Баргузории чорабиниҳо вобаста ба маъракаи интихобот

№14 (3315) 31.01.2015

Бо ташаббуси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаҳои якмандатаи интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони ҳалқ бо иштироки раисон, муовинон, котибон ва аъзои комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкаҳои интихоботӣ семинарҳои омӯзишӣ баргузор мегарданд.

Мақсади асосии баргузории семинарҳои омӯзишӣ баланд бардоштани малакаи корбарии аъзои комиссияҳои интихоботӣ, фаҳмонидани мазмуну муҳтавои қонунҳои конститутсионӣ дар бораи интихобот, дастурамалҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҷараёни омодагиҳо ба ин чорабинии муҳими сиёсӣ, дуруст ба роҳ мондани фаъолияти комиссияҳои поёнии интихобот мебошад.

Комиссияҳои интихоботӣ бояд ваколатҳои худро дар асоси талаботи қонунгузории интихоботӣ ба роҳ монда, барои сари вақт омода намудани ҳуҷҷатҳои интихоботӣ, ба итмом расонидани маъракаи барӯйхатгирии интихобкунандагон, дастрас гардонидани хабарномаҳо дар бораи вақт ва ҷойи овоздиҳӣ, мавод оид ба тартиби иштирок дар интихобот ва тарзи нави овоздиҳӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Тавре дар суҳбат бо мо роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуманон Додозода хабар дод, чунин семинарҳои омӯзишӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ баргузор мешаванд. Аз ҷумла аллакай дар шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Қӯрғонтеппа, Вахш, Файзобод, Хуҷанд чунин чорабинӣ баргузор карда шуд.

Дар назди ҳозирин доир ба масъалаҳои гуногуни раванди омодагиҳо ба интихоботи дарпешистода, инчунин фаҳмонидани қонунгузории интихобот аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ менамоянд.

Дар ҷараёни семинарҳои омӯзишӣ ба комиссияҳои интихоботӣ маводи зарурӣ, ба монанди қонунҳои конститутсионӣ, дастурамал, китобчаҳои саволу ҷавоб, буклету плакатҳо дода шуданд.

Баргузории ин чорабинӣ барои шаффоф ва муташаккилона  гузаронидани маъракаи интихобот мусоидат менамояд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»