1 март – Рӯзи интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ

Ба ӯ метавон эътимод кард

№20 (4126) 13.02.2020

ГиёсиддинМушоҳидаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки аксарият оид ба рисолату ваколати вакили Маҷлиси намояндагон маълумоти кофӣ надошта, то кунун муътақиданд, ки вакил ба онҳо бояд роҳ созад, орду равған ва калӯш диҳад. Намедонанд, ки вакили парлумони касбӣ аз депутатҳои қаблӣ, ки дар баробари намояндаи мардум дар парламент будан, ҳамзамон роҳбарии шаҳру ноҳия ва вазорату идораҳоро ба зимма доштанд, аз замин то осмон фарқ мекунад.

Тибқи муқаррароти қонунгузорӣ, рисолати вакили Маҷлиси намояндагон аз тариқи таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар онҳо иродаи мардум ифода ёфтаааст, ирсоли дархости вакилӣ оид ба ҳалли мушкили интихобкунандагон ба сохторҳои марбута маҳсуб шуда, дар кадом сатҳу сифат иҷро шудани он ба донишу малака ва обрӯву нуфузи вакил рабт дорад.

Вале қисмати бештари интихобкунандагон аз ин марҳилаҳо бехабаранд. Онҳо, ҳамчунин, намедонанд, ки рисолати ду зинаи парлумон мутобиқи талаботи қонуни конститутсионӣ муайян шудааст ва амалӣ намудани орзуҳои мушкили эшон ваколат ва рисолати аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон нест.

Нафарони аз набзи ҷомеа ва рӯйдодҳои ҷаҳони муосир огоҳ хуб медонанд, ки фаъолияти намояндагӣ ва қонунгузорӣ аз самтҳои афзалиятнок дар умури давлатдорӣ маҳсуб меёбад. Ҳарчанд баъзе «коршиносон» мавҷудияти парлумони Тоҷикистонро атрибути давлатдорӣ, ки гӯё фаъолияти начандон муассир дорад, арзёбӣ менамоянд, аммо дар асл ин гуна набуду нест. Аз фаъолияти намояндагӣ ва қонунгузорӣ дар бораи ҳар як давлат, роҷеъ ба дараҷаи демокративу муосирӣ ва тамаддуннокии он баҳо дода мешавад. Хоса, дар шароити кунунӣ, ки бархӯрди манфиатҳо беш аз пеш шиддат ёфта истодааст, масоили ба тавсеаи фаъолияти қонунгузорӣ ва мустаҳкам намудани асосҳои ҳуқуқӣ рабтдошта сатҳу сифати навро касб намудаанд.

Тааҷҷубовар аст, ки баъзе ба ном коршиносон парлумонҳои пурмоҷарои дигар кишварҳоро намунаи ибрат нишон медиҳанд. Парлумонҳои пурхархашаеро, ки ба «шарофаташон» кишварҳои воҳид ва аз лиҳози иқтисодӣ пешрафта ба давлатҳои пароканда табдил ёфтанду иқтисодиёташон фурӯ пошид. Қисме аз ҳудуди чунин давлатҳоро давлати дигар бидуни парронидани тире ба қаламраваш «ҳамроҳ» намуду дар манотиқи дигар задухӯрд идома дорад.

Бегуфтугӯ, аз замони таъсисаш парламенти мамлакат баҳри таҳкими асосҳои давлатдорӣ, таъмини волоияти қонун, густариши муносиботи гуногунҷанба бо созмон ва иттиҳодияҳои байнипарламентӣ фаъолияти шоиста дорад. Муҳим он аст, ки зимни баррасии масъалаҳои ба парламент воридгардида, тамоми махсусияти фаъолияти намояндагӣ ва қонунгузорӣ ба назар гирифта мешавад.

Чун иттилоъ гирифтам, ки Конференсияи муштараки кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ ва шаҳри Панҷакент номзадии Шарифзода Ғиёсиддин Абдуваҳҳобро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии Айнӣ, №22 пешниҳод намудааст, бори дигар муътақид гардидам, ки роҳбарияти ҳизб гавҳаршиносанд.

Ҳарчанд банда солиёни зиёд ин нафарро мешиносаму оид ба поквиҷдонӣ, оштинопазир буданаш бо зуҳуроти манфии ҷомеа, ҳисси баланди худшиносиву ватандӯстиаш аз нафарони касбу кори гуногун зиёд шунидаам, вале ин омил ба ҳеҷ ваҷҳ сабаби асосии рӯйи саҳифа омадани чанд сатри пур аз самимият нест.

Таҳрикбахши иншои ин мавод сатҳи баланди касбияти номбурда, муаррифии шоистааш ба сифати хизматчии давлатӣ, ҳисси баланди меҳандӯстӣ ва масъулиятшиносиву поквиҷдониаш маҳсуб меёбад. Бидуни тардид мегӯям, ки аксарият дар ин ҳавзаи интихоботӣ қаҳрамони матлабро мешиносанду эътимод доранд ва мутманинем, ки пирӯз хоҳад шуд.

