1 марти соли 2015- интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ

Интихоби дуруст ва муносиб

№19 (3320) 12.02.2015

ШариповКонференсияи XX Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода директори идоракунандаи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик», узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Садриддин Шариповро номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Турсунзода №5 пешбарӣ намуд.

Тамоми фаъолияти меҳнатии Садриддин Шарипов бо Заводи алюминийи Тоҷикистон (ҳоло КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик») робита ва пайванди ногусастанӣ дорад. Мавсуф баъд аз хатми муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии №12, воқеъ дар деҳаи бостонӣ ва зебоманзари Қаратоғ, соли 1975 ба факултети металлургияи рангаи Донишгоҳи полтехникии шаҳри Ленинград дохил шуда, онро бо ихтисоси муҳандис-металлург хатм кардааст. Садриддин Шарипов фаъолияти кориашро соли 1982 дар Заводи алюминийи Тоҷикистон ба ҳайси электролизгари намакҳои гудохта оғоз намуда, баъд аз адои хизмат дар сафи Артиши Шӯравӣ, дубора дар ин корхона ба кораш идома бахшид. Ӯ солҳои 1985-1992 устои истеҳсолоти иморати чорум, устои калони иморати панҷуми сехи электролиз, солҳои 1992-1997 ҷонишини сардори шуъбаи истеҳсолию металлургӣ, сардори шуъбаи зикршуда ва сардори сехи электролиз, солҳои 1997-1999 сармуҳандис, солҳои 1999-2003 муовини якуми директор-сармуҳандис, солҳои 2003-2004 муовини директори Заводи алюминийи Тоҷикистон оид ба истеҳсолот буд.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №487 аз 6 декабри соли 2004 директори Заводи алюминийи Тоҷикистон таъин шуда, то соли 2008 ин вазифаро иҷро кард. Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №3 аз 17 январи соли 2008 инҷониб директори идоракунандаи Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» мебошад.

…Барои иштирокчиёни Конференсияи XX Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода масъалаи интихоби номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Турсунзода №5 мушкилӣ пеш наовард, зеро онҳо аллакай барои худ номзадашонро муайян карда буданд: Садриддин Файзиевич Шарипов, директори идоракунандаи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик».

Воқеан, дар шаҳри Турсунзода кӣ ӯро намешиносад ва ё дар борааш чизе намедонад! Роҳбари калонтарин корхонаи саноатии кишвар, шахси таҷрибаандӯхта, ташкилотчӣ, дар муносибат бо кормандону коргарон сахтгиру меҳрубон, ватандӯсту ватанпарвар, ғамхор, донандаи хуби истеҳсолот ва соҳиби бисёр хислатҳои накуи дигари инсонӣ.

Ҳангоме ки вакилони конференсияи ҳизбӣ номзадии Садриддин Шариповро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда, аз боби хидматҳои ӯ сухан мекарданд, ҳамаашон ҳамраъй ба он буданд, ки мавсуф на танҳо дар байни аҳли заҳмати КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик», балки миёни сокинони шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав низ соҳиби обрӯ ва эътибори баланд мебошад.

Раиси кумитаи иттифоқи касабаи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» Салом Назаров зимни суханрониаш Садриддин Шариповро аз ҷумлаи шахсони барӯманду шинохтаи кишвар барои ҳозирин муаррифӣ карда, иброз намуд, ки саҳми мавсуф дар рушди корхонаи бузурги саноатии мамлакат бениҳоят калон буда, ӯ дар ободу зебо гардонидани шаҳри металлургҳо ва деҳоти он низ ҳиссаи сазовор гузоштааст. Бинобар ин, пешбарии Садриддин Шариповро ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоби дуруст ва муносиб арзёбӣ кард.

Барномаи пешазинтихоботии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Садриддин Шарипов тамоми самтҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятии ҷомеаро фаро гирифтааст.

– Ҳадаф ва мавқеи ман ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузорӣ дар амри идомаи корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ барои таъмини рушди босуботи кишварамон мебошад, — мегӯяд Садриддин Файзиевич ва ба суханаш идома медиҳад: — Инак, якчанд рӯз аст, ки бо интихобкунандагон мулоқоту вохӯриҳо мегузаронам. Мушоҳида мекунам, ки бо вуҷуди мушкилоти бамиёномада, мардуми шарифи шаҳри Турсунзода дар арсаи гуногуни ҳаёт садоқатмандона меҳнат мекунанд. Аз ҳама муҳим, онҳо сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо сарварии Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сидқан ҷонибдор мебошанд.

Туфайли сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон созандагию бунёдкорӣ дар кишвар рушди тоза касб кардааст ва ҳамон тавре дар Паёми имсолаи Сарвари давлат таъкид шудааст, комёбиҳо ва дастовардҳои кишварамон нишони саъю талоши Ҳукумат барои некуаҳволии мардум аст.

Дар вохӯриҳоям бо интихобкунандагон аксаран чеҳраҳои шинос ва ошноро мебинам, зеро тамоми фаъолияти меҳнатии то ин вақт анҷомдодаам бо корхонаи шуҳратёри ҷумҳурӣ, ки ҳама бо ифтихор «Шиносномаи миллати тоҷик» ном мебаранд, алоқамандӣ дораду дар шаҳри Турсунзода, агар хато накунам, хонаводае нест, ки бо ин корхона пайвандӣ надошта бошад.

