22 майи соли 2016 - Рӯзи раъйпурсии умумихалқӣ

Дар ҷумҳурӣ 3239 участкаи раъйдиҳӣ амал мекунад

№51 (3531) 19.04.2016

Мусоҳиба бо роҳбари Дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуманон Додозода

СКАНЕР- Омодагӣ ба раъйпурсии умумихалқӣ оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститут­сия­и (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» чӣ гуна ҷараён дорад?

- Бо Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз 15 феврали соли 2016 дар ҷумҳурӣ 68 ҳавзаи раъйпурсӣ таъсис гардид. 24 феврали соли ҷорӣ бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, бо дарназардошти таклифҳои сохторҳои маҳаллии ҳизбҳои сиёсӣ, комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсӣ таъсис ёфтанд.

Нимаи аввали моҳи марти соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бо аъзои комиссияҳои ҳавзавӣ, участкавии раъйпурсӣ ва масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ семинарҳои омӯзишӣ гузаронда шуд, ки охири моҳи равон такроран гузаронида мешаванд.

- Яке аз сохторҳои асосии баргузоркунандаи раъй­пурсӣ комиссияҳои участкавӣ мебошад. Теъдоди онҳо чӣ қадар аст?

- Бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва қарорҳои дахлдори комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсӣ дар ҷумҳурӣ 3239 участкаи раъйпурсӣ таъсис ёфтааст. Инчунин, дар асоси пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар назди сафоратхона ва консулгариҳои Тоҷикистон дар 29 давлати хориҷа 36 участкаи раъйпурсӣ ташкил шудааст.

- Маъракаи тартиб додани рӯйхати раъйдиҳандагон оғоз гардидааст?

- Бале, барӯйхатгирии шаҳрвандоне, ки ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан доранд, оғоз гардид. Шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди участкаҳои раъйпурсӣ доимӣ ё муваққатӣ зиндагӣ мекунанд ва синнашон то рӯзи раъйпурсӣ ба 18 расидааст, ба рӯйхат дохил мешаванд. Сипас, ин рӯйхат 15 рӯз пеш аз раъйпурсӣ, яъне то 7 майи соли 2016, барои шиносоии умумӣ дар биноҳои комиссияҳои участкавӣ насб мегардад. Агар шаҳрванд маълум намояд, ки ному насабаш дар рӯйхат нест ё ғалат навишта шудааст, метавонад барои ислоҳи он бо ариза ба комиссияи участкавии раъйпурсӣ муроҷиат намояд. Комиссияи участкавӣ дар муҳлати се рӯз аризаи шаҳрвандро баррасӣ намуда, аз натиҷаи он қарори дахлдор қабул мекунад. Агар ваҷҳҳои ариза тасдиқи худро ёбанд, дар рӯйхат ислоҳ ворид мешавад. Агар не, комиссияи участкавӣ нусхаи қарори тасдиқкардаи худро ба муаллифи ариза месупорад. Аризадиҳанда ҳуқуқ дорад нисбат ба қарори комиссияи участкавӣ ба комиссияи болоӣ ё ба суд шикоят намояд.

- Киҳо ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан надоранд?

- Тибқи талаботи моддаи 3 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шаҳрвандоне, ки бо ҳукми суд дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ нигоҳ дошта мешаванд ва бо қарори суд ғайри қобили амал эътироф шудаанд, шаҳрвандоне, ки то рӯзи раъйпурсӣ ба синни 18 — солагӣ нарасидаанд, ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан надоранд. Ин ҷо сухан дар бораи он шаҳрвандоне меравад, ки дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адои ҷазои ҷиноятӣ мекунанд. Шаҳрванде, ки бо ҳукми суд шартан маҳкум ё  ҷаримабандӣ шудааст, ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан дорад.

- Доир ба баррасии саривақтии арзу шикоятҳои шаҳрвандон маълумот медодед?

-Тибқи талаботи қонун муҳлати баррасии арзу шикоятҳо се рӯз муайян шудааст ва агар то рӯзи раъйпурсӣ шаш рӯз боқӣ монда бошад, бояд ариза дар рӯзи ба қайд гирифта шуданаш фавран баррасӣ шавад.

Аз натиҷаи баррасии арзу шикоятҳо комиссияҳои раъйпурсӣ қарори асоснок қабул намуда, нусхаи тасдиқшудаи онро ба аризадиҳанда месупоранд. Агар аризадиҳанда аз натиҷаи баррасии ариза ё шикояти худ норозӣ бошад, ҳуқуқ дорад дар муддати даҳ рӯз ба комиссияи болоии раъйпурсӣ ё ба суд муроҷиат кунад. Қарори суд қатъӣ мебошад.

