Сергей Лебедев, роҳбари гурӯҳи мушоҳидони ИДМ: «Интихобкунандагони Тоҷикистон фаъолнокии баланд нишон доданд»

№28 - 29 (4134 - 4135) 03.03.2020

DSC_1265- Сатҳи баланди омодагӣ дар интихобот, аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон то комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавӣ ба мушоҳида расид, — гуфт зимни  нишасти матбуотӣ роҳбари Гурӯҳи мушоҳидони байналмилалӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) Сергей Лебедев, ки дуюми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир гардид.

Лаҳзаи асосие, ки мушоҳидони байналмилалӣ аз ИДМ ба он таваҷҷуҳ зоҳир карданд, хусусияти ташкилии маъракаи интихобот ва ҷараёни овоздиҳӣ буд.

«Интихобот дар Тоҷикистон ба таври шоиста, дар фазои дӯстӣ ва ором доир гардид. Дар он мушоҳида кардем, ки одамон ба кӣ овоз доданашонро медонистанд. Нозирони байналмилалӣ аз участкаҳо, ки беш аз 3 ҳазор буданд, дидан намуда, таъкид карданд, ки дар ҳама ҷо рӯҳияи дӯстиву оромӣ ҳукмфармо буд», — гуфт Сергей Лебедев ва илова намуд, ки ҷавонон дар ин маъракаи сиёсӣ бисёр фаъолона ширкат варзиданд.

Роҳбари гурӯҳи мушоҳидони ИДМ Сергей Лебедев, инчунин, ба хабарнигорон изҳор дошт, ки интихобкунандагон фаъолнокии баланд нишон дода, вакилонро на фақат дар  ҷумҳурӣ, балки берун аз он, аз ҷумла, дар 30 кишвари  дигари ҷаҳон, ки сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар онҳо мавҷуданд, интихоб намуданд. Аз ҷумла, дар Федератсияи Россия, ки участкаҳои интихоботӣ дар панҷ шаҳр – Екатеринбург, Москва, Новосибирск, Санкт-Петербург ва Уфа таъсис гардида буданд.

Бояд тазаккур дод, ки аъзои Миссияи мушоҳидони байналмилалии ИДМ аз 41 участкаи интихоботӣ дидан карданд. Барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани интихобот ва таъмини шаффофияти он 230 мушоҳиди байналмилалӣ аз Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Кумитаи иҷроияи ИДМ, Ҷумҳурии Беларус ва корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон номнавис гардида буданд.

«Садои мардум»