Омодагӣ ба интихобот-2020 дар сатҳи зарурӣ ҷараён дорад

№152 (4002) 19.12.2019

DSC_0026_55________-kopiyaШонздаҳуми декабри соли ҷорӣ ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омодагӣ ба интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки якуми марти соли 2020 муқаррар шудааст, баргузор гашт.

Дар он масъалаҳои марбут ба омодагӣ ва баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, аз қабили ташкили Маркази матбуоти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, муқаррар намудани тартиби истифодаи воситаҳои ахбори омма дар ташвиқоти пешазинтихоботӣ аз ҷониби номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ, ташкили гурӯҳи корӣ оид ба баррасии арзу шикоятҳо, тасдиқ намудани «Роҳнамо» барои кормандони милитсия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода зикр кард, ки маркази матбуоти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо мақсади инъикоси омодагӣ ва баргузории интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст.

Узви комиссия Носирҷон Салимӣ иброз дошт, ки тартиби истифодаи воситаҳои ахбори омма дар ташвиқоти пешазинтихоботӣ аз ҷониби номзадҳо ба вакилӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, ки аз ҷониби комиссия таҳия шудааст, барои ҳар як ҳизби сиёсӣ то 40 дақиқа ва барои номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихобот то 20 дақиқа вақти ройгонро дар шабакаҳои телевизион ва радиои давлатӣ пешбинӣ намудааст. Тибқи ин тартиб, ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар матбуоти давлатии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ҳуқуқ доранд то 8 саҳифаи дуинтервалии компютерӣ бо шрифти 14 ройгон матолиби ташвиқотӣ чоп намоянд.

Бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо мақсади баррасӣ ва ҳаллу фасли саривақтии арзу шикоятҳо, ки дар давраи омодагӣ ва баргузории интихобот метавонанд аз ҷониби иштирокчиён ба КМИР ворид гарданд, гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Инчунин, ҷиҳати расонидани ёрии амалӣ ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар давраи омодагӣ ва баргузории интихоботи дарпеш­истода мутахассисон, олимони соҳаҳои гуногун ба сифати коршинос ҷалб шудаанд.

Дар ҷаласа, инчунин, «Роҳнамо»-и таҳиякардаи комиссия барои кормандони милитсия қабул гардид. Зикр шуд, ки он барои мусоидати кормандони милитсия ба комиссияҳои дахлдори интихоботӣ дар раванди интихобот ва дахолат накардан ба ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон равона шудааст.

М. УСМОН, «Садои мардум»