Интихоботи шаффоф — шаҳодати ҷомеаи мардумсолор

№28 - 29 (4134 - 4135) 03.03.2020

Хусусияти муҳим ва фарқкунандаи интихоботи гузашта он буд, ки баъд аз анҷом ёфтани ҷанги дохилӣ, аввалин бор чунин як чорабинии сиёсии тақдирсоз дар шароити муътадил ва комилан дуруст, яъне, бе иштироки ташкилоти террористии наҳзат, доир гардид. Боиси хурсандист, ки ин дафъа мардум фишори ин неруи табоҳкору тахриботиро эҳсос накарданд ва озодона дар овоздиҳӣ иштирок намуданд.

Мавҷуд набудани наҳзатиҳои террорист имкон дод, ки шароити комилан мусоид барои таъмини шаффофият ва озодона доир кардани интихобот бо иштироки ҳизбҳои сиёсии кишвар таъмин шавад. Масалан, чунин шароити мусоид имкон дод, ки Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон ба интихобот роҳ ёбад.

Хуб дар хотир дорем, ки дар интихоботҳои қаблӣ роҳбарияти ташкилоти террористии наҳзатӣ ба сотсиал — демократҳо фишор меоварданд ва ба онҳо имконияти озодона иштирок кардан дар равандҳои сиёсӣ, аз ҷумла, интихоботҳоро намедоданд. Ҳатто ин дафъа ҳам наҳзатиҳо хос­танд бо пахш кардани изҳорот дар бораи ҷонибдории ҲСДТ онҳоро бадном кунанд.

Хушбахтона, роҳбарияти ҲСДТ бо дарки дурусти воқеият изҳор доштанд, ки ягон иртиботу муносибат ва эҳтиёҷ ба дастгирии террористони наҳзатӣ ва дигар ифротиён надоранд ва ҳамчун ҳизби сиёсии мухолиф дар интихобот ширкат мекунанд. Агар интихобот дар шароити озоду шаффоф доир намегардид, ҳизби мухолиф ба он чӣ гуна роҳ меёфт?

Ҳанӯз аз давраи аввали омодагиҳо ба интихобот, дар натиҷаи фаъолияти ­дурусту қонунии ниҳодҳои дахлдор, шароит фароҳам шуд, ки ҳизбҳои сиёсии кишвар ва номзадҳои алоҳида барои ба қайд гирифтан ва таблиғот аз имкониятҳо истифода бурда тавонанд.

Воситаҳои ахбори оммаи давлатию ғайридавлатӣ азҳоби сиёсиро тарғибу ташвиқ ва коршиносони соҳа аз тариқи барномаҳои телевизионию радиоӣ доир ба мушаххасоти интихоботи парлумонӣ изҳори назар карданд.

Илова бар ин, намояндагони аҳзоби сиёсӣ аз тариқи матбуоти расмӣ ва мус­тақил роҷеъ ба барномаҳои ҳизбӣ ва мушкилоти иҷтимоӣ мусоҳибаҳои ихтисосӣ анҷом доданд. Изҳори назарҳо ва мавқеъгирии роҳбарияти аҳзоби сиёсӣ, ки аз тариқи ВАО мунъакис гардиданд, баёнгари озодии матбуот, таъмини ҳуқуқу озодӣ ва рушди демократияи миллӣ мебошад.

Гузашта аз ин, тавре ки аз гузориши масъулини Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ маълум шуд, ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор гардидани интихоботи парлумонӣ чораҳои зарурӣ андешиданд. Бар асоси моддаи 3 — «Принсипҳои иштироки шаҳрвандон дар интихобот»-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», баробарии шаҳрвандон дар маъракаи интихоботӣ кафолат дода мешавад ва иштирок дар интихобот озод ва ихтиёрӣ мебошад. Ба ғайр аз ин, дар моддаи 5 — и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» интихобкунандагон дар интихобот дар асоси ҳуқуқи баробар иштирок мекунанд. Натиҷаи риояи ин қонун аст, ки ҳар интихобкунанда ва интихобшаванда дар маъракаи интихоботӣ аз ҳуқуқҳои баробар бархӯрдор аст ва бо доштани имконот ва таҷрибаи сиёсӣ, илмӣ ва маданӣ қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ дар ин раванди сиёсӣ озодона ва бидуни мушкил иштирок карданд.

Танҳо чашми муғризонаи бадхоҳони миллату Ватан воқеияти кишварро вобаста ба интихоботи парлумонии доиршуда дида наметавонад. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки бо дурӯғпароканӣ ва дар фазои маҷозӣ паҳн кардани матолиби муғризона дар ҷомеа иғвою ихтилоф барангезанд. Аммо муродашон ҳосил намегардад, зеро ягон далелу асос надоранд. Мардум иштирокчии бевоситаи интихобот буданд ва таъмини демократия, қонуният, озодӣ ва шаффофиятро зимни баргузории он эътироф карданд. Шумораи зиёди нозирони байналмилалӣ низ раванди интихоботро мушоҳида намудаанд.

Чӣ гуфтану чӣ навиштани душманону бадхоҳон муҳим нест. Муҳим он аст, ки интихоботи парлумонӣ муваффақона, яъне, бо риояи талаботи қонун, шаффоф ва озод доир гардид.

Машҳура ВАЗИРОВА, ходими калони илмии АИ ҶТ, номзади илмҳои сиёсӣ