Халқ гавҳаршинос аст

№ 10.11.2020

Инак, маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти мамлакат ҳам бо ѓалабаи навбатии фарзонафарзанди миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба анҷом расид. Камина бо вуҷуди арҷ гузоштан ба 4 довталаби дигар, ки аз ҳизбҳои сиёсианд, боварии комил доштам, ки овози бештарро маҳз Пешвои миллат соҳиб мешаванд. Зеро 28 сол аст, ки эшон роҳбару пешбарандаи ҷомеаи Тоҷикистон, минҷумла тоҷикони ҷаҳон ҳастанд ва дар тӯли ин солҳо бо хидмати содиқона ба халқу Ватан меҳру муҳаббаташон дар дили ҳар тоҷику тоҷикистонӣ маъво гирифтааст. Баъди интихоботи навбатӣ бори дигар ба ҳикмати мардумӣ «Халқ гавҳаршинос аст» боварӣ ҳосил намудам. Бо чашми сар дидем, ки бо вуҷуди аз хориҷа истода сангпартоиҳои душманони миллати мо дар симои аъзои Ҳизби террористии наҳзати Ислом ва дигар душманон, халқ сиёҳро аз сафед ба хубӣ фарқ кард. Ба андешаи ман дар ин чорабинии сиёсӣ адолат ѓалаба кард. Дигар хел ҳам набояд мешуд. Имрӯз ҳар сокини солимақли кишвар аз заҳмату кӯшишҳои Пешвои муаззам, ки давлатдории миллии тоҷиконро эҳё кард, бохабарем.

Таърих гувоҳ аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар кадом вазъият зимоми роҳбариро ба даст гирифтанду имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бо кушишу эҳтимоми он кас чӣ гуна дар арсаи байналмилалӣ обрӯю эътибор пайдо кард. Албатта ин ба гуфтан осон аст. Аммо, паи ин ибораву ҷумлаҳо чӣ азобу машаққатҳои ҷисмониву руҳонии халқ бо сарварии фарзонафарзандаш ниҳон аст. Пешвои муаззами мо, ҷавонмарди он вақт 40-сола барои вафо кардан ба ваъдааш: сулҳ овардан ба хонадони тоҷик ва баргардонидани ҳар як гурезаи иҷбории тоҷик ҳатто аз ҷони худашон гузашт кардаву барои мулоқот бо роҳбарияти мухолифини тоҷик ба сарзамини ҷангзадаи Афѓонистон рафтанд. Ҳол он ки ҷонибҳои ҷангидаистодаи толибону қувваҳои ҳукуматии Афѓонистон метавонистанд, душмани якдигар пиндошта чархболи Роҳбари давлати моро ба нишон гиранд. Аммо, нияташ, ки нек буд, Худованд он касро дар паноҳи исматаш нигоҳ дошт. Дере нагузашта Пешвои муаззами мо, аниқтараш 27 июни соли 1997 аз Маскав гулдастаи сулҳу амониро ба халқи азизашон тақдим карданд. Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ ҳангоми истиқболи Пешвои тоҷикон бадоҳатан гуфта буданд:

Раҳми Парвардигори мо омад,

Нури Ҳақ бар диёри мо омад.

Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,

Сулҳи деринтизори мо омад. 

Роҷеъ ба кӯшишу заҳмат ва меҳнатҳои шабонарӯзии Пешвои миллат бисёр навиштаему гуфтаем. Аммо, ба андешаи инҷониб ҷонфидоиҳои он касро то ба ҳанӯз ба таври бояду шояд наомӯхтаву дуруст тарѓиб накарда истодаем, ба ҷузъ 2-3 филмҳои ҳуҷҷатие ба таври мухтасар аз зиндагиномаи ин абармарди сиёсат нақл мекунад. Ҳол он ки шарҳу тавзеҳӣ як худи унвони халқ дода-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ лоиқи даҳҳо китобу асарҳост, ки онҳоро бояд таҳия кард. Бигзор мардум, хоса насли наврас бидонад, ки имрӯза ҳаёти хушу хуррамона, осмони софи болои сарамон осон ба даст наомадааст. Фароҳам созандаи он, абармардеанд, ки халқ он касро дӯст медораду эҳтиромаш мекунанд. Далели ин гуфтаҳо боварии халқамон дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбаташон мебошад.

Аслиддин ПӮЛОДОВ,

профессор, доктори илмҳои фалсафа