1 марти соли 2015- интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ

Омодагӣ вусъат меёбад

№19 (3320) 12.02.2015

Дар ҳудуди ВМКБ ду ҳавзаи якмандатӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- Ванҷ №40 ва Хоруғ №41 таъсис дода шудааст. Ҳайати комиссияҳои ҳавзаҳои мазкур аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ гардидааст. Ҳамзамон дар асоси қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳудуд ва шумораи интихобкунандагони ин ҳавзаҳо муайян шудаанд.

- Дар ҳавзаи якмандатаи интихоботии Хоруғ № 41 панҷ нафар номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд, ки инҳо Акрамшо Фелалиев аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Абдуласан Мамадасанов аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Алим Шерзамонов аз Ҳизби сотсиал – демократи Тоҷикистон, Даринг Ҷаҳонафрӯз Қурбонзода аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, Сайёрамо Замирова бо тариқи худпешбарӣ мебошанд, -мегӯяд раиси комиссияи ҳавзаи якмандатаи интихоботии Хоруғ №41 Давлат Алиназаров.

Тавре Давлат Алиназаров дар идомаи суҳбат гуфт, дар асоси талаботи моддаи 22-юми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  участкаҳои интихоботӣ оид ба интихоби вакилон ба Маҷлиси намояндагон ташкил гардида, маълумот бо зикри ном ва маҳалли ҷойгиршавии онҳо дар матбуоти маҳаллӣ нашр шудааст.

Аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  участкаҳои интихоботӣ бо қонунҳои конститутсионии марбута, дастурҳо ва дигар маводҳои зарурии вобаста бо интихобот таъмин карда шудаанд.

Дар ин муддат комиссияҳо панҷ маротиба ҷаласа гузаронда, нақшаи корӣ ва дигар масъалаҳои ҷориро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Теъдоди умумии интихобкунандагон дар ҳавзаи якмандатаи интихоботии Хоруғ №41  баробар ба  60699 нафар аст.

Айни замон аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Роштқалъа, Мурғоб, Ишкошим ва Шуғнон корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷараён доранд.

Аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои зарурӣ, хабарномаҳо, варақаҳои имзогузорӣ, шаҳодатномаҳои бақайдгирии номзадҳо ва нозирони миллӣ дастраси участкаҳои интихоботӣ  гардидаанд.

Ш.ШОҲҚОСИМОВ,  «Садои мардум»