Рӯзноманигорон аз махсусияти иштирок дар интихобот огоҳ шуданд

№105 (4211) 29.08.2020

unnamedБисту шашуми августи соли равон дар Муассисаи давлатии ­«Академияи ВАО-и Тоҷикистон» бо иштироки намояндагони КМИР ва коршиносон ҷиҳати инъикоси раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои журналистон семинари омӯзишӣ доир гардид.

Дар он 30 нафар журналист аз идораҳои ВАО дар бораи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба интихобот, аз ҷумла, меъёрҳои конститутсионии интихобот, тартиби иштироки намояндагони ВАО-и хориҷӣ ва маҳаллӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пайдо карданд. Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Самадзода аз ҳуқуқ ва уҳдадориҳои рӯзноманигорон дар раванди интихобот ёдовар шуда, зикр кард, ки намояндагони ВАО танҳо пас аз бақайдгирӣ дар КМИР ҳуқуқи инъикоси раванди интихоботро ба даст меоранд. Ӯ, ҳамчунин, доир ба асноди зарурӣ барои бақайдгирии журналистон маълумот дода, гуфт, ки бақайдгирӣ 15 рӯз пеш аз интихобот қатъ мегардад.

Коршинос Муҳаммадӣ Ибодуллоев иброз дошт, ки ҳоло дар баробари ВАО-и анъанавӣ шабакаҳои иҷтимоӣ низ дар паҳну интишори ахбори тоза саҳм мегиранд. Мардум иттилоъро аз шабакаҳои иҷтимоӣ пештар дастрас менамоянд. — Вале, — афзуд ӯ, — ҳангоми истифода аз ахбори шабакаҳои иҷтимоӣ ба сарчашмаи он диққат додан зарур аст, зеро дар фазои маҷозӣ ба даст овардани иттилои дақиқ душвор мебошад. Гоҳо ахборе ҳам пахш мешавад, ки манбаи мушаххас надорад ва хонандаро ба гумроҳӣ мебарад.

Узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирҷон Салимӣ аз фаъолияти журналистон дар раванди интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ки моҳи марти соли равон доир шуд, изҳори қаноатмандӣ карда гуфт:

- Азбаски ҳама як мақсади умумиро пайгирӣ менамоем, бояд фаъолиятро дар раванди маъракаи муҳими сиёсӣ — интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб ба роҳ монем ва ба интихоби шаҳрвандон, бе иснод ва таъсиргузорӣ, эҳтиром гузорем. Бовар дорам, ки интихобот қадами нави мардум ба сӯи ояндаи дурахшон, ободкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ мешавад.

Директори Академияи ВАО-и Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода нақши расонаҳоро дар инъикоси маъракаҳои интихоботӣ муҳим арзёбӣ намуда, аз журналистон даъват ба амал овард, ки вазифаи худро содиқонаву самимона иҷро карда, фаъолиятро дар доираи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқиву касбӣ ба роҳ монанд.

 М. УСМОН, «Садои мардум»