1 марти соли 2015- интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ

Интихобот муборак, ҳамватанон!

№28-29 (3329-3330) 27.02.2015

Мардуми ватандӯсти Тоҷикистон дар арафаи маъракаи сиёсӣ-интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ қарор доранд. Мо тамоми мардуми сулҳпарвари Тоҷикистони азизамонро ба ин муносибат табрику таҳният мегӯем. Мардуми сарбаланди мо имрӯз дар тамоми гӯшаву канори дунё кор ва фаъолият доранд. Кӯшишу ҳиммати Ҳукумати Тоҷикистон ҳаст, ки ҷавонони мо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои гуногун таҳсил мекунанд. Мо аз мардуми шарифи Тоҷикистон, аз тамоми ҳамдиёрони бурунмарзӣ умед дорем, ки дар ин маъракаи сиёсӣ фаъолона иштирок менамоянд.

Мо ҳама медонем, ки ҳоло технологияи иттилоотӣ хеле пеш рафтааст ва душманони Ватан метавонанд ба воситаи шабакаи Интернет ҳар гуна хабарҳои бардурӯғу буҳтономезро пахш намоянд. Агар мо Ватани худро дӯст дорем, набояд ба чунин иғво дода шавем, зеро фарзанди диёр бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошад.

Ватани азизи мо пас аз талоши зиёд истиқлолият ба даст овард. Ҳоло номи кишвари мо барои тамоми оламиён ошност. Халқи тоҷик аз шумори он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад. Шоири зиндаёди тоҷик Лоиқ Шералӣ беҳуда ибтидои Ватанро аз гаҳвора ва шири поки модар надонистааст:

Ватан cap мешавад аз гаҳвора,

Зи шири поку аз пистони модар.

Ватан cap мешавад аз он тавора,

Ки онро сохта дастони модар.

Ватан беҳбудию беҳрӯзии мост,

Ватан хушномию фирӯзии мост.

Пас, биёед Ватанро дӯст дорем, саҳми худро дар рушди он гузорем. Интихоби мо бояд оқилона бошад ва аз ҳамватанони худ умед дорем, ки дар ин маъракаи сиёсӣ фаъолона иштирок мекунанд.

Зубайд ЁРИБЕКОВ, муовини раиси Ҷамъияти бурунмарзии тоҷикон «Сомон» дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия