Интихобот — омили асосии пешрафти ҷомеа

№124-125 (3109-3110) 05.10.2013

IMG_1872Бо Қарори Ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ  ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум аз 30 августи соли 2013 санаи баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 6 ноябри соли 2013 муқаррар карда шуд. Хабарнигори рӯзнома вобаста ба ин ва дигар масъалаҳои марбут ба ҷараёни омодагӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуманон Додоев суҳбат доир намуд.

- Муҳтарам Абдуманон Махсудович, барои баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварамон кадом заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд?

- Имрӯзҳо ҷомеаи мо дар арафаи чорабинии хеле муҳими сиёсие қарор дорад, ки он аз ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ маданияти баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро ба хотири ободии фардои мамлакат ва наслҳои оянда тақозо мекунад.

Дар доираи муқаррароти Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории амалкунанда, 6 ноябри соли ҷорӣ дар кишвари азизи мо маъракаи муҳими сиёсӣ — интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.

Интихобот барои кишварҳое, ки демократия ва озодандеширо ҳамчун роҳи тараққиёти давлат ва пешбурди ҷомеа пазируфтаанд, як оинаест, ки вазъияти мавҷударо  таври воқеӣ инъикос менамояд. Ҳамзамон бо ин, интихобот ҳамчун падидаи муҳимтарини демократия рӯйдоди муҳими сиёсӣ буда, натиҷаи он рушди минбаъдаи кишварро муайян мекунад.

Кишвари мо тайи солҳои соҳибихтиёрӣ низоми нави интихоботии худро эҷод кард, ки мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ мебошад.

Конститутсия, дар баробари кафолати ҳуқуқу озодиҳои сиёсии шаҳрвандон, инчунин барои баргузории интихоботи демокративу шаффоф заминаи мусоиди ҳуқуқиро муҳайё намуда, иштироки озодонаи мардумро дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлат кафолат медиҳад. Маҳз ба ҳамин хотир яке аз самтҳои афзалиятноки демократикунонии ҷомеа дар Тоҷикистон таъмини изҳори ихтиёрии иродаи халқ ҳангоми баргузории интихобот мебошад.

Тибқи моддаи 27-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шаҳрванд аз синни 18 ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан, интихоб намудан, инчунин аз синни муқаррарнамудаи Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо ҳуқуқи интихоб шуданро дорад».

Таҷрибаи солҳои пешин нишон медиҳад, ки фарҳанги сиёсӣ ва ҳуқуқии интихобкунандагони мо хеле боло рафта, онҳо дар чунин маъракаҳои сиёсӣ бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ иштирок менамоянд.

Зикр кардан ҷоиз аст, ки доир ба масъалаҳои омодагӣ ва  баргузории интихоботи имсола Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ аз 26 апрели соли ҷорӣ аз ҷумла чунин баён намуданд: «…Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, инчунин тамоми субъектҳои раванди интихоботро зарур аст, ки дар ҷараёни омодагӣ ва баргузории интихобот муқаррароти қонунҳои амалкунандаи кишварро ба роҳбарӣ гирифта, барои беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ, дар сатҳи баланди ташкилӣ, ба таври шаффофу демократӣ ва озод баргузор гардидани интихобот тадбирҳои зарурӣ андешанд».

Ин дастури Сарвари давлатро роҳбарият, аъзо ва кормандони дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ сармашқи кор қарор дода, барои дар сатҳи баланди ташкилӣ, шаффоф, мутобиқ ба қонунҳои амалкунанда ва стандартҳои байналмилалӣ баргузор намудани ин чорабинии муҳими сиёсӣ кори муайянро амалӣ менамоянд.

- Ин чорабинии муҳими сиёсӣ аз рӯйи кадом принсипҳои интихоботӣ гузаронида мешавад?

- Принсипҳои гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 3 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар карда шудааст. Тибқи ин моддаи Қонун «шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маъракаи пешазинтихоботӣ ва овоздиҳӣ дар интихоботи Президенти ҷумҳурӣ ихтиёрӣ ва дар асосҳои баробар иштирок мекунанд.

