Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия зарурати сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ дорад

№57 (3537) 30.04.2016

Чанде пеш дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи корӣ доир ба омодагӣ ба раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Онро Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ дошта, ҳадафи меҳварии он таъмини зиндагии шоистаи сокинони кишвар мебошад.

Сипас, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, раисони участкаҳои интихоботӣ, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия ва фаъолон андешаронӣ намуданд.

Аз ҷумла, қайд шуд, ки дар вилоят як миллиону 370 ҳазор нафар дар 18 ҳавза ва 923 участкаи интихоботӣ раъй хоҳанд дод. Аз ин теъдод 40 ҳазор нафар бори нахуст овоз медиҳанд.

 Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум»