Мулоқот бо интихобкунандагон

№ 07.10.2020

Чанде пеш дар толори Кохи ба номи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд вохӯрии интихобкунандагон бо номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо баргузор шуд.

Мирзоанвар Ахмедов — шахси боэътимоди номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон ҳозиринро бо барномаи пешазинтихоботии номзад Рустам Латифзода шинос намуда, гуфт, ки масъалаи кам кардани шумораи санҷишҳо дар корхонаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ ва ҷорӣ намудани иҷозати ягона барои фаъолияти соҳибкорӣ бо пешниҳодҳои мушаххас ба миён омадааст, ки он бояд мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шавад.

Ҳамбастагии илм бо истеҳсолот, зиёд намудани маоши омӯзгорону беҳтар кардани корҳои таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ аз масъалаҳое мебошанд, ки зимни муаррифии барномаи пешазинтихоботии номзад аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикис­тон Абдуҳалим Ғаффорзода зикр гардиданд.

Таъмини фаъолияти бонизоми соҳибкорӣ ба воситаи ташкили марказҳои хизмат­расонӣ дар минтақаҳои кишвар, сода гардонидани расмиёти пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, такмили низоми иҷозатдиҳӣ ва санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавқеи асосиро ишғол кардааст, ки онро шахси боэътимод Ҷамшед Ҷӯразода муаррифӣ кард.

Дар барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Рустам Раҳматзода муайян ё таъин намудани фоизи камтарини қарзҳои манзилсозӣ барои оилаҳои серфарзанд, додани кумакпулиҳои мақсаднок аз ҷониби бонкҳои масъули давлатӣ, таъсиси фонди тандурустӣ, аз ҷумла, интиқоли як қисми даромади муассисаҳои тандурустӣ аз хизматрасонии пулакии аҳолӣ ба ин фонд, таъкид шудааст.

Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби коммунистии Тоҷикис­тон Мироҷ Абдуллоев бошад, ташкили ниҳоди давлатӣ ва ғайридавлатӣ барои кафолати таъминоти сӯзишворӣ, нуриҳо, техникаи кишоварзӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ бо нархҳои дастрас бидуни миёнаравро зарур мешуморад.

 Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»