Суғд. Интихобот муташаккилона гузашт

№ 12.10.2020

 1Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муташаккилона ва бо дарку маърифати моҳияти ин маърака баргузор гардид.

Соати 6-и субҳ дарҳои участкаҳои овоздиҳӣ бо риояи қатъии беҳдоштиву санитарӣ ва талаботу меъёрҳои интихобот боз буданд. Мо дар чанд ҳавзаву участка ҷараёни баргузории интихоботро  мушоҳида кардем.

Хуҷанд. Дар маркази маъмурии вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд дар 64 участка интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рӯҳияи идона оғоз гардид. Интихобкунандагон аз аввали субҳ ба участкаҳои интихоботӣ омада, дар овоздиҳӣ иштирок ва бо ҳамин қарзи шаҳрвандиашонро адо мекарданд.

-Дар шаҳр 103685 нафар интихобкунанда ба қайд гирифта шудааст, ки 1664 нафарашон маротибаи аввал дар маъракаи интихобот иштирок карданд,-гуфт раиси ҳавзаи интихоботии «Хуҷанд, 26», Баҳодур Мӯъминов.

Дар участкаи интихоботии №37, воқеъ дар бинои МТМУ№14, мо бо вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят Илҳом Пӯлодзода ҳамсуҳбат шудем:

-Табъатон болида, менамояд ба фикрам, ба номзади дилхоҳатон аллакай овоз додаед?

-Табъам аз иштироки фаъолонаи мардум дар ин маъракаи сиёсӣ болида гардид. Чанд чеҳраи шинос ва устодонро вохӯрда, аз дидорашон шод шудам. Охир, мо бояд аз чунин тинҷу осудагӣ шукргузор бошему нафъи халқу Ватан ва баҳри  ободии фардои он заҳмат кашем. Беҳуда Пешвои муаззам намегӯянд: «Ватани моро ба ҷуз худамон каси дигар обод намекунад»

Тибқи маълумоти раиси участка Шаҳло Шарифова, дар ин ҷо аз 2 301 интихобкунанда то соати 1400 - 78 фоиз овоз додаанд. Дар овоздиҳӣ иштирок карда буданд.

Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров. Ҳавзаи интихоботии Б.Ғафуров, 36, бино ба иттилои раиси ҳавза Абдурауф Муллобоев, 214547 интихобкунанда дорад, ки дар 96 участкаи интихоботӣ бояд овоз диҳанд. Аз ин ҳисоб 5223 нафар бори нахуст дар чунин маърака ширкат хоҳанд варзид.

Тавре мушоҳида кардем, то соати 800 субҳ беш аз 30 дарсади интихобкунандагон дар назди қуттиҳои овоздиҳӣ ҳозир буданд. Аксари участкаҳои интихоботӣ дар муассисаҳои таълимӣ ҷойгиранд. Мо ба яке аз онҳо — МТМУ №15 омадем.

-Дар участкаи мо 2993 нафар интихобкунанда ба қайд гирифта шудааст,-гуфт раиси он, сарвари МТМУ №15 Баҳром Ашӯрматов ва афзуд: нахустин шуда, овози худро ба тарафдории номзади арзанда собиқадори хизмати давлатӣ Саидбой Зокирови 70 — сола доданд. Аз қатори ҷавонони навхат Рухшона Сатторова — донишҷӯи ДДХ низ аввалин шуда  овоз дод. Мо ӯро бо иштироки нахустинаш дар ин маъракаи сиёсӣ табрик гуфтем.

Ба назди интихобкунанда-собиқадори соҳаи маориф, Аълочии маорифи халқи СССР Омина Мирзохоноваи 87 — сола, ки бемори бистарӣ аст, масъулони участка-Мукаррама Сангинова ва Манзурахон Қаюмова бо қуттии сайёри ҳозир шуданд. оварданд. Муаллима бо шукргузорӣ аз умри сипарикардааш ва дуои нек дар ҳаққи халқу Ватан  ба тарафдории номзади интихобкардааш раъй дод.

Ноҳияи Ҷаббор Расулов. Ҳавзаи интихоботии Ҷаббор Расулов, 42-ро оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маротибаи дуюм аст, ки устоди Коллеҷи техникии ноҳия Садриддин Раҳматуллоев раисӣ мекунад.

-Дар ҳавзаи мо 81 397 нафар ба қайд гирифта шудааст, ки 1011 нафари онҳо бори нахуст дар овоздиҳӣ иштирок мекунанд. Дар 43 участкаи интихоботӣ ҷараёни овоздиҳӣ бо риояи қатъии меъёру талабот, аз ҷумла таъмини бехатарӣ аз сироятёбӣ ба касалиҳо сурат гирифта истодааст. Мо бо дастгирии МИҲД-и ноҳия, хоса, раиси он Тоҳир Қудратзода, кӯшидем, ки интихобкунандагон рӯҳияи болида дошта бошанд. Аз ин ҷост, ки мусиқиву суруд ба васфи Ватани маҳбуб ва ҳаёти хушбахтона аз субҳ дар тамоми участкаҳо садо медоданд. Бо дарназардошти он ки бо ташаббуси Пешвои миллат солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудааст, қарор додем дар даромадгоҳи ҳар як участкаи интихоботӣ намоиши маҳсули дасти ҳунармандони ноҳияро ташкил кунем, — гуфт ӯ ва барои исботи иддаояш моро ба участкаи интихоботии №30, воқеъ дар Гимназияи №1-и ноҳия, овард.

Воқеан ҳам, дар ин участкаи интихоботӣ садои мутантани мусиқиву суруд бахшида ба васфи Ватани маҳбубамон — Тоҷикистон танинандоз буд ва интихобкунандагон бо майлу рағбат маҳсули ҳунарҳои мардумии ҳамдеҳаҳояшонро тамошо мекарданд.

Дар ноҳияи ба номи Ҷаббор Расулов то соати 1100 45,9 дарсади интихобкунандагон ба тарафдории номзади писандидаашон овоз дода буданд.

Спитамен. Замоне мо ба ноҳияи Спитамен расидем, ки ақрабаки соат 12-ро нишон медод. Раиси ҳавза Баҳодур Мамадализода бо ҳамроҳии гурӯҳи корӣ саргарми ҷамъоварии маълумот аз ҷараёни иштироки интихобкунандагон буданд.

-Рафти иштироки мардум дар интихобот хуб аст,-гуфт Б.Мамадализода ва идома бахшид:

-Аз рӯи маълумоти чанде пеш гирифтаамон, аз 74 292 нафар интихобкунанда 54 283 нафар ба 35 участкаи интихоботӣ омада, овози худро ба тарафдории номзади арзандаашон додаанд.

Мо интихобан ба участкаи интихоботии №4 омадем, ки он воқеъ дар Қасри фарҳанги ноҳия буд. Раиси участкаи интихоботӣ сарвари литсеи №1-и ноҳия Малоҳатхон Бекмуродова будааст.

-Аз 2236 нафар интихобкунанда 21 нафар бори авввал дар маъракаи интихобот иштирок мекунанд,-гуфт Малоҳат Бекмуродова.

- Субҳи барвақт, аллакай, анбӯҳи интихобкунандагон дар назди даромадгоҳ ҷамъ омада буданд, то ки бо иштирок дар интихобот қарзи шаҳрвандии худро адо намоянд.

Бино ба гуфти раиси участкаи интихоботии мазкур М. Бекмуродова, нахустин шуда, пирони барнодили ин маҳал — Нодир Мирзоеви 78 — сола ва Дилором Нарзуллоеваи 72 — сола ба ҷонибдории тинҷиву амонии кишвар, ояндаи дурахшони он овоз доданд.

Бино ба маълумоти масъулони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вилояти Суғд 1 550 ҳазор нафар шаҳрвандон ҳуқуқи ширкат дар интихоботро доштанд, ки 30 ҳазор нафари онҳо бори нахуст дар чунин маъракаи муҳими сиёсиву сарнавиштсоз иштирок карданд.   

Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар шаҳру навоҳии вилояти Суғд- Ашту Конибодом, Исфараву Зафаробод, Мастчоҳу Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ низ муташаккилона, бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи имрӯза баргузор гардид.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»