1 марти соли 2015- интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ

Ӯ халқрову халқ ӯро хуб мешиносад

№24-25 (3325-3326) 20.02.2015

DSC_0676Номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Панҷакент №21 Хисрав Абдуназар ниёз ба муаррифӣ надорад. Зеро мавсуф тӯли чанд соле, ки раиси шаҳри Панҷакент буд, бо амалҳои созандаву ободкорӣ худро ба мардум шиносонид. Яъне, халқ ӯро ва ӯ халқро хуб мешиносад.

Воқеан, нафарони зиёде ба вазифаҳои масъул таъин мешаванду кор мекунанд, аммо на ҳар кадоми аз онҳо дар дилу дидаи мардум ҷой мегиранд. Хисрав Абдуназар аз зумраи камтарин нафароне мебошад, ки бо таъин шудан ба вазифаи раиси шаҳри Панҷакент тамоми кӯшишу ғайраташро пайи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати ободониву созандагӣ, дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ, ба вуҷуд овардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва дар ин замина зиёд кардани шумораи  ҷойҳои нави корӣ, таъмиру тармими роҳҳои дохилишаҳрӣ ва ғайра равона кардааст.

Ба давраи роҳбарии мавсуф рост омадани ҷашни 1150-солагии Маликушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шояд тасодуф аст, зеро ҳар нафари дигар ҳам ба ҷойи ӯ мебуд, ин сана ҷашн гирифта мешуд, аммо дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардидани он, ки роҳбарияти Давлату  Ҳукумат ва меҳмонони зиёди хориҷӣ иштирок карда буданд, ба кордониву меҳнатдӯстии қаҳрамони мо рабт дорад…

Номбурда 29 июли соли 1958 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1975  мактаби таҳсилоти миёнаи умумии  № 25-и шаҳри Душанберо хатм намуда, ба Донишкадаи политехникии Тоҷикистон дохил шуда,   онро соли 1986 бо ихтисоси муҳандис-механик ба итмом расонидааст.

Аз соли 1979 то соли 1981 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ адои хизмат намуда, аз моҳи июли соли 1981 то  моҳи январи соли 1987 дар вазифаҳои челонгари корҳои механикии шуъбаи конструкторӣ, котиби озоди комитети комсомолии  заводи «Тоҷиктекстилмаш»-и шаҳри Душанбе фаъолият кардааст.

Аз моҳи январи соли 1987 то моҳи октябри соли 1988 дар вазифаи инструктори шуъбаи ташкилии комитети Ҳизби коммунистии ноҳияи Роҳи оҳани шаҳри Душанбе, аз моҳи октябри соли 1988 то соли 1991 котиби озоди комитети партиявии Ҳизби коммунистии Иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷиктекстилмаш» фаъолият намуда, солҳои 1991 — 1995  дар вазифаҳои муовини сардори шуъбаи назорати техникӣ, сардори сехи шуъбаи назорати техникӣ, сардори истеҳсолоти чӯянгудозии Иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷиктекстилмаш»  кор кардааст.

Аз моҳи марти соли 1995 то моҳи августи соли 1995 дар вазифаи роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Роҳи оҳани шаҳри Душанбе, аз моҳи августи соли 1995 то моҳи июни соли 1996 дар мансаби муовини раиси ноҳияи Роҳи оҳани шаҳри Душанбе фаъолият кардааст.

Аз моҳи июни соли 1996 то моҳи марти соли 2005 дар вазифаи мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сиёсати кадрҳо, аз моҳи марти соли 2005 то моҳи декабри соли 2006 дар мансаби раиси шаҳри Чкалови вилояти Суғд адои вазифа намудааст.