Ман сараввал аз эътимод ва боварии мардум, бахусус аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки вакилонашон дар конференсияи ҳизбӣ маро ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии Турсунзода №5 пешбарӣ карданд, сипосгузорам. Ифтихор дорам, ки дар ин макони одамони шариф кор ва фаъолият дорам. Ҳамеша кӯшиш мекардам ва саъй хоҳам кард, ки ҳамнафас ва ҳамқадами мардуми ин шаҳр ва деҳоти он бошам. Мо, ҳамдиёрон, шоҳиди бунёдкориҳои азим ҳастем ва зиндагии имрӯза тақозо менамояд, ки назар ба имрӯз фардо беҳтар кор кунем.

Дар Парламенти мамлакат ман собиқаи ваколатдори мардум буданро ҳамчун узви Маҷлиси миллӣ соҳиб шудаам ва бо дастгирӣ ва ҷонибдории мардум, агар ваколати вакили Парламенти касбии мамлакатро ноил гардам, бо истифода аз мақоми хеш дар беҳбуди зиндагии мардум саъйи бештар хоҳам кард.

Садриддин Шарипов барномаи пешазинтихоботии хешро мушаххас карда, ният дорад дар сурати вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуданаш, онро батадриҷ ва ҳамвора амалӣ созад.

- Дар бахши ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ ман ҳамчун номзад мусоидат дар таъмини волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, қабули қонунҳое, ки дахлнопазирии ҳаёт ва қадру номуси инсонро ҳимоя месозанд, ширкат дар қабули қонунҳое, ки дастовардҳои демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро ҳимоя менамоянд, эътироф намудани озодандешӣ, такмили арзишҳои волои миллию умумибашарӣ, эҳтироми озодии сухан, ҳамкории ҳамаҷониба бо созмонҳо, ҳизбу ҳаракатҳое, ки равандҳои демократиро ҳимоя намуда, дар пешбурди ҷомеа бо мақсадҳои наҷиб баҳри созандагӣ ва бунёдкорӣ ширкат меварзанд, аз ҷумлаи мақсадҳои хеш меҳисобам,- изҳор медорад номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон ва меафзояд:

- Давлат ва Ҳукумат ба ҳалли масъалаҳои рӯзмарраи иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад ва Парламенти кишвар низ аз ин кор дар канор нест. Дар сурати интихоб шуданам ман кӯшиш менамоям дар таҳия ва пешниҳод намудани лоиҳаҳои қонунҳое, ки ба беҳдошти ҳаёти иҷтимоӣ мусоидат мекунанд, ширкати фаъол намоям, зеро марҳала ба марҳала афзоиш додани маблағгузорӣ барои рушди маориф, тандурустӣ, фарҳанг, дастгирии маъюбону пиронсолон ва оилаҳои камбизоат аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими ҷомеа маҳсуб меёбанд. Расонидани кумаки амалӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ сохтани фаъолияти ин гуна муассисаҳои таълимӣ, мусоидат дар истифодаи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, дастгирии оилаҳои ҷавон низ ба таркиби барномаи ман дохил мешаванд.

-Бо ғамхорӣ ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав ба яке аз минтақаҳои пурқувват ва рушдёбандаи иқтисоди кишвар табдил ёфтаанд, -мегӯяд ҳамсуҳбатам ва илова мекунад, ки бо истифода аз ваколати хеш дар Парламенти касбии мамлакат ба таҳия ва қабули қонунҳое, ки сиёсати иқтисодиро амалӣ мегардонанд ва пешрафти соҳаҳои иқтисодиётро таъмин менамоянд, аҳамияти аввалиндараҷа хоҳам дод. Имрӯз такмили қонунгузорӣ дар соҳаи соҳибкории хурду миёна, фаъолияти сармоягузорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид ба рушди ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ масъалаи басо мубрам аст, зеро мисли дигар кишварҳо, дар ҷумҳурии мо низ ҷойҳои нави корӣ бештар аз ҳама дар корхонаҳои хурду миёна ба вуҷуд меоянд.

Коркарди ашёи хоми соҳаи кишоварзӣ ва ба ин васила, табдил додани ҷумҳурӣ аз кишвари аграрӣ ба кишвари индустриалию аграрӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим буда, дар таъмини амнияти озуқавории кишвар нақши муҳим хоҳад дошт. Рушди боғу токпарварӣ, истеҳсоли анвои меваи ба содирот нигаронидашаванда ва ба соҳаи даромаднок табдил додани соҳаи кишоварзӣ, ки деҳқонони шаҳри Турсунзода дар ин кор таҷрибаи кофӣ андӯхтаанд ва дастранҷи онҳо на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки берун аз он низ харидори зиёд дорад, баёнгари он аст, ки заминаҳои мусоиди ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ баҳри пешрафти тамоми соҳаҳо муҳайё буда, такмили онҳо, бемуҳобо, боиси ба яке аз кишварҳои рушдёфта табдил шудани Тоҷикистони азизамон мегардад.

Садриддин Файзиевич Шарипов марди кору амал аст. Бовар дорад, ки бо дастгирии интихобкунандагон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарафёб мешавад ва тамоми донишу малака ва маҳорати хешро барои рушди босуботи Тоҷикистони азиз равона хоҳад кард.

Абдулмаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»