Овоздиҳӣ дар интихоботи Президенти ҷумҳурӣ пинҳонӣ мебошад ва шаҳрвандон онро бевосита амалӣ менамоянд. Ҳар шаҳрванд як овоз дорад.

Назорат ба изҳори иродаи шаҳрвандон мумкин нест».

Вобаста ба принсипи ҳуқуқи умумии интихобот қонунгузор муайян намудааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, қатъи назар аз мансубияташон ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва дороии молумулк, ҳуқуқи интихоб кардан доранд.

Мутобиқи принсипи баробарӣ интихобкунандагон дар интихобот дар асоси баробар иштирок мекунанд ва дар ин маврид низ сарфи назар аз эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ ва вазъи иҷтимоӣ қонунгузор ба ҳар як шахс кафолати амалӣ намудани ҳуқуқи интихоб карданро муҳайё намудааст. Ҳама гуна маҳдудкунии бевосита ва ё бавоситаи ҳуқуқи иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар интихобот манъ аст ва мувофиқи Қонун ҷазо дода мешавад.

Дар асоси принсипи ҳуқуқи бевосита ва бавоситаи интихобот, шаҳрвандон бевосита, яъне  шахсан дар интихобот иштирок намуда, раъйи худро бобати масъалаҳои пешниҳодгардида изҳор мекунанд ё ин ки ба воситаи вакилони худ ин икдомро амалӣ менамоянд. Яъне, интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шаҳрвандон мустақиман сурат мегирад.

Аз рӯйи принсипи овоздиҳии пинҳонӣ овоздиҳӣ дар интихоботи Президенти ҷумҳурӣ пинҳонӣ сурат гирифта, ҳама гуна назорат ва мудохила ба изҳори хоҳишу иродаи шаҳрванд манъ аст. Муайян намудани он ки кадом шахс  чӣ гуна ва ба кӣ овоз додааст, номумкин буда, маълумот дар бораи овозҳои додашуда махфӣ нигоҳ дошта мешаванд.

Принсипи иштироки озод ва ихтиёрӣ дар интихобот маънои онро дорад, ки ҳар шахс бояд раъйашро озодона ва ба таври ихтиёрӣ баён намояд, ба ҷойи дигарон овоз додан мумкин нест.

Мувофиқи принсипи ошкорбаёнӣ омодагӣ ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи комиссияҳои интихоботӣ шаффоф ва ошкоро сурат мегирад.

Комиссияҳои интихобот аз кори худ, аз ташкили ҳавзаҳои интихоботӣ, участкаҳои интихобот, ҳайат, ҷой ва вақти кори комиссияҳои интихоботӣ ба аҳолӣ хабар медиҳанд ва онҳоро бо рӯйхати интихобкунандагон, феҳристи ҳизбҳои сиёсии дар интихобот иштироккунанда шинос мекунанд, дар бораи номзадҳо, натиҷаи овоздиҳӣ ва натиҷаи интихобот маълумот медиҳанд.

Намояндагони воситаҳои ахбори омма низ дар маҷлисҳои комиссияҳои интихобот иштирок карда, дар биноҳои овоздиҳӣ ҳузур дошта метавонанд, рафти тайёрӣ ва гузаронидани интихобот, инчунин қарорҳои комиссияҳои интихоботро инъикос менамоянд.

Ҳамин тариқ, қонунгузории миллии Тоҷикистон принсипҳои мазкурро ҷиҳати амалӣ намудани ҳуқуқи интихоботӣ муқаррар намуда, ба ҳар кас барои озодона истифода бурдан аз ин ҳуқуқҳои конститутсионӣ шароити мусоид ва озод фароҳам оварда шудааст.

- Тибқи талаботи қонунгузории интихоботӣ ҳоло дар мамлакат барои гузаронидани интихобот ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ ташкил шуданд. Дар бораи фаъолияти онҳо маълумот диҳед.

- Боиси зикр аст, ки ташкили ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ яке аз марҳалаҳои аввалин ва хеле муҳими оғози маъракаи омодагиҳо ба баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад.

Тибқи моддаи 7 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкили интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи комиссияҳои  интихоботӣ гузошта мешавад.

Ҳоло барои ташкил ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссияҳои участкавии интихобот оид ба  интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтаанд.

Тибқи моддаи  8 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ин пештар  ҳавзаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ташкил карда шуданд.

Бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз 31 августи соли 2013 дар ҳудуди ҷумҳурӣ 68 ҳавзаи интихоботӣ ташкил карда шуд.

Аз рӯйи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ на дертар аз 45 рӯз пеш аз интихобот ва участкаҳои интихоботӣ аз тарафи Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди раисони шаҳру ноҳияҳо на дертар аз 40 рӯз пеш аз рӯзи интихобот аз ҳисоби  аз 20 то 3000 интихобкунанда дар як участка ташкил карда шуд.

Участкаи интихоботӣ, бо назардошти сарҳадҳои шаҳрҳо, ноҳияҳо бо мақсади фароҳам сохтани шароити ҳар чӣ бештари муносиб барои интихобкунандагон ташкил карда шуд. Участкаҳои интихоботӣ инчунин дар қисмҳои ҳарбӣ  ташкил ва мувофиқи маҳалли воқеъгардидаи қисмҳо ба ҳавзаи интихоботӣ дохил мешаванд.

Участкаҳои интихоботӣ дар дармонгоҳҳо, хонаҳои истироҳат, беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои табобатӣ низ ташкил карда мешаванд. Бинои овоздиҳии ҳар участкаи интихоботиро раиси шаҳр, ноҳия ҷудо мекунад. Дар хориҷи кишвар, дар назди намояндагиҳои Тоҷикистон низ участкаҳои  интихоботӣ ташкил ёфтанд. Дар назар дошта шудааст, ки имсол барои баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб 3200 участкаҳои интихоботӣ ташкил карда шаванд.

Комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот ҳоло ба иҷрои ваколатҳои худ шуруъ намуда, баъди ба вазифа сар кардани Президенти интихобшуда, муҳлати ваколати онҳо хотима меёбад.

- Таъминоти моддӣ-техникии ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ чӣ тавр амалӣ карда мешаванд?

- Тибқи моддаи 5-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» хароҷоти вобаста ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Бо ташаббуси бевоситаи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён имсол бори аввал ба тариқи таъминоти марказонида ҳамаи ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ бо маводи зарурӣ, аз ҷумла бо Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳафт намуд  дастурамал — «Дастурамали комиссияҳои участкавии интихобот», «Дастурамали комиссияҳои ҳавзавии интихобот»,  «Дастурамал оид ба тартиби баррасии арзу шикоятҳо аз ҷониби комиссияҳои интихоботӣ», «Дастурамал оид ба иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дастурамал оид ба иштироки нозирони миллӣ ва байналмилалӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Тавсияҳо барои номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони боэътимоди онҳо ва гурӯҳҳои ташаббускор» ва «Саволу ҷавобҳо вобаста ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин  қуттиҳои калон ва хурди шаффофи овоздиҳӣ, маводи конселярӣ — ручка, қалам, коғаз, ширеш, ҳисобкунак, матои сурх ва ғайра, ҷамъ зиёда аз 20 номгуй мавод дастрас карда мешаванд. Ин кор аллакай оғоз шудааст. Дар ин самт боварии комил дорем, ки ягон мушкилот ё норасойӣ намешавад.

- Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти комиссияҳои участкавӣ сари вақт ва дақиқ тартиб додани рӯйхати интихобкунандагон мебошад. Талаботи қонунро дар ин бора шарҳ диҳед?

- Дар ҳақиқат, ин масъалаи бисёр муҳим мебошад. Муҳимияти ин масъала дар он аст, ки оид ба рӯйхати интихобкунандагон дар қонуни зикргардида фасли алоҳида бо номи «Рӯйхати интихобкунандагон» пешбинӣ шудааст, ки дар фасли 4-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» се модда ба рӯйхати интихобкунандагон бахшида шудааст. Асоси муайянкунандаи шумораи дақиқи интихобкунандагон ин тартиб додани рӯйхати интихобкунандагон аз рӯйи маҳалли истиқомат, дар қисмҳои ҳарбӣ, дар муассисаҳои табобатӣ ва дар назди намояндагиҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар мебошад.

