ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ҲАМЧУН НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

№127 (3112) 10.10.2013

9 октябри соли 2013 таҳти раёсати раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ҷаласа доир гашт. Дар он масъалаи ба қайд гирфтани номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои Анҷумани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба пешбарии номзадии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардида буд.

Рӯзи 7 октябри соли 2013 ҳуҷҷатҳо ва маводҳои зарурӣ, аз ҷумла бланкаҳо бо имзоҳои интихобкунандагон оид ба дастгирии номзади пешбаригардида ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд.

Маводҳои пешниҳодгардида аз ҷониби масъулони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ мавриди омӯзиш қарор ёфт. Дар натиҷа, маълум гардид, ки ҳуҷҷатҳо ва маводҳои пешниҳодшуда ба талаботи моддаи 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ мебошанд.

Бо назардошти ин бо Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2013 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд.

Ҳамзамон 15 нафар шахсони боэътимод, ки барои бақайдгирӣ ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ пешниҳод гардида буданд, ба сифати шахсони боэътимод барои гузаронидани маъракаи интихоботии номзад, ташвиқот бурдан ва ҳимояи манфиатҳои номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»