Инчунин, оид ба тартиби баррасии арзу шикоятҳо Дастурамали алоҳида таҳия ва барои маълумоту иҷро ба комиссияҳои ҳавзавию участкавӣ дастрас шудааст.

- Барои фаъолияти босамари комиссияҳои поёнии раъйпурсӣ ва ташкили кори бонизоми онҳо чӣ тадбирҳо андешида шудааст?

Аз ҷониби гурӯҳҳои кории Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ панҷ Дастурамал ва як китобчаи саволу ҷавоб доир ба масъалаҳои гуногуни раванди омодагӣ ва баргузории раъйпурсӣ чоп шуд. Инчунин, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо теъдоди зиёд нашр гардид.

Масъалаи баланд бардоштани малакаи касбӣ ва дониши ҳуқуқии аъзои комиссияҳои поёнии раъйпурсӣ ва баргузор намудани семинарҳои омӯзишӣ бо аъзои комиссияҳои поёнии раъйпурсӣ низ ба ҳамин мақсад равона шудааст.

- Иштироки мушоҳидони миллӣ ва байналмилалиро чӣ гуна ташкил мекунед?

Вазорати корҳои хориҷӣ ба созмонҳои байналмилалӣ, ба монанди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Парлумони Аврупо, Иттиҳоди Аврупо, Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва комиссияҳои марказии интихоботии давлатҳои ИДМ даъватнома фиристодааст.

Ҳамчунин, тибқи талаботи қонунгузории раъйпурсӣ ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳуқуқ доранд, ки мушоҳидони миллии худро таъин намуда, дар ин бора панҷ рӯз пеш аз раъйпурсӣ ба комиссияҳои ҳавзавӣ ба таври хаттӣ хабар диҳанд. Бо ин мақсад, моҳи феврали соли ҷорӣ ба ҳизби сиёсии расман дар ҷумҳурӣ фаъолияткунанда мактуби расмии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ фиристода, дастур дода  шуд, ки на дертар аз 17 майи соли 2016 рӯйхати мушоҳидони худро ба комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсӣ (як нафарӣ дар ҳар як участкаи раъйпурсӣ) пешниҳод намоянд.

- Тартиби пур кардани бюллетени овоздиҳиро, ки масъалаи хеле муҳим аст, шарҳ медодед?

- Дар бюллетени овоздиҳӣ навишта шудааст: «Оё Шумо тағйиру иловаҳоро ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунед?». Барои тасдиқ ё инкор ду намуди ҷавоб — «ҳа» ва «не» пешниҳод шудааст.

Агар овоздиҳанда тарафдори тағйиру иловаҳо ба Конститутсия бошад, калимаи «не»-ро хат мезанад. Дар ин ҳолат калимаи «ҳа» хат зада намешавад ва ин маънои онро дорад, ки шаҳрванд ба тарафдории масъалаи дар раъйпурсӣ гузошташуда овоз додааст. Агар муқобили тағйиру иловаҳо ба Конститутсия бошад, калимаи «ҳа»-ро хат мезанад.

Овоздиҳӣ аз соати 600 оғоз ва то 2000  (ба вақти маҳаллӣ) ба анҷом мерасад.

Ҳар як шаҳрванд бояд худаш овоз диҳад. Ба ҷойи шахси дигар овоз додан манъ аст. Бюллетени овоздиҳӣ аз ҷониби аъзои комиссияи участкавии раъйпурсӣ бо пешниҳоди шиноснома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият дода мешавад.

- Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ то рӯзи баргузории интихобот боз кадом корҳоро бояд ба анҷом расонад?

- Ҳоло Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ шумораи зарурии хабарномаҳоро тайёр намудааст, ки на дертар аз даҳ рӯз пеш аз раъйпурсӣ ба ҳар як раъйдиҳанда расонида мешавад. Инчунин, тибқи талаботи қонун бюллетенҳои овоздиҳӣ низ даҳ рӯз пеш аз раъйпурсӣ ба комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсӣ дастрас мешаванд. Комиссияҳои ҳавзавӣ дар навбати худ се рӯз пеш аз раъйпурсӣ бюллетенҳоро ба комиссияҳои участкавӣ мерасонанд.

Умуман, ҳама тадбир  тибқи Нақшаи чорабиниҳо давра ба давра дар муҳлати пешбинишуда иҷро шуда истодаанд. Мутмаинем, ки раъйпурсии умумихалқӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ, шаффофу озод, демократӣ, тибқи талаботи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва стандартҳои байналмилалӣ баргузор мегардад.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»