Рӯйхати интихобкунандагон аз тарафи комиссияҳои участкавии интихобот доир ба ҳар участкаи интихоботӣ тартиб дода мешавад. Рӯйхати интихобкунандагон аз рӯйи маҳалли истиқомат дар асоси маълумот дар бораи интихобкунандагон, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо пешниҳод мекунанд, тартиб дода мешавад. Дар ин самти муҳими фаъолият тамоми кӯшиш ба он равона карда мешавад, ки ягон шаҳрванди ҳуқуқи интихоботидошта аз рӯйхат берун намонад, ҳуқуқи конститутсионии онҳо оид ба интихоб кардан маҳдуд ё поймол нашавад.

Аз ин рӯ, ба рӯйхат ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи дар овоздиҳӣ иштирок кардан доранд, дохил карда мешаванд. Ҳангоми тартиб додани рӯйхати интихобкунандагон маълумотҳои зерин дақиқ карда мешаванд: дурустии ному насаб, соли таваллуд ва суроға, шахсоне, ки то рӯзи интихобот 18-сола мешаванд, шахсони вафоткарда аз рӯйхат бароварда мешаванд, шахсоне ки ба таври доимӣ ё муваққатӣ аз маҳалли зисташон баромада рафтаанд, интихобкунандагоне, ки бо сабаби вазъи саломатӣ дар овоздиҳӣ иштирок карда наметавонанд, шаҳрвандоне, ки бо ҳалномаи суд ғайри қобили амал эътироф карда шудаанд, шаҳрвандоне, ки бо ҳукми суд дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доранд ва ҷавононе, ки дар сафи Қувваҳои  Мусаллаҳ адои хизмат мекунанд.

Рӯйхати интихобкунандагон дар участкаҳои интихоботӣ, ки аз рӯйи маҳалли истиқомат тартиб дода шудааст, 15 руз пеш аз овоздиҳӣ, дар дигар участкаҳои интихоботӣ ду рӯз пеш аз овоздиҳӣ барои шиносойии умумӣ пешниҳод карда мешаванд. Аз ҳамаи интихобкунандагон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ҳуқуқҳои қонунии худро амалӣ намуда, бо рӯйхати интихобкунандагон дар участкаҳои интихоботӣ шинос шаванд ва агар маълум намоянд, ки ному насабашон дар рӯйхат нест, аз рӯйхат партофта шудааст, нодуруст ё ғалат навишта шудааст, бо ариза ба комиссияи участкавии интихобот муроҷиат намоянд.

Ариза аз ҷониби комиссияи участкавии интихобот на дертар аз се рӯз аз лаҳзаи ворид шуданаш баррасӣ карда мешавад. Агар ариза дар арафа ва ё дар рӯзи овоздиҳӣ ворид шавад, фавран мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Дар сурати рад кардани ариза комиссияи участкавии интихобот фавран ба аризадиҳанда нусхаи қарори асоснокро дар бораи рад карда шудани аризаи вай медиҳад. Нисбати қарор ба комиссияҳои интихоботии болоӣ ё ба суд шикоят кардан мумкин аст, ки он дар давоми се рӯз, дар арафа ва рӯзи интихобот фавран баррасӣ намуда, қарори қатъӣ қабул мекунад. Дар сурате ки барои аризадиҳанда қарори мусбат қабул карда шавад, комиссияи участкавии интихобот фавран ба рӯйхати интихобкунандагон ислоҳ медарорад.

- Шаҳрвандоне, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ адои хизмат мекунанд, дар беморхонаҳо мебошанд, инчунин шаҳрвандоне, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд, чӣ тавр ба рӯйхат дохил карда мешаванд ва онҳо дар куҷо овоз медиҳанд?

- Рӯйхати интихобкунандагон дар қисмҳои ҳарбӣ ва муассисаҳои табобатӣ дар асоси маълумоте, ки фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ ва роҳбарони муассисаҳои табобатӣ пешниҳод кардаанд, тартиб дода мешавад. Хизматчиёни ҳарбӣ дар қисмҳои ҳарбӣ ва беморони дар беморхона табобатёбанда, дар ҷойи будубоши худ, яъне дар муассисаҳои табобатӣ, овоз медиҳанд.

