Омодагӣ ба интихобот дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

№15 (4121) 01.02.2020

DSC_0026 55         копияДар вилояти Суғд ба маъракаи интихоботи вакилони халқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва Маҷлисҳои маҳаллӣ омодагӣ ҷараён дорад. Раиси Комиссияи вилоятии интихобот ва раъйпурсӣ Муҳаммадҷон Исматдинов доир ба рафти омодагӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ чунин ибрози андеша намуд:

 - Комиссия  иборат аз 13 нафар, ки дар Иҷлосияи 21-уми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд даъвати панҷум интихоб шуда буд, фаъолияташро аз ташкили ҳавзаҳо ва интихоби ҳайати роҳбарикунанда дар онҳо оғоз намуд.

Дар ҳудуди 70 ҳавзаи интихоботӣ 70 комиссияи ҳавзавӣ таъсис дода, бо утоқҳои корӣ ва таҷҳизоти муосир таъмин карда шуд.

Чанде пеш гурӯҳи кории муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ба вилоят ташриф оварда, бо ҷараёни омодагӣ ба интихобот дар шаҳру ноҳияҳо шинос гардид.

Дар 70 ҳавзаи интихоботӣ 1045 комиссияи участкавии интихобот таъсис ёфтааст. Тибқи тағйироти воридшуда, дар ҷараёни баргузории интихоботи имсола комиссияҳои участкавии интихоботӣ дар алоҳидагӣ ташкил карда мешаванд. Бояд гуфт, ки дар интихоботи соли 2015 дар рӯзи овоздиҳӣ дар дохили бино ду комиссияи участкавӣ фаъолият мекард. Дар интихоботи соли 2020 бошад, дар шаҳрҳо се ва дар ноҳияҳо чор комиссияи участкавии интихобот фаъолият хоҳанд кард.  Аз ин рӯ, барои интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ба таври алоҳида комиссияҳои участкавии интихоботӣ ташкил шудаанд.

Дар семинаре, ки 15 январ баргузор шуд, ба раисон ва котибони комиссияҳои ҳавзавӣ, шаҳриву ноҳиявии интихобот Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ва тағйиру иловаҳо ба он дар соли 2019,  тартиби пешбарӣ ва бақайдгирии номзадҳо ба вакилӣ, ҳуҷҷатнигорӣ дар ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ, тартиби  овоздиҳӣ, ҳисоби овозҳо ва муайян кардани натиҷаи интихобот дар участка ва ҳавзаҳои интихоботӣ тавзеҳ дода шуд.

Мувофиқи маълумоти комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоби вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд даъвати шашум, то имрӯз беш аз 200 нафар номзад ба вакилӣ аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ва аз тариқи худпешбарӣ ба комиссияҳои ҳавзавии интихобот ҳуҷҷат пешниҳод намудаанд. Ҳоло омӯзиши ҳуҷҷатҳои онҳо идома дорад.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ, «Садои мардум»

******

Дар Хуҷанд номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ мешаванд

Тибқи иттилои раиси Комиссияи ҳавзавии якмандатаи интихоботии Хуҷанд 13, оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Муъминов пешбарии  номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон идома дорад.

- То ин дам ба комиссияи ҳавзавии якмандатаи ҷумҳуриявӣ қарорҳои Анҷумани Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оид ба пешбарии номзадҳо даст­рас гардидааст. Ҳамчунин, се нафар сокини шаҳр ба тариқи худпешбарӣ номзадиашонро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардаанд. Ҳамаи номзадҳо ба қайд гирифта шудаанд,- гуфт Баҳодур Муъминов.

Қобили зикр аст, ки Комиссияи ҳавзавии якмандатаи интихоботии Хуҷанд 13, оид ба интихоби вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва риояи қонуну меъёрҳои амалкунанда гузаронидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ чораву тадбирҳои мушаххас андешида истодааст. Аз ҷумла, дар ин давра барои баланд бардоштани савияи дониши аъзои участкаҳои интихоботӣ панҷ семинар баргузор гардид. Дар участкаҳои интихоботӣ «Гӯшаҳои интихобкунанда» ташкил ва ҳуҷраҳо бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин шудаанд.

Айни замон барӯйхатгирии интихобкунандагон ба итмом расидааст. Тибқи он, дар маркази маъмурии вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд 103 ҳазору 392 нафар ҳуқуқи овоздиҳиро соҳиб мебошанд. Ҳоло байни аҳолӣ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ҷараён доранд.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ, «Садои мардум»

******

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019-ум 1 марти соли 2020 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ таъин гардидааст. Баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани ин маъракаи сиёсӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омодагӣ ҷараён дорад.

Назар ба иттилои узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфбек Шодмонбеков, дар ВМКБ ду ҳавзаи интихоботӣ вобаста ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагон — ҳавзаҳои интихоботии якмандатии Ванҷ № 40 ва Хоруғ № 41, таъсис ёфтааст.

- Дар ҳудуди вилоят 279 участкаи интихоботӣ ташкил, ҳайати комиссияҳои участкавӣ интихоб ва қароргоҳҳои участкаву ҷойҳои овоздиҳӣ муайян шудаанд. Тамоми маводи барои интихобот зарурӣ то участкаҳои дурдасттарин — ноҳияҳои Мурғоб, Ишкошим ва водии Бартанги ноҳияи Рӯшон дастрас шудааст. Қароргоҳҳои комиссияҳои ҳавзавӣ, участкаҳои интихоботӣ омода ва шароити корӣ барои комиссияҳо фароҳам мебошад.

Коршиносон, аъзои комиссияи марказӣ, намояндагони сохторҳои судӣ барои аъзои комиссияҳои интихоботии вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва участкавӣ семинарҳои омӯзиширо ба роҳ мондаанд.

Баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани ин маъракаи сиёсӣ Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, ҳамчун ниҳоди ташкилкунандаи интихобот, тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ менамояд. Аллакай дастурамалу низомномаҳо, раҳнамо, нақшаи чорабинии тақвимӣ омода ва дастраси шаҳрвандону сохторҳои низоми интихоботӣ гардонда шудааст.

М. ИМОМНАЗАР, «Садои мардум»

******

Имрӯзҳо омодагӣ ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар шаҳру навоҳии мамлакат идома доранд. Масъулин барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ тадбирҳои заруриро андешида истодаанд.

Раиси комиссияи интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Икром Раҳмонов изҳор дошт, ки дар шаҳр 40 ҳавзаи интихоботӣ ва 58 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст.

-  Комиссияи шаҳрии интихобот бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб то ин дам корҳои назаррасро анҷом дод. Аз ҷумла, дар ҳама участкаҳои интихоботӣ варақа, шиору овезаҳо насб ва ҷойҳои махсуси овоздиҳӣ ташкил гардиданд. Ҷараёни омодагӣ ба ин маъракаи муҳим зери назорати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дорад, — гуфт Икром Раҳмонов.

Исломи РАҶАБАЛӢ, «Садои мардум»