ҳизби аграрии Тоҷикис­тон тасмим гирифтаанд, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона иштирок намоянд. ҲАТ, ки соли 2005 таъсис ёфтааст, дар сафҳои худ деҳқонони кишвар, кормандони муассисаву ташкилотҳои комплекси агросаноатӣ, намояндагони зиёиёни деҳот, олимону донишҷӯёнро муттаҳид месозад. Имрӯз теъдоди аъзои ҳизб зиёда аз 50,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аъзои ҲАТ дар вазифаҳои давлатию ҷамъиятӣ, роҳбарияти вазорату идораҳо ва муассисаҳои гуногуни кишвар кору фаъолият доранд ва ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки дар беҳбуд бахшидани ҳаёти мардум ва рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар саҳмгузор бошанд. Ин шаҳодат медиҳад, ки платформа ва Барномаи ҲАТ дуруст, мутобиқ ба талаботи замон ва ба манфиати ҷумҳурии азизамон мебошад.

Дар раванди омодагӣ ба интихобот роҳбарият ва фаъолони ҳизб дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бо мардум вохӯрию мулоқот доир намуда, мақсаду мароми ҳизбро муаррифӣ карда истодаанд. Моҳҳои ноябр – декабри соли 2019 дар маҳалҳо конференсияҳои ҳизбӣ гузаронидем. 20 декабри соли сипаришуда дар шаҳри Душанбе Анҷумани VII ҲАТ доир гардид. Дар Анҷуман, дар баробари натиҷагирӣ аз фаъолияти панҷ соли охир, омодагӣ ба интихобот, пешбарии номзадҳо ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тасдиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲАТ аз ҷумлаи масъалаҳои асосӣ буд.

- Инак, фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум поён меёбад. Оё гуфта метавонед, ки фраксияи ҳизби шумо ба ҳадафҳои дар назди худ гузошта ноил гардид?

- Тайи ин даъват Ҳизби аграрии Тоҷикис­тонро дар парлумони мамлакат 5 нафар намояндагӣ намуданд. Дар ин давра фраксияи ҳизби мо дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, баррасии масъалаҳои ба ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон пешниҳодшуда фаъолона ширкат варзид. Ҷиҳати татбиқи сиёсати аграрӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат фраксияи мо фаъолияти худро вобаста ба такмили қонунгузорӣ ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки барои амалӣ намудани тадбирҳои комилан нав ва айни замон зарурии дастгирии давлатии соҳаи кишоварзӣ пешбинӣ шудаанд, дар ҳамбастагӣ бо фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва намояндагони дигар ҳизбҳо ба роҳ монд.

Дар давраи фаъолият 20 лоиҳаи қонун, аз ҷумла, 8 қонуни мукаммали соҳавӣ, таҳия гардид. То ба имрӯз 18 қонун, аз ҷумла, 6 қонуни мукаммал — «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)», «Дар бораи чарогоҳ», «Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо», «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об», «Дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист» «Дар бораи ниҳолпарварӣ» аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул шуд.

Барои ноил гардидан ба боварии комили интихобкунандагон фраксия дар иртибот ба талаботи мардум ва муносибатҳои ҷамъиятӣ дар замони муосир бештар ба қонунҳои таҳияшуда, такмили низоми қонунгузорӣ ва бартараф намудани монеаю мушкилиҳои мавҷуда таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

- Дар маҷмӯъ, саҳми парламенти мамлакатро дар пешрафти соҳаи кишоварзӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Ба андешаи мо ҳамаи вакилони даъвати панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш намуданд, ки дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла, такмили заминаи ҳуқуқии фаъолияти комплекси агросаноатии мамлакат, саҳми арзанда гузоранд.

Давоми солҳои 2015 — 2019 дар иҷлосияҳо ва муҳокимаҳои парламентӣ ­масъалаҳои танзими ҳуқуқии фаъолият дар самтҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ, зотпарварӣ ва хизматрасонии байторӣ, низоми тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ, карантин ва муҳофизати растаниҳо, истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ ва ғайра борҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Қабули қонунҳои мукаммал ва тағйиру иловаҳои ба қонунҳои амалкунанда воридшуда заминаи ҳуқуқии афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири кишоварзӣ ва ба содирот нигаронидани он, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва устувор гардонидани вазъи молиявии хоҷагиҳои кишоварзӣ, интихоби мус­тақилонаи самти хоҷагидорӣ, гузаронидани кишти такрорӣ ва гирифтани ду — се ҳосил аз заминҳои обӣ, муттаҳидкунии хоҷагиҳои деҳқонии хурд ба хоҷагиҳои калонҳаҷмро таъмин менамояд. Ҳамзамон, қабули қонунҳо барои татбиқи як қатор барномаҳои соҳавӣ мусоидат мекунад.

