Аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ 65 номзад ба қайд гирифта шуд

№18 (4124) 08.02.2020

Панҷуми феврали соли равон таҳти раёсати раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода бо иштироки роҳбарони аҳзоби сиёсӣ ҷаласа баргузор гардид, ки дар он доир ба ду масъала — бақайдгирии рӯйхати номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва аккредитатсияи нозирони байналмилалӣ қарор қабул шуд.

Зикр гардид, ки номзадҳои зерини пешбарикардаи ҳизбҳои сиёсӣ ба қайд гирифта шуданд:

 Ҳизби аграрии Тоҷикистон (13 нафар)

Латифзода Рустам Барот

Икромов Фазлиддин Маҳмазоитович

Усмонов Мансур Саломович

Холбойзода Неъматулло Холбой

Сафаров Зайниддин

Ахмедов Мирзоанвар

Мусозода Шодӣ Абдухолиқ

Мирзозода Музаффар Бурҳон

Аҳмадзода Бахтиёр Ҳикматулло

Ҳайдарзода Ҷонона Ҳайдар

Ниёзов Нуралӣ Сафарович

Сафарова Рупия Ҳакимовна

Зиё Раҳмон

Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (5 нафар)

Ғаффоров Абдуҳалим

Наимов Зариф Ҷомиевич

Саидошурова Давлатхоним Луқмоншоевна

Бобоҷонова Наргиза Мухторовна

Қобилова Уғул Мирзоевна

  Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (26 нафар)

Фаттоҳзода Саймурод Самад

Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло

Бобоҷониён Ранохон Маҳмудзода

Содиқӣ Насиба Нуруллозода

Мансурӣ Дилрабо Сайдулло

Тағойзода Сумангул Саид

Қосимзода Идигул Тағо

Амонулло Хайрулло

Матробиён Саодатшо Қосимзода

Холиқзода Абдураҳим Ғафор

Табарӣ Абдулло Ҳабибулло

Маҳмудов Музаффарҷон Ҷусупович

Идизода Файзалӣ Фузайлшо

Ҷавҳарова Муҷибахон Одиловна

Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода

Ҷӯразода Шарофиддин

Назаров Файзалӣ Насруллоевич

Ҳасанзода Тағоймурод Абдуқодир

Давлатзода Рухсора

Тешаева Сафиямоҳ Саломовна

Дадаҷонова Саёҳат Мамаюсуповна

Амирбекзода Ҳабибулло

Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ

Ҳамдамов Бахтиёр Ортиқович

Ёдгорӣ Фирдавс Юнусзода

Абдуллозода Фариза Саидқул

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (7 нафар)

Қудратов Рустам Раҳматович

Файзуллоев Машраб Қурбоналиевич

Ашуров Ғиёсиддин Маҳмадмуродович

Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афруз Қурбонзода

Ализода Зафар Аҳмадҷон

Раҳимов Абдулатиф Маҷидович

Раззоқов Боҳодур Ҳаётович

Ҳизби демократи Тоҷикистон (4 нафар)

Усмонзода Саидҷаъфар Усмон

Холов Диловар Маҳмудҷонович

Зиёзода Таваралӣ Нозимпур

Мирзоева Зуҳро Акобировна

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (5 нафар)

Зойиров Раҳматилло Ҳомидович

Ҳакимов Шокир Қосимҷонович

Шоназарова Нигина Давлятназаровна

Одинаев Маҳмурод Шарифович

Азизов Қиёмиддин Маликшоевич

Ҳизби коммунистии Тоҷикистон (5 нафар)

Мирасанова Зарагул Боваровна

Мирзоева Қурбонҷон

Ёров Ҳабибулло Изатуллоевич

Ҳамидов Ҳикматулло

Раҳмонов Азизҷон Салмонович.

Ба номзадҳое, ки ба қайд гирифта шуданд, дар давоми се рӯз шаҳодатномаи номзадӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад, — гуфт Бахтиёр Худоёрзода.

Маълум гардид, ки нозирони байналмилалӣ аз Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҳайати 8 нафар ва аз Ҷумҳурии Беларус дар ҳайати 2 нафар аккредитатсия шудаанд. Аккредитатсияи нозирон аз дигар созмонҳои байналмилалӣ идома дорад.

М. УСМОН, «Садои мардум»