Рашт ба раъйпурсӣ омода аст

№51 (3531) 19.04.2016

урнаДар ноҳияи Рашт барои дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон кор хуб ба роҳ монда шудааст.

- Дар ҳудуди ноҳия як ҳавза ва 67 участкаи раъйпурсӣ ташкил ва ҳайати комиссияҳои участкавӣ тасдиқ шудаанд, — гуфт дар суҳбат раиси Комиссияи ҳавзавии раъйпурсии Рашт №9 Холмаҳмад Ортиқов.

Холмаҳмад Ортиқов афзуд, ки барои кори муназзами комиссияи ҳавзавӣ ду ҳуҷраи корӣ ҷудо шудааст. Ҳамчунин, маркази участкаҳои раъйпурсӣ муайян ва бо маводи зарурӣ таъмин гардидаанд. Комиссияи ҳавзавӣ нақшаи тақвимии худро таҳия ва тасдиқ намуда, дар асоси он фаъолияташро ба роҳ мондааст. Аз ҳисоби аъзои комиссия ва фаъолону зиёиён дар деҳаҳо гурӯҳҳои таблиғотӣ кор бурда истодаанд. Мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ шумораи раъйдиҳандагон дар ноҳияи Рашт 57304 нафарро ташкил медиҳад.

- Итминони комил дорем, ки сокинони ноҳияи Рашт 22 майи соли равон дар раъйпурсӣ фаъолона ширкат меварзанд,- гуфт Х. Ортиқов.

 Диловари МИРЗО, «Садои мардум»