1 март – Рӯзи интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ

Ҳизби коммунистӣ ҳоло ҳам маҳбубият дорад

№19 (4125) 11.02.2020

Мусоҳиба бо раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон (ҲКТ) Мироҷ Абдуллоев

Абдуллоев_Мироч- Муҳтарам Мироҷ Абдуллоев, омодагии ҲКТ ба интихобот чӣ гуна аст?

- Мо ба интихоботи дарпешис­тода омодагии ҷиддӣ гирифтаем. Ба ин хотир, дар ҷумҳурӣ ситоди Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистонро таъсис додем, ки имрӯзҳо амал карда истодааст. Яке аз вазифаҳои он қабул ва таҳлили ҳисоботи аз шаҳру ноҳияҳо расида мебошад, ки дар асоси он хулосаву қарорҳои зарурӣ бароварда мешаванд.

Аз ҲКТ номзадии 10 нафар – 5 нафар аз рӯйхати ягонаи ҳизбӣ ва 5 нафар аз рӯйхати якмандатӣ пешниҳод шудааст. Аз ҷумла, раиси ҳизб аз ҳавзаи якмандатии Муъминобод, № 38 дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат меварзад.

Дар ҷараёни пешбарӣ ва бақайдгирии номзадҳо дастгирии мақомоти маҳаллӣ, участкаҳои интихоботӣ ба хубӣ эҳсос мешуд. Кор дар ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ мувофиқи қонун ва тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот ба роҳ монда шудааст.

- Дар барномаи ҳизб ба кадом масъалаҳо бартарият дода шудааст?

- Барномаи Ҳизби коммунистии Тоҷикистон тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаро фаро мегирад. Ҳадафи асосии он мусоидат ба риояи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон, фароҳам овардани шароити арзанда барои беҳдошти вазъи моддӣ ва маънавӣ, таъмини бехатарии ҳаёти сокинон, пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ, ришвахӯрӣ ва аз байн бурдани иқтисоди пинҳонӣ дар кишвар мебошад. Ҳамчунин, коммунистони Тоҷикистон мубориза бар зидди зуҳуроти номатлубу нангини ҷомеа — ифротгаройӣ, терроризм ва экстремизмро аз вазифаҳои асосӣ медонанд. Зеро ин зуҳурот ба сулҳу ваҳдати ҷомеа таҳдид менамоянд.

Масъалаи таъини нафақаи сазовор, ки ҳадди ақал сабади истеъмолии моҳонаро таъмин карда тавонад ва дар ин доира аз нав дида баромадани меъёри нафақаҳои махсус барои кормандони шоистаи соҳаҳои маорифу фарҳанг, низомиён, ҳифзи ҳуқуқ ва илм аз ҳадафҳои дигари ҲКТ мебошад. Баланд бардоштани мақоми омӯзгорону духтурон ва фароҳам овардани шароити хуб барои онҳо низ аз ҷумлаи масъалаҳоест, ки мо ба он бетараф нестем.

Ба соҳаҳои саноат ва нақлиёт ҳам дар барномаи ҲКТ диққати махсус дода шудааст. Масалан, барқарор кардани робитаҳои истеҳсолӣ бо корхонаҳои ҳамсоҳаи кишварҳои ИДМ, мусоидат ба саноатикунонии босуръати мамлакат, ҷорӣ намудани техноло­гияи муосир бо мақсади коркарди бештари захираҳои табиӣ ва дар ин замина фароҳам сохтани ҷойҳои корӣ, ба моликияти давлатӣ баргардонидани иншооти ғайриқонунӣ хусусигардонидашуда ва иншооте, ки пас аз хусусигардонӣ аз фаъолият мондаанд ё фаъолияти босамар надоранд, аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки дар мавриди ҳаллу фасл шуданашон ба пешрафти ин соҳаҳо мусоидат мекунанд.

Пурзӯр намудани назорат аз болои истифодаи мақсадноки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, бӯстонсаройҳо, боғчаҳо, заминҳои лалмӣ низ дар барномаи ҳизб ҷойгоҳи хос дорад. Мо мухолифи дар заминҳои таъиноти кишоварзӣ бунёд кардани иншоот ва хонаҳои истиқоматӣ мебошем. ҲКТ барои муқаррар кардани имтиёзҳо ба соҳаи кишоварзӣ ва барқароршавии хоҷагиҳои ҷамоавӣ кӯшиш хоҳад кард.

Дар барнома ба соҳаи иқтисод низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардидааст. Ҳизб нақши танзимкунанда ва пешбари давлатро дар он мебинад, ки бо ёрии фишангҳои иқтисодӣ ва механизмҳои дигари дар ихтиёрдошта дар ҷомеа шароите фароҳам гардад, ки истеҳсоли мол фоидаовар ва қонуншиканӣ дар ин соҳа ҷинояти вазнин дониста шавад.

Ба хотири амалӣ намудани ин ҳадафҳо ва саҳми арзанда гузош­тан дар пешрафту тараққиёти ҷомеа ҲКТ саъй мекунад, ки дар интихоботи Маҷлиси намояндагон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ширкати фаъол дошта бошад.

- Дар он минтақае, ки шумо вакил интихоб шуданӣ ҳастед, ҳалли кадом масъалаҳоро дар навбати аввал зарур меҳисобед?

- Ҳавзае, ки ман дар он номзад пешниҳод шудаам — ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Ховалингу Муъминобод асосан аграрӣ мебошанд. Дар навбати аввал, обёрии заминҳое, ки қаблан обёрӣ мешуданду ҳоло ба гӯшаи фаромӯшӣ  рафтаанд ва таъмиру навсозии роҳҳо зарур аст. Албатта, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, хусусан, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаи таъмири роҳҳо дар минтақаи мавриди назар то андозае ҳал шудааст, вале ҳанӯз баъзе минтақаҳои дурдасте мавҷуданд, ки роҳҳои мошингарди онҳо таъмирталабанд. Мо роҷеъ ба ин масъала бо раисони ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Ховалингу Муъминобод суҳбат доштем. Ният дорем, ки барои ҳалли ин масъала ба ҳар се ноҳия ёрии амалӣ расонем.

- Дар интихоботи гузашта ҳамагӣ як нафар аз ҲКТ (аз шаҳри Истаравшан) тавонист ба парлумон роҳ ёбад. Аз интихоботи имсола чӣ интизорӣ доред?

- Мо номзадҳоямонро пешбарӣ кардем. Натиҷаро вақт нишон медиҳад. Бовар дорем, ки аз тарафи интихобкунандагон дастгирӣ меёбем, зеро ҳизби коммунистӣ ҳоло ҳам аз эҳтироми зиёди мардум бархӯрдор аст.

- Ҳадафи ҲКТ-ро аз шомил шудан ба парлумон чӣ гуна шарҳ медиҳед?

- Ҳадафи ҳар як ҳизби сиёсӣ аз шомил шудан ба парлумон, пеш аз ҳама, амалӣ кардани барномааш аст. Татбиқи барномаи ҲКТ барои мардуми кишвар бисёр муфид аст. Дар он ­масъалаҳое зикр шудаанд, ки ҳам барои имрӯз ва ҳам фардои Тоҷикистон заруранд. Он барномаест, ки чандин маротиба дар ҷаласаҳои ҳизбӣ  муҳокима ва баррасӣ шудааст. Масалан, бахшҳои ҳизб дар минтақаҳо ­масъалаҳои ҳалталаби шаҳр ё ноҳияеро, ки он ҷо фаъолият мекунанд, муайян менамоянд. Баъд роҳҳои ҳалли онҳо дар Кумитаи марказӣ аз тарафи мутахассисону олимони аъзои ҳизб омӯхта, пешниҳодҳо карда мешаванд. Ёдовар мешавем, ки олимони варзидае, ба монанди академикҳо Кароматулло Олимов, Собит Неъматуллоев, Ҳайдаршо Пирумшоев, докторҳои илм Муҳаммадқул Ҳазратқулов, Азимҷон Насимов ва дигарон ­аъзои ҲКТ мебошанд.

Яъне, мақсади асосии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, баланд бардоштани некуаҳволии халқ аст, ки мехоҳем тавассути намояндагонамон дар парлумон онро амалӣ  намоем.

Мусоҳиб М. УСМОН, «Садои мардум»