Аз 18 декабри соли 2006 то феврали соли 2015 дар мансаби раиси шаҳри Панҷакент фаъолият кард. Узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бо Грамотаи фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон, медали 20 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр шуда, дорои рутбаи Мушовири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ба касе пӯшида нест, ки маҳз давоми солҳои 2006-2014 дар Панҷакент ҳазорҳо метр роҳҳои дохилии шаҳр таъмиру тармим гардида, баъд аз таваққуфи чандинсола, аниқтараш пас аз соҳибистиқлол шудани кишварамон, бори аввал сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ авҷи тоза гирифт. Майдони кишти картошка то 2000 гектар зиёд гардида, бунгоҳҳои тиббӣ, мактабу синфхонаҳои нав бунёд шуд. Мавсуф бо дарки масъулият дар пайравӣ ба амалҳои созандагии Роҳбари кишвар пайваста ба бунёди корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати корхонаҳои амалкунанда ва афзоиш додани ҷойҳои корӣ мусоидат намудааст. Рӯйдоди муҳиму хотирмоне, ки на танҳо барои шаҳри Панҷакент, балки барои тамоми Тоҷикистони азизу соҳибистиқлол аҳамияти муҳим дорад, ба истифода додани корхонаи тиллорезӣ аз ҷониби ҶДММ КМ «Зарафшон» мебошад. Ба кор андохтани ин корхона имкон дод, ки боз чандин нафари дигар бо ҷойи кори хуб ва маоши баланд таъмин гардида, ҳамасола то 10 тонна тилло дар он қолабрезӣ шавад ва бо тамғаи кишвари мо ба бозори ҷаҳонӣ барояд.

Ҳангоми таҳияи мавод мо ба барномаи пешазинтихоботии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Панҷакент №21 Хисрав Абдуназар шинос шудем ва муътақид гардидем, ки дар сурати вакил интихоб шудан мавсуф дар доираи ваколатҳояш барои боз ҳам рушд додани тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ҷидду ҷаҳд менамояд. Барномаи номбурда  дар асоси Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон омода шудааст ва он, бо дарназардошти ҷиҳатҳои мусбати таҷрибаи солҳои қаблӣ, ба рушди минбаъдаи ҷамъият мусоидат мекунад.

Барномаи мазкур аз ҳидоятҳои Раиси ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои барномавии ҳизб сарчашма гирифта, баёнгари садоқат ба арзишҳои олии мардуми тоҷик мебошад.

Дар ин барнома мақсадҳо  таври мушаххас инъикос ёфтаанд ва метавон гуфт, ки  на бо ваъдаҳои хушку холии шабеҳ ба «аз осмон ситора овардан»  интихобкунандагонро умедвор мекунад, балки дар он ҳадафҳое  рӯйи қоғаз рехтаанд, ки барои амалӣ  намуданашон имконият ва замина вуҷуд дорад. Хисрав Абдуназар дар ин барнома зикр намудааст, ки мехоҳад, ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳо дар амалӣ шудани якчанд тадбирҳо ширкат намояд. Масалан, яке аз тадбирҳое, ки дар барномаи пешазинтихоботии мавсуф афзалият дорад, ин  «андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати таъмини ғановати Буҷети давлатӣ ва маҳаллӣ тавассути ҷалби сарчашмаҳои истифоданашуда ва баланд бардоштани маърифати андозсупорандагон» мебошад. Ҳадафҳои дигари номбурда воридоти технологияи муосир бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва соҳибкорони ватанӣ ҷиҳати ташкили  корхонаҳои нави хурду миёна ва муҳайё  сохтани ҷойҳои нави корӣ бо маоши арзандаи доимӣ бо мақсади пешгирии муҳоҷирати меҳнатии сокинони кишвар ба хориҷа буда, мусоидат дар таъмини иштироки фаъолонаи соҳибкорони ватанӣ дар ғановати бозори дохилӣ ва фароҳам овардани фазои мусоиди рушди соҳибкории хурду миёна дар минтақаҳои кишвар, густариши шарикии бахшҳои хусусӣ ва давлатӣ аз аҳдофи дигараш аст.

