Ҷавонон Эмомалӣ Раҳмонро беҳтарин номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон медонанд

№123 (3108) 03.10.2013

Дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»  21 сентябри соли равон Анҷумани даҳуми Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон  баргузор гардид. Дар ин анҷуман 1100 вакил, намояндагони ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Дар анҷумани мазкур масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд:

-оид ба ҳисоботи фаъолияти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон  дар давраи солҳои 2010 – 2013;

- оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Барномаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон;

-оид ба пешбарии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон;

- оид ба пешбарӣ  ва масъалаҳои кадрӣ (интихоби муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон).

Оид ба фаъолияти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2013  раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Маликшо Неъматов суханронӣ намуда, иброз дошт, ки то имрӯз ба аъзогии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон зиёда аз 150 ҳазор ҷавонон шомил мебошанд, ки онҳо дар беҳдошти вазъи сиёсӣ, беҳтар гардонидани имконоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва рушди маънавию фарҳангӣ дар кишвар саҳмгузоранд.

Дар робита ба масъалаи пешбарии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вакил аз шаҳри Душанбе, ҷоизадори Бозиҳои ХХХ олимпиадаи  тобистонаи Лондон-2012 — Мавзуна Чориева изҳори назар намуда, оид ба дастовардҳои халқи тоҷик, бахусус ҷавонону варзишгарон дар даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуд. Вай инчунин дар бораи хизматҳои пайвастаи Президенти кишвар дар бобати таъмини сулҳу субот, ваҳдату якпорчагӣ, эҳёи иқтисодии кишвар сухан гуфта, Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон пешниҳод намуд.

Иштирокчиён- вакилони анҷуман ин пешниҳодро якдилона дастгирӣ намуданд.

Вобаста ба масъалаи мазкур қарори дахлдори анҷуман қабул ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои бақайдгирии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Марбут ба масъалаҳои дигари рӯзномаи  анҷуман низ қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум»