Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон зодаи Истиқлолият аст

№ 11.10.2016

- Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон тӯли бист соли мавҷудияти худ роҳҳои пурпечутобро тай карда, дар ин муддат корҳои муайянеро ба сомон расонид, — қайд намуд раиси ин ҳизб Абдуҳалим Ғаффоров зимни ифтитоҳи  нишасте, ки рӯзи якуми октябр ба муносибати 20 — солагии таъсисёбии ҳизб бахшида шуда буд.

Сарвари ҳизб дар идомаи суханрониаш зикр намуд, ки дар тӯли фаъолияти худ Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар тамоми чорабиниҳои сиёсии мамлакат бевосита иштирок намуда, дар пешрафти ҷомеа саҳми хешро гузоштааст.

Мувофиқи маълумоти номбурда имрӯз беш аз 350 ячейкаи ибтидоии ҲСТ дар шаҳру навоҳии мамлакат амал менамоянд, ки дар маҷмӯъ 21150 нафар аъзо дорад. Сӣ дарсади аъзои ҳизбро ҷавонони то 45 сола ва сӣ дарсадашро занҳо ташкил менамоянд. 35 дарсади аъзои ҳизб дорои маълумоти олӣ мебошанд.

- Ин як неруи зеҳнию сиёсист, ки мо онро пайваста баҳри амалисозии корҳои созандагӣ ва татбиқи нақшаҳои оқилонаи роҳбарияти кишвар  равона хоҳем сохт.

Дар ҷамъомад роҳбарон  ва намояндагони ҳизбҳои сиёсии дар ҷумҳурӣ расман фаъолиятдошта ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

 С. УМАРОВ, «Садои мардум»