Ғиёсиддин Шарифзода 24 декабри соли 1961 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, соли 1984 факултети таърих ва соли 1999 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуда, дар Китобхонаи давлатии миллии ба номи А.Фирдавсӣ, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №19 — и ноҳияи Айнӣ кор кардааст.

Аз соли 1999 то ба имрӯз дар вазифаҳои масъули бахшҳои фарҳангу маориф, аз ҷумла, мудири шуъбаи фарҳанг, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ фаъолияти пурмаҳсул ва поквиҷдонона дорад.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 бо медали «Барои хизмати шоиста» сарфароз гардидааст. «Аълочии маориф» ва «Аълочии фарҳанг», оиладор мебошад.

Номбурда зимни суҳбат иброз дошт, ки муҳаббату садоқат ба Тоҷикистони азиз ва ифтихор аз Ватану ватандорӣ ӯро водор сохтааст то дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон иштирок намояд. Аз мазмуну муҳтавои барномаи пешазинтихоботиаш метавон хулоса кард, ки он аз сиёсати ваҳдатофару созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон маншаъ гирифтааст. Кӯшиш ба харҷ додааст, ки аҳдофи дар барнома инъикос ва муайяншуда воқеӣ, амалишаванда ва орӣ аз шиорпартоиҳои холӣ бошанд.

Ғиёсиддин Шарифзода муътақид аст, ки барои амалӣ намудани тамоми ибтикоре, ки ба нафъи миллату меҳан нигаронида шудаанд, дар кишварамон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Тавре Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, «танҳо ташаб­бускор будан лозим аст ва Ватанро на бо сухан, балки бо қалб дӯст бояд дошт».

Бо дарназардошти ин, баҳри дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати хирадмандонаю сулҳҷӯёна ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи Барномаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» азми қавӣ дорад.

Мавсуф иброз дошт, ки саҳмгузорӣ ҷиҳати таъмини волоияти қонун, болоравии фарҳанги ҳуқуқӣ ва сатҳи маънавиёти шаҳрвандон низ мадди назар хоҳад буд.

Маълум гардид, ки мусоидат ҷиҳати истифодаи оқилонаи захираҳои табиии минтақа бо мақсади саҳмгузорӣ дар иҷрои ҳадафи чоруми стратегии миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат аз аҳдофи созандаи ӯ мебошад. Илова бар ин, дар доираи ваколат ва бо мусоидати вазорату идораҳои дахлдор барои бунёди неругоҳҳои барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон ҷаҳду талош ва мусоидат хоҳад кард.

Истифодаи самараноки захираҳои кони ангишти Канте ва бунёди Маркази барқу гармидиҳӣ дар ин мавзеъ метавонад ба рушди навоҳии водии Зарафшон мусоидат намояд. Аз ин нуқтаи назар, саҳмгузорӣ дар ин самт барояш авлавият муайян шудааст.

Чораандешӣ ҷиҳати ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, бунёди боғҳои нав ва корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, навсозии роҳи мошингарди Айнӣ — Кӯҳистони Мастчоҳ низ аз нукоти муҳими барномаи пешазинтихоботии номзад маҳсуб мешаванд.

Дар робита ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба эълон гардидани солҳои 2020 — 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» Ғиёсиддин Шарифзода нақшаҳои зиёд дорад. Аз ҷумла, масоили баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии минтақа бо утоқҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ, аз ҳолати садамавӣ баровардани муассисаҳои таълимӣ, ҷалби аҳолӣ, соҳибкорон, саховатмандон ба таъмир ва навсозии муассисаҳои соҳаи маориф дар деҳоти минтақа, ривоҷи фаъолияти китобдориву китобхонӣ, ҷалби табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ ба озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ва ташкили китобхонаҳои оммавию шахсӣ дар деҳот дар сархати фаъолияташ қарор хоҳанд дошт. Азбаски қаҳрамони мо таҷрибаи ғании кор дар ин бахшҳоро дорад, метавон гуфт, ки баҳри рушди соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг ва дастгирии ҷавонон низ ибтикори қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоишро амалӣ хоҳад кард

Бовар дорем, ки дар сурати пирӯз шудан дар ин сабқат, номбурда баҳри рушди низоми қонунгузории кишвар дар доираи талаботи мавҷуда, бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ таҳия намудани қонунҳо, ҳимояи манфиатҳои табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, тақвият бахшидани мубориза бар зидди терроризм, экстремизм низ кӯшиш менамояд.

Дар маҷмӯъ, интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии якмандатии Айнӣ, №22 дар симои Ғиёсиддин Шарифзода барои интихоби дурусту муносиб намояндаашон дар парлумон имконият доранд. Мутмаинам, ки чунин имконро аз даст нахоҳанд дод.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»