Рӯйхати интихобкунандагон аз рӯйи участкаҳои интихоботие, ки дар назди намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ ташкил карда шудаанд, дар асоси маълумоти роҳбари намояндагии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷа тартиб дода мешаванд.

Ин масъала зери таваҷҷуҳи доимии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ қарор дорад. Ин корро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ҳанӯз соли гузашта оғоз карда буд. Ба ҳамаи раисони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мактуби расмӣ фиристода, хоҳиш карда шуда буд, ки рӯйхати муҳоҷирони меҳнатиро аз шаҳру ноҳияҳо ба мо пешниҳод намоянд. Ин рӯйхат омода карда шудааст ва Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ, Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ доир ба масъалаи ташкили иштироки ҳар чӣ бештари муҳоҷирони меҳнатӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст.

Зикр кардан бамаврид аст, ки масъалаи ташкили участкаҳои интихоботӣ дар хориҷ аз кишвар дар Вазорати корҳои хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор дошта, тибқи талаботи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ оид ба ин масъала ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ таклиф пешниҳод карда мешавад. Яъне, бо назардошти пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷӣ, бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар давлатҳои хориҷӣ якчанд участкаҳои интихоботӣ ташкил карда мешаванд.

- Вақтҳои охир оид ба имконияти иштироки шахсони барҷомонда, пиронсолон, беморони бистарӣ, маҷрӯҳон, нобиноён дар интихобот ва тарзи овоз додани ин қишри ҷомеа бисёр саволҳо пайдо мешаванд. Оё ин гурӯҳи шаҳрвандон ҳуқуқи дар интихобот иштирок кардан доранд? Агар дошта бошанд, пас онҳо чӣ тавр ва дар куҷо овоз медиҳанд?

- Ин масъаларо қонунгузор возеҳу равшан муайян кардааст. Тибқи моддаи 30 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар мавридҳое ки баъзе интихобкунандагон бо сабаби вазъи саломатӣ наметавонанд ба ҷойи овоздиҳӣ ҳозир шаванд, комиссияи участкавии интихобот бо хоҳиши онҳо метавонад камаш ба ду нафар аъзои комиссия супориш диҳад, ки овоздиҳиро дар ҷойи будубоши он интихобкунандагон ташкил намояд. Теъдоди чунин интихобкунандагонро комиссияҳои участкавӣ пешакӣ муайян карда, рӯйхат тартиб медиҳанд ва ҳуқуқи онҳо оид ба интихоб кардан риоя карда мешавад.

Ё худ интихобкунандагоне, ки наметавонанд мустақилона бюллетенро пур кунанд, масалан интихобкунандагони нобино ҳақ доранд ба ҳуҷраи овоздиҳӣ шахси холисро, ғайр аз аъзои комиссияи участкавӣ, мувофиқи салоҳдиди худ даъват намоянд. Ба ҳар як интихобкунанда, сарфи назар аз вазъи саломатӣ, имконияти маҳдуди ҷисмонидошта дар овоздиҳӣ ҳама шароит фароҳам оварда мешавад. Ба наздикӣ доир ба ин масъала ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ муроҷиати аъзои Ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе ворид шуда буд ва мо ҳангоми баргузории семинарҳои омӯзишӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба шахсони мутасаддӣ тавсия додем, ки участкаҳои интихоботиро асосан дар ошёнаи якуми биноҳо ташкил намуда, барои иштироки ин гуна шахсон шароити зарурӣ муҳайё карда шавад.

- Интихобкунандагоне, ки бо сабабҳои узрнок дар рӯзи интихобот дар ҷойи истиқоматашон ҳузур дошта наметавонанд, онҳо кай ва чӣ тавр дар интихобот овоз медиҳанд. Оё дар қонунгузории ҷумҳурӣ «овоздиҳии пешакӣ» пешбинӣ шудааст ё не?