Ба анҷом расонидани таҷдиди шоҳроҳи Айнӣ-Панҷакент, ба истифода додани коргоҳи дуюми ҶДММ КМ «Зарафшон», сохтмони корхонаи фосфорити  Зарафшон дар кони Ревати шаҳри Панҷакент, иктишофи пешакии кони Чорроҳа, сохтмони хатти баландшиддати 220 кВ «Айнӣ – зеристгоҳи Рӯдакӣ», сохтмони зеристгоҳҳои барқии 110 кВ «Қавола» ва «Хамиртеппа», сохтмони НБО-и хурд дар деҳаҳои Падруд, Роғич, Негнот, Киштӯдак,  кашидани хатти барқ ба деҳаҳои Роғич ва Зиндовуд,  сохтмони НБО-и хурди «Зимтӯд», «Тагоби халқ», «Обшор», «Майдонча» ва «Оби борик» мақсадҳое мебошанд, ки Хисрав Абдуназар дар барномаи пешазинтихоботиаш ҷой додааст.

Мавсуф чун солҳои зиёд роҳбари шаҳр буд, аз одитарин мушкилоти аҳолии деҳоти он дарак дорад. Аз ин рӯ, дар барномаи пешазинтихоботиаш ҳамаи онро зикр намуда, барои бартараф кардани мушкилот таҷрибаву малакаашро истифода мебарад. Масалан, идомаи ислоҳоти хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ, обёрӣ намудани заминҳои деҳаҳои Бедак ва Хумгарон, идомаи сохтмони канали Халифа Ҳасан, кандани чоҳи оби нӯшокӣ дар деҳаи Зебон, ташкили корҳо ҷиҳати ба роҳ мондани асппарварӣ  дар хоҷагии деҳқонии ба номи  «Муҳаммадалӣ»,  ташкили фермаҳои хурди бурдоқипарварӣ дар деҳоти «Амондара» ва ба номи Халифа Ҳасан, таъсис додани  озмоишгоҳ барои мубориза бар зидди  касалиҳо ва ҳашароти зараррасони боғу токзор дар деҳоти  ба номи Халифа Ҳасан, «Косатарош», «Сӯҷина» ва «Саразм», ташкил намудани Ассосиатсияи истифодабарандагони об, дастгирии соҳаҳои маориф, тиб ва фарҳанг ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст. Бо истифодаи маблағҳо аз ҳисоби Буҷети давлатӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти иҷроия, инчунин ҷалби сармоя ҷиҳати таъсиси лоиҳаҳои байналмилалӣ ва дастгирии соҳибкорони ватанӣ давоми панҷ соли минбаъда дар бунёди иншооти соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва фарҳанг, аз қабили сохтмони хонаи саломатӣ дар мавзеи навбунёди Деваштич, сохтмони бинои шуъбаи ёрии таъҷилӣ дар беморхонаи марказӣ, таъмир ва тармими шабакаҳои гармидиҳии  беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент, аз таъмири асосӣ баровардани кӯдакистони №7, сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №64 дар деҳаи Рукнобод,  идомаи сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №31, таъмири асосии якчанд  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таъмири бинои мавҷуда ва таҷҳизонидани китобхонаи марказии шаҳри Панҷакент,  сохтмони бинои нави дуошёнаи китобхонаи шаҳрӣ бо толори хониш барои 100 ҷои нишаст, таъмин намудани муассисаҳои фарҳангии деҳаҳо бо асбобҳои мусиқии миллӣ дар мадди назари Хисрав Абдуназар аст. Инчунин азнавсозии хатҳои таъминоти оби нӯшокӣ ва  обу корези маркази шаҳр, гузаронидани хатти оби нӯшокӣ дар деҳаҳои Ҳавзак, Чубот, Хуррамобод, Чорбоғи Нав, Филмандар, гузари Уқобхона, Косатарош,  Муғулони поён, Муғулони боло ва Хӯҷағариб мақсадҳое мебошанд, ки номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Х. Абдуназар барои ноил шудан ба онҳо кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.

Хисрав Абдуназар таҷрибаи кофии кор дар мансабҳои роҳбарикунанда ва намояндагии халқро дорад. Ӯ чанд соли охир узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар баррасӣ ва ҷонибдории  қонунҳои аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулшуда фаъолона иштирок намудааст. Бо доштани чунин таҷриба ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ месазад, ки ба парлумони касбӣ роҳ ёбад.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»