ЭРМИНЕ НАГДАЛЯН: «ОМОДАГИҲО ДАР САТҲИ БАЛАНДАНД»

№67 (3547) 24.05.2016

DSC_154422 майи соли 2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раъйпурсӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор шуд. Барои назорати он зиёда аз  120 нафар нозиру мушоҳиди байналмилалӣ аз ИДМ ва Созмони ҳамкории Шанхай ташриф оварданд.

 

Пас аз вохӯрии нозирони байналмилалӣ аз Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва муаллифони тарҳи тағйиру иловаҳои нави Конститутсия имкон пайдо намудем, ки бо роҳбари гурӯҳ, муовини Раиси парлумони Арманистон Эрмине Нагдалян ҳамсуҳбат шавем.

- Таассуроти нахустини шумо аз ҷараёни омодагиҳо ба раъйпурсии умумихалқӣ чӣ гуна аст?

- Гурӯҳи экспертии мо, пеш аз ҳама, лоиҳаи пешниҳодшудаи Конститутсияро омӯхта, баробари ин бо қонунгузории ҷорӣ шинос шуд.

Зимни мулоқот бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров аз рафти омодагӣ ба раъй­пурсӣ маълумоти бештар пайдо кардем.

Ба хулоса омадем, ки дар ­таҳияи қонунҳои нав меъёрҳои ҳуқуқӣ ва байналхалқӣ риоя шудаанд. Таҷрибаи таҳияи қонунҳои нави аз ҷониби парлумони Тоҷикистон барои ҳайати мо намунаи ибрат аст.

- Оё фурсат даст дод, ки дар ҳавзаҳои интихоботӣ бевосита бо ҷараёни омодагиҳо шинос шавед?

- Рӯзи нахустини сафар аз ҳавзаҳои интихоботии шаҳри Душанбе дидан кардем. Фардо аъзои гурӯҳи мо ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ сафар карда, рафти раъйпурсиро бевосита назорат хоҳанд кард.

Бо раиси Комиссияи марказии интихобот  ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар ва аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ дош­тем. Худоёрзода Бахтиёр Тавар моро муфассал аз рафти корҳои то рӯзи раъйпурсӣ дар ҷумҳурӣ ба анҷомрасида шинос намуд.

21 май бо раиси Суди конститутсионӣ ва масъулини дигар идораву вазоратҳо низ вохӯриву мулоқот доштем.

Гурӯҳи нозирони мо ба хулоса омаданд, ки раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд шаффоф, бидуни қонуншиканӣ ва дар  сатҳи баланд доир гардад.

Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»