Рустам Қудратов Раиси ҲИИТ интихоб гардид

№151 (4101) 17.12.2019

DSC_1224Якшанбеи гузашта дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Бобоев Анҷумани VII Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон баргузор ва дар он масъалаҳои тасдиқи қарорҳои Шӯрои марказӣ дар бораи ҳайати Шӯрои марказӣ, котиботи ҳизб, сармуҳаррир ва ҳайати таҳририяи рӯзномаи «Иқтисод ва ҳаёт», қабули Барномаи пешазинтихоботии ҲИИТ, инчунин пешниҳоди номзадҳо аз ҳавзаҳои якмандатӣ ва умумиҷумҳуриявӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.

Қайд шуд, ки алҳол шумораи аъзои ҲИИТ зиёда аз 30 ҳазору 600 нафарро ташкил дода, аз ин ҳисоб 25 дарсадро занон ташкил менамоянд, ки бархе аз онҳо раис ва узви раёсати ташкилоти ибтидоӣ дар шаҳру ноҳияанд.

ҲИИТ моҳи октябри соли 2005 таъсис ёфта, дар раванди фаъолият зимни интихоботи парлумонӣ ва президентии Тоҷикистон ширкат варзидааст. Ҳоло он дар 64 шаҳру ноҳия ташкилоти ибтидоӣ дорад.

DSC_0839«3 нафар аъзои ҳизб вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ва 12 нафар вакили маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд интихоб гардиданд», — зикр шуд дар анҷуман.

Инчунин, иттилоъ дода шуд, ки бо ташаббуси ҲИИТ дар Шӯрои ҷамъиятии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои мубрами рӯз ба баррасӣ гузошта шуда, намояндагони ҳизб дар Маҷлиси намояндагон ба тағйи­ру иловаҳои ба баъзе аз қонунҳо воридгардида хулоса пешниҳод намуда, дар баррасии онҳо ширкат варзидаанд.

Дар хотима вакилони анҷуман хоҳиши истеъфои Олимҷон Бобоевро пазируфта, ба ҷояш вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рус­там Қудратовро раис, Машраб Файзуллоевро муовини аввал, Ҳайдар Раҳматзода ва Сарвиноз Маҷидоваро муовинони ӯ интихоб карданд.

Ҳамчунин, рӯйхати номзадҳои эҳтимолӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ дар ҳайати 7 нафар тасдиқ гардид.

«Садои мардум»