- Дар ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 20 январи соли ҷорӣ баргузор гардид, зимни натиҷагирӣ аз рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2019, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз талафёбии маҳсулоти кишоварзӣ изҳори нигаронӣ карданд. Ба фикри шумо сабаби ин дар чист ва чӣ тавр онро бояд бартараф намуд?

- Дуруст аст, чунин мушкил ҷой дорад ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазоратҳои кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати пешгирии талафёбии маҳсулот, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ барои ташкили корхонаҳои коркарди меваю сабзавот ва дар ин замина ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Вазъи имрӯзаи соҳа нишон медиҳад, ки сатҳи нокифояи рушди инфрасохтори хизматрасон ба талафоти зиёди маҳсулоти кишоварзӣ сабаб мегардад. Талафот на танҳо ба давраи ҷамъоварӣ, балки ба интиқолу нигоҳдорӣ низ хос мебошад. Ҳалли ин масъала аз ташаккули марказҳои логистикӣ дар минтақаҳои гуногуни мамлакат вобастагӣ дорад. Таҳқиқотҳо собит месозанд, ки вазъи имрӯзаи фаъолияти логистикӣ бо пуррагӣ ба талаботи пешбурди устувори соҳаи кишоварзӣ ҷавобгӯ нест. Дар қиёс бо дигар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон, ки ҳиссаи логистика дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилии онҳо 12-17 фоизро ташкил мекунад, дар Тоҷикистон ҳиссаи логистика аз 1 фоиз каме зиёд асту халос. Дар замони муосир логистика соҳаи муҳим ва дар як вақт мураккаби фаъолият ба ҳисоб рафта, амалиётҳои алоҳида ва хусусиро дар бар мегирад. Мақсади асосии он таъмини ҳамгироии равандҳои ҳаракати маҳсулот дар ташаккулёбии арзиши истеъмолӣ бо хароҷоти камтарин мебошад. Дар ин росто фаъолияти логистикӣ, пеш аз ҳама, бояд ба қонеъгардонии талаботи истеъмолкунандагон равона карда шавад.

Ба андешаи мо, масъалаи мазкур мумкин аст дар асоси таъсиси шабакаи ягонаи ширкатҳои махсуси логистикӣ ҳалли худро ёбад. Зарур аст, ки давлат ташаккули шабакаи ягонаи хизматрасониро дастгирӣ намояд. Дар раванди ташаккулёбии соҳаи логистика масъалаҳои истеҳсоли маҳсулоти бандубасти муосир, рушди заминаи истеҳсолӣ ва техникии объектҳои нигоҳдории маҳсулот, дастрасии технологияҳои пешрафтаи коркарди маҳсулот, ташкили долонҳои нақлиётӣ ва системаҳои тақсимоти молу хизматрасониҳо бояд ҳалли худро ёбанд.

- Дар Барномаи пешазинтихоботии ҳизб омадааст: «ҲАТ бар он ақида аст, ки бидуни такмили сиёсати давлатии аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалли мушкилоти мавҷудаи иқтисодию иҷтимоӣ ғайриимкон аст». Хоҳишмандам ин нуктаро шарҳ диҳед ва бигӯед, ки дар соҳаи кишоварзӣ ва деҳоти кишвар боз чӣ мушкилот мавҷуд аст ва ҳизби шумо кадом роҳҳои рафъи онҳоро пешниҳод менамояд?

