Интихобкунандагон бо барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо шинос шуданд

№137 (3122) 29.10.2013

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд вохӯрии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон давом дорад.

Дар Коллеҷи техникии ноҳияи Зафаробод бо иштироки интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии Зафаробод № 38 вохӯрӣ доир гардид. Вохӯриро Меҳруддин Шарифов — раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии № 38 ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии 6 нафар номзадро аз ҳизбҳои сиёсӣ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифтааст.

Шоири халқии Тоҷикистон  Аҳмадҷони Раҳматзод — шахси боэътимоди номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз корномаву дастовардҳо ва хислату эҷодкории Эмомалӣ Раҳмон сухан ронд.  Интихобкунандагон дар арсаи байналмилалӣ хеле хуб муаррифӣ гардидани давлати тоҷикон ва дастовардҳои азиму назарраси рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакати моро дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзию сиёсати оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва далели заковати азалию хирадмандии мардуми тоҷик бобати дастгирии иқдомҳои неки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маънидод карданд.

Дар Хонаи фарҳанги маркази ноҳияи Fончӣ вохӯрии интихобкунандагон бо номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков баргузор гардид.

Нахуст назди ҳозирин шахси боэътимоди номзад Мубинҷон Маҳмудов сухан кард. Сипас, номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоил Талбаков аз самтҳои асосии барномаи пешазинтихоботии хеш сухан ронда, аз ҷумла зикр кард, ки бештар ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ такя хоҳад кард ва дар амал ҷорӣ кардани таълиму тарбия ва хизматрасонии тиббии ройгон, таъминоти шаҳрвандон бо ҷойи кор пас аз гирифтани ихтисос ва дастрасии онҳо ба манзили истиқоматӣ, ҳамчунин ба як сол овардани муҳлати хизмати ҷавонон дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нуктаҳои асосии барномаи пешазинтихоботии ӯ мебошанд.

Номзад аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон Толибек Бухориев дар толори мактаби санъати бачагонаи ба номи Дилором Баҳромова бо интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии Конибодом №28 вохӯрӣ доир намуд.

Раиси комиссияи ҳавзавӣ А.Бобоҷонов аз баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ ва моҳияти он дар таҳкими давлатдорӣ ҳарф зада, интихобкунандагонро ба иштироки фаъолона даъват намуд. Баъдан, шахси боэътимоди номзад- муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят М.Аҳмадов оид ба ҳаёт ва фаъолияти Т.Бухориев маълумот дод.

-Барномаи пешазинтихоботии ман таҳти шиори «Зиндагии арзанда — ба ҳар шаҳрванди Тоҷикистон» таҳия гардидааст, — гуфт Т.Бухориев. Сипас, атрофи нуқтаҳои асосии барнома, ки иборат аз бахшҳои сиёсати дохилӣ, байналмилалӣ ва таъмини амният, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, ҳифзи оила, модар ва кӯдак, ҳамчунин ҷавонон иборат буд, сухан ронд.

Дар ин вохӯриҳо нуктаҳои асосии барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо муаррифӣ гардиданд.

Дар охир номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволҳои интихобкунандагон  посух доданд.

 Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»