- Тибқи моддаи 23 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  дар сурате ки интихобкунанда дар давраи байни пешниҳод кардани рӯйхати интихобкунандагон барои шиносойии умумӣ ва рӯзи интихобот ҷойи будубоши худро тағйир медиҳад, комиссияи участкавии интихобот бо хоҳиши интихобкунанда ва бо пешниҳод намудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ба интихобкунанда шаҳодатномаи ҳуқуқи овоздиҳӣ медиҳад. Бо пешниҳоди шаҳодатномаи ҳуқуқи овоздиҳӣ комиссияи участкавии интихобот дар рӯзи овоздиҳӣ интихобкунандаро ба рӯйхати иловагии интихобкунандагон дар участкаи интихоботии маҳалли будубоши вай дохил мекунад ва дар ҳамин участка овоз медиҳад.

Инчунин аз рӯйи моддаи 30 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» интихобкунандагоне, ки наметавонанд дар рӯзи интихобот дар маҳалли истиқомати худ бошанд, метавонанд аз комиссияи участкавии интихоботи маҳалли истиқомати худ варақаи интихоботро талаб кунанд, нисбати номзад ба мансаби Президент қарор қабул кунанд ва варақаи пуркардашудаи интихоботро дар лифофаи баста дар комиссияи участкавии интихобот монанд. Интихобкунанда дар бораи гирифтани варақаи интихобот дар рӯйхати интихобкунандагон имзо мекунад.

- Оё нисбати амал (беамалӣ) аъзои комиссияҳои интихоботӣ ва ё қарори онҳо  шикоят кардан мумкин аст?

- Тибқи моддаи 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» нисбати қарорҳои комиссияҳои интихоботӣ дар давоми даҳ рӯзи баъд аз қабули онҳо ба комиссияи интихоботии болоӣ ё ба суд шикоят кардан мумкин аст.

Нисбати  қарорҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ  ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми даҳ рӯз баъди қабул карда шудани қарор шикоят кардан мумкин аст. Шикоят бояд дар давоми се рӯзи баъди ворид шуданаш, агар то рӯзи интихобот камтар аз шаш рӯз монда бошад, фавран мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Тибқи моддаи 22 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳар шаҳрванд ҳуқуқ дода мешавад, ки дар бораи ба рӯйхат дохил карда нашудан, нодуруст ба рӯйхат дохил кардан ё аз рӯйхат партофтан, инчунин хатоҳое, ки дар рӯйхат дар бораи интихобкунанда ҷой доранд, шикоят кунад. Ариза дар бораи зарурати даровардани ислоҳ ба рӯйхат аз тарафи комиссияи участкавии интихобот дар муддати на дертар аз се рӯз ва дар арафа ва рӯзи овоздиҳӣ фавран мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Дар сурати рад кардани ариза комиссияи участкавии интихобот фавран ба аризадиҳанда нусхаи қарори асоснокро дар бораи рад карда шудани аризаи вай медиҳад. Нисбати қарор ба комиссияи интихоботии болоӣ ё ба суд шикоят кардан мумкин аст, ки он дар давоми се рӯз ва дар арафа ва рӯзи овоздиҳӣ фавран мавриди баррасӣ қарор дода, қарори қатъӣ қабул карда мешавад. Дар сурате ки барои аризадиҳанда қарори мусбат қабул карда шавад, комиссияи участкавии интихобот фавран ба рӯйхати интихобкунандагон ислоҳ медарорад.

Тибқи моддаи 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», агар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бақайдгирии номзадро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рад кунад, дар ин бора  субъектоне, ки ҳуқуқи пешбарии номзадро доранд, ҳуқуқ доранд ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят кунанд. Шикоят дар муҳлати як ҳафта баррасӣ карда мешавад. Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъӣ мебошад.

Инчунин аз рӯйи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» нисбати қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар бораи беэътибор донистани интихобот ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати даҳ рӯз шикоят кардан мумкин аст. Пешниҳоди чунин шикоят танҳо ба номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад.

Мехоҳам суҳбатамонро бо суханони пурмуҳтавои Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки демократию шаффоф баргузор шудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат доданд, ба итмом расонем: «Мо чун ҳамеша ҷонибдори ба таври шаффоф ва ошкор баргузор шудани маъракаи интихобот ҳастем ва ман ҳамчун ҳомии Конститутсия, қонунҳо ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони мамлакат бо масъулияти баланд ва эътимоди комил кафолат медиҳам, ки интихоботи дарпешистода ба таври демократӣ ва озоду одилона баргузор хоҳад шуд».

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»