- Табиист, ки Тоҷикистон баъд аз мухолифатҳои солҳои аввали 90 асри гузашта ба мушкилоти зиёд дучор шуд, тамоми соҳаҳо, аз ҷумла, кишоварзӣ, фалаҷ гаштанд. Бинобар ин, бо барқарор шудани сулҳу оромӣ роҳбарияти олии кишвар барои эҳё ва рушди ин соҳаи ҳаётан муҳим саъю талоши зиёд намуд. Тавре маълум аст, дар соҳаи кишоварзӣ ислоҳоти аграрӣ ва замин гузаронида шуд ва тадбирҳои зиёде роҳандозӣ гардиданд. Аввалин ислоҳоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон соли 1996 ва баъдан соли 1999 сурат гирифт. Дар натиҷа, колхозу совхозҳои замони шӯравӣ барҳам хӯрда, шаклҳои нави хоҷагидорӣ ба вуҷуд омаданд. Бар ивази зиёда аз 500 колхозу совхоз, наздик ба 173 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ ташкил гардид. Аслан, ин амали хуб аст, яъне соҳиби аслии замин деҳқон бояд бошад, аммо, дар раванди фаъолияти чунин низоми кор мушкилоту муаммоҳо низ ба вуҷуд омаданд. Колхозу совхозҳои шӯравӣ бо техникаи зарурӣ, мутахассис ва дигар асосҳои муҳими хоҷагидорӣ муҷаҳҳаз буданд. Ҳоло чӣ? Аксари хоҷагиҳои деҳқонӣ на техникаи зарурӣ доранд, на мутахассис ва на захираҳои дахлдори молиявӣ. Мушкили дигар ин аст, ки 80 дарсади роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ тахассуси зарурии кишоварзӣ надоранд. Бар илова, истифодабарии замин ва об дар хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ нобаробар асту барои пешбурди фаъолияти хоҷагидорӣ мушкилот эҷод мекунад. Аз ин сабаб, зарурати ба таври ихтиёрӣ, бо роҳи дастгирии давлатӣ муттаҳид кардани хоҷагиҳои хурд ба миён омадааст. Мо пешниҳод дорем, ки заминаи ҳуқуқиеро барои муттаҳид намудани хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ ба роҳ монем, ки ба манфиати умум бошад. Дар атрофи ин масъала баҳсҳо низ зиёданд. Бовар дорем, ки ҳалли дурусти он пайдо мешавад, зеро муттаҳид намудани хоҷагиҳои хурд дар хоҷагиҳои калон тақозои замон аст.

Мушкилоти дигар он аст, ки дар мо дониши ҳуқуқию иқтисодии кишоварзон дар сатҳи зарурӣ қарор надорад. Масалан, дар аксари кишварҳои пешрафтаи дунё маҳз тариқи шартномаҳои фючерӣ фаъолиятҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ба роҳ монда шудааст. Дар мо бошад, аз ноогоҳии роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ суиистифода намуда, бархе манфиатхоҳон онҳоро қарздор карданд. Хушбахтона, Ҳукумат роҳи аз ин қарзҳо раҳо кардани хоҷагиҳоро пайдо намуд.

Дигар ин ки имрӯз масъалаи андозбандии хоҷагиҳои деҳқонӣ низ ҳамчун мушкили ҷиддӣ боқӣ мондааст. Мо пешниҳод дорем, ки бахши кишоварзӣ умуман аз андозбандӣ озод шавад. Саҳми андози бахши кишоварзӣ дар пур кардани буҷаи мамлакат зиёд нест, ҳамагӣ бештар аз 360 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки барои кишвар на он қадар маблағи калон аст. Инро мешавад аз ҳисоби манбаъҳои дигар рӯйпӯш намуд. Дар бисёре аз давлатҳо бахши кишоварзӣ дар дотатсияи давлатӣ қарор дорад. Агар дар мо, ҳадди ақал андоз аз кишоварзӣ бардошта шавад, ба манфиати кор мебуд. Бояд гуфт, ки деҳқон ва замин танҳо манбаи ғизову пурии дастурхони одамон нест. Он ҳамчунин, як рукни муҳими тинҷиву осудагии мардум аст. Аз ин хотир, муносибат бо он бояд ҷиддиву дурандешона сурат гирад. Ҳоло камтарин маош – 492 (с. 2018) сомонӣ ба корманди бахши кишоварзӣ рост меояд. Дар кишварҳои пешрафта фермерҳо яке аз қишрҳои сарватманди ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Барои расидан ба сатҳи онҳо дастгирии давлатӣ зарур аст.

Ё ин ки бахши чорводорӣ, ки яке аз бахшҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ мебошад. Дар Тоҷикистон ягона манбаи хӯроки чорво 3,8 миллион гектар заминҳои чарогоҳ ба ҳисоб меравад. Наандешидани тадбирҳои фаврӣ оид ба ворид намудан ва истифодаи босамари манбаъҳои нави хӯрокӣ, ба назар нагирифтани ғунҷоиши экологии чарогоҳҳо хазинаи маводи ғизоии пурқиматро коста гардонда истодааст. Бинобар ин, зарур аст, ки баробари танзими давлатии истифодабарии чарогоҳ, дар онҳо таҳқиқоти геоботаникӣ бо мақсади муайян намудани манбаъҳои табиии хӯроки чорво ва имконияти ғунҷоиш гузаронида шавад.

Барои ҳалли мушкилоти соҳаи кишоварзӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми деҳот дар Барномаи пешазинтихоботии ҲАТ нақшаю пешниҳодоти мушаххас мавҷуданд. Саъй мекунем, ки дар парламенти нав сафи аъзои ҳизби мо зиёдтар бошад, то тавонем нақшаҳои созандаи хешро муваффақона амалӣ созем.

Мусоҳиб Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»