Ҷавонони Душанбе мехоҳанд дар баргузории раъйпурсӣ саҳмгузор бошанд

№54-55 (3534-3535) 26.04.2016

кмир19 апрели соли 2016 бо ташаббуси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар доираи омодагӣ ба маъракаи муҳими  дарпешистода — раъйпурсии умумихалқӣ оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»  дар мавзӯи «Аҳамияти арзишҳои конститутсионӣ дар тарбияи ҳуқуқии ҷавонон» ҷамъомад баргузор гардид.

Мақсади асосии чорабинӣ таъсиси гурӯҳҳои таблиғотӣ ҷиҳати ба шаҳрвандон расонидани моҳияти тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби ҳар чӣ бештари ҷавонон ба раванди омодагӣ ба раъйпурсӣ арзёбӣ шуд. Раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Абосиддин Саймуддинов ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Сайфулло Сафаров доир ба тарбияи ҳуқуқии ҷавонон андешаҳояшонро баён намуданд.

Дар ҷамъомад роҳбари Дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуманон Додозода оид ба рафти омодагиҳо ва корҳои аз ҷониби  Комиссия ба анҷомрасида сухан ронда, нақши ҷавононро дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ кард.

Зикр гардид, ки ҷавонони фаъо­ли пойтахт дар арафаи баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ ба комиссияҳои раъйпурсӣ ҷиҳати паҳн намудани дастурҳои тарғиботию ташвиқотӣ, инчунин ба шаҳрвандон расонидани хабарномаҳо метавонанд кумаки амалӣ расонанд.

Иштирокчиёни чорабинӣ изҳор намуданд, ки ҷавонони кишвар барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардидани раъйпурсии умумихалқӣ мусоидат карда, дар пешрафти ҳаёти сиёсии кишвар саҳми муносиб мегузоранд.

 Аъзам МӮСОЕВ,  «Садои мардум»