КМИР номзади ғайриқонунӣ сабтиномшударо ба қайд нагирифт

№22 (4128) 18.02.2020

DSC_0026 55         копияСенздаҳуми феврали соли равон Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бекор кардани қарори Комиссияи ҳавзавии интихобот доир ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии Ҷалолиддини Балхӣ, №30, аз 6 феврали 2020, № 4 оиди бақайдгирии номзадии Каримов Акмалиддин қарор қабул кард.

Тавре аз Маркази матбуоти КМИР иттилоъ доданд, пас аз омӯхтани қарори комиссияи ҳавзаи мазкур ва ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи А. М. Каримов муайян гардид, ки ҳангоми ба қайд гирифтан синни ӯ ба 30 нарасида будааст. Бинобар ин, қарори Комиссияи ҳавзавӣ бо сабаби ғайриқонунӣ буданаш бекор карда шуд.

А. М. Каримов, ки 30 сентябри 1991 таваллуд шудааст, ба таври худпешбарӣ номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда буд.

М. УСМОН, «Садои мардум»