1 март – Рӯзи интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ

Ободониву бунёдкорӣ мароми ӯст

№26 (4132) 27.02.2020

0-02-0a-4936847965c348cde0293620bde32163c9b2c38c7fc601c26695a01cf3da4295_ef557936Дар мамлакат сол то сол ҳаҷми истих­роҷи ангишт зиёд шуда истодааст. Ин имконият медиҳад, ки соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар, аз ҷумла, корхонаю муассисаҳои саноатӣ аз ин намуди сӯзишворӣ васеъ истифода баранд. Аз соли 2018 сарварии КВД «Ангишти Тоҷик»-и Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистонро мутахассиси таҷрибадор Сайфиддин Аслиддинзода ба уҳда дорад.

Ӯ солҳои 2009 — 2014 дар вазифаи муовини директори генералии КВД «Нафтугаз ва ангишт»-и Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон», солҳои 2014 — 2018 ба ҳайси муовини директори генералии КВД «Ангишти Тоҷик» фаъолият кардааст. Қобилияти ташкилотчигӣ ва чашмикордонии Сайфиддин Аслиддинзода аст, ки дар натиҷаи беҳтар кардани шароити кормандони соҳа ва истифода аз техникаи муосир истеҳсоли сӯзишвории барои соҳаҳои энергетикаву саноат муҳим торафт меафзояд. Масалан, дар даврони шӯравӣ дар ҷумҳурӣ соле зиёда аз 300000 тонна ангишт истеҳсол мешуд. Соли 2017 дар ҷумҳурӣ истеҳсоли ангишт 1,7 миллион тоннаро ташкил дод. Ин рақам соли 2019 ба 2 миллиону 27 ҳазор тонна расид. Аз рӯи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботи воқеии солонаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ба ангишт 1,7- 1,8 миллион тонна мебошад. Яъне, дар мамлакат истеҳсоли ангишт талаботи воқеии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳуриро қонеъ месозад. Аз ин рӯ, соли сипаришуда содироти ангишт ба Ӯзбекис­тону Покистон ба роҳ монда шуд. Кош, дар дигар соҳаҳо низ ба чунин дастовард ноил мешудем.

- Ҳанӯз 30 апрели соли 2007 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон чунин дас­тур дода буданд: «Бо назар­дошти захираҳои бойи ангишти мамлакат, ки 4,5 миллиард тоннаро ташкил медиҳад, имкониятҳои ба истифодаи ангишт гузаронидани марказҳои гармидиҳӣ, баъзе корхонаҳо ва таҳияи лоиҳаҳои инвеститсионӣ оид ба сохтмони неругоҳҳои барқӣ бо истифодаи ангишт мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор дода шаванд». Маҳз дастгириҳои Пешвои миллат буд, ки соҳаи истихроҷи ангишт дар мамлакат рӯ ба пешравӣ ниҳод, — мегӯяд Сайфиддин Аслиддинзода.

Ӯ ба ин ақида аст, ки ангишт яке аз захираҳои қадимаву маъмули энергетикӣ ба ҳисоб рафта, дар ҷаҳон харидори зиёд дорад. Хитой, ИМА, Ҳиндустон, Австралия, Россия ва Индонезия бузургтарин кишварҳои истеҳсолкунандаю содироткунандаи ангиштсанг ба шумор мераванд. Тоҷикистон низ метавонад ҳаҷми содироти ангиштро ба Ӯзбекистону Покистон ва Афғонистон зиёд намояд.

Сайфиддин Аслиддинзода дар баробари вазифаи пурмасъулияти сарварӣ солиёни зиёдест, ки дар мактаби сиёсии ҲХДТ обутоб ёфта истодааст. Зеро ба гуфтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, узви ҲХДТ будан на танҳо шараф, балки масъулияти бузург мебошад.

- Масъулияти узви ҲХДТ будан моро водор месозад, ки дар амалисозии ҳадафҳои олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тат­биқи барномаву ҳадафҳои созандаи ҳизб ҳиссагузор бошем, — мегӯяд ӯ.

Чашмикордонӣ, масъулиятшиносӣ ва таҷрибаю малакаи Сайфиддин Аслиддинзодаро ба инобат гирифта, ӯро аз ҳавзаи интихоботии №3 — и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия пешбарӣ намудаанд.

Асоси барномаи пешазинтихоботии ӯ ифодакунандаи Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мебошад. Ин барнома аз шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» маншаъ гирифта, фарогири самтҳои сиёсӣ, маориф, илму фарҳанг, ҷавонону варзиш, иқтисодӣ ва иҷтимоист. Аз ҷумла:

- ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва фаъолияти бомарому самараноки сохторҳои давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ;

- баланд бардоштани шароити иҷтимоии ҷавонон ва истифода бурдани усулҳои навини ҷаҳони муосир ҳамчун омили асосии пешрафт;

- ҷалби ҳамватанон – соҳибкорони бурунмарзӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар;

- таҳияи санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ барои дастгирии оилаҳои ниёзманд, модарони танҳо, кӯдакони ятиму бепарастор;

- таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва баланд бардоштани фарҳанги экологии шаҳрвандон;

- татбиқи барномаҳои шуғли кӯтоҳмуҳлат бо дарназардошти талабот ва манфиатҳои мардону занон, ҷавонон, шахсони маъюб ва дигар гурӯҳҳои иҷтимоӣ;

- вусъат додани корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ноҳия ва рушди сохтмон, аз ҷумла, майдончаҳои варзишӣ, барои аҳолӣ.

Суқроти Ҳаким гуфтааст: «Агар ба инсон баҳо доданӣ шавам, аз ӯ мепурсам, ки чанд китоб хондааст ва чӣ хондааст». Сайфиддин дӯстдори китоб аст. Ғайр аз мутолиаи адабиёти соҳавӣ мутолиаи осори адибони классики тоҷику форсро дӯст медорад. Ин панди Носири Хусрави Қубодиёниро шиори зиндагии хеш кардааст:

Беҳин коре, ки андар зиндагонист,

Накухоҳӣ ба кас, роҳатрасонист.

Ту гар тавфиқ дорӣ, ҳам бар он бош,

Накухоҳу ба кас роҳатрасон бош!

Ба лутфу марҳамат дилҳо нигаҳ дор,

Кас аз дасту забони худ маёзор.

Ба корафтода коромӯз мебош,

Ба ҳар дилсӯхта дилсӯз мебош.

Ин гуна ашхоси кордону ботаҷриба, маърифатноку дурандеш ҳар вазифаю масъулияти базиммагирифтаро софдилона иҷро мекунанд. Аз ин рӯ, боварӣ дорем, ки интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии №3 — и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба Сайфиддин Аслиддинзода барин номзади арзанда раъй медиҳанд.

«Садои мардум»