Хатлон. Гурӯҳҳои ихтиёрии ҷавонон корҳои тарғиботӣ мебаранд

№54-55 (3534-3535) 26.04.2016

кмир21 апрели соли 2016 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи васеи ситод оид ба омодагӣ ба раъйпурсии умумихалқӣ баргузор шуд, ки дар он раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар иштирок намуд.

Раиси ситоди вилоятӣ, муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода иброз намуд, ки то 25-уми марти соли равон шумораи раъйдиҳандагон дар вилоят як миллиону 480 ҳазору 597 нафар муайян гардидааст. Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ доир намудани ин маъракаи муҳим аз ҳисоби кормандони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, олимону донишмандон ва фаъолон 132 гурӯҳи тарғиботӣ ташкил шудааст. Ҳамчунин, аз ҳисоби 500 нафар ҷавони фаъолу ташаббускор гурӯҳҳои ихтиёриён таъсис ёфтааст, ки онҳо дар байни ҳамсолон корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд.

Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар қайд намуд, ки бояд ҳар як шахс зарурати иштироки худро дар ин маъракаи сиёсӣ дарк намояд. Тибқи иттилои ӯ, бо ин мақсад Дастурамал оид ба тартиби иштирок  дар раъйпурсии умумихалқӣ таҳия гардидааст.

Дар ҷамъбаст раиси вилоят Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ изҳори боварӣ намуд, ки  ин чорабинии муҳими сиёсӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ барпо мегардад ва раъйдиҳандагон бо эҳсоси баланди масъулият дар он фаъолона иштирок хоҳанд кард.

 Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»