Талаботи ягона ҷиҳати баробарии шохаҳои ҳокимияти давлатӣ

№49 (3529) 14.04.2016

коллажКонститутсия санади муҳими сиёсӣ, ҳуҷҷати тақдирсоз ва ифодагари азму иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон аст, ки дар марҳилаи хеле мураккабу сарнавиштсози ташаккулёбии давлатдории миллиамон қабул гардид. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд:  «Бе қабули Конститутсияи нав ва дар асоси он муайян намудани сиёсати ҳуқуқии кишвар ва барқарор намудани сохторҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ пешравии ҷомеаро таъмин кардан, муайян намудани сиёсати мутавозини дохиливу хориҷӣ ва ҳимояи манфиатҳои сиёсиву иқтисодии кишвар ғайриимкон буда, давлат ва ҷомеаи мо дар ҳар қадам ба душвориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавӣ рӯ ба рӯ мегардад».

 Қобили қайд аст, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия қисми ҷудонашавандаи амалия ва таҷрибаи конститутсионии ҷомеаи ҷаҳон мебошад. Ин аст, ки дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон таҷрибаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ҷой дорад.

Бинобар ин, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд. Субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар таҳия ва пешниҳоди тағйиру иловаҳои мазкур аз назария ва амалияи пешқадамтарин кишварҳои ҷаҳон дар риштаи ҳуқуқу қонунгузорӣ истифода бурдаанд. Мехостам роҷеъ ба баъзе  аз ин тағйиру иловаҳо фикри худро баён намоям.

Ба моддаи 1-уми Конститутсия қисми нав, яъне қисми дуюм, илова карда мешавад, ки мутобиқи он шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад. Иловаи мазкур Конститутсияро боз ҳам мукаммал гардонида, шакли идоракуниро мушаххас мекунад. Президентӣ будани шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро ҳама медонанд. Вале дар матни Конс­титутсия ин ҳолат дарҷ наёфтааст, илова бар ин, дар моддаи 100-уми Конститутсия тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ нишон дода шудааст, вале тавре дар боло қайд намудем, худи шакли идоракунӣ возеҳ нишон дода нашуда буд.

Моддаи 15-уми Конститутсия, ки масъалаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим менамояд, такмил дода мешавад. Мувофиқи  матни амалкунандаи ин модда, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе ҳисоб меёбад, ки дар рӯзи қабули Конститутсия шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад. Дар ин маврид баъзе нофаҳмиҳо оид ба ҳолатҳои дигари соҳиб гардидан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд меомад, ҳарчанд ки масъалаҳои соҳиб гардидан ба шаҳрвандӣ дар қонунгузории соҳавӣ муқаррар гардида буд. Бинобар муҳим будани ин масъала, зарурати дар сатҳи Конститутсия муқаррар намудани дигар ҳолатҳои соҳиб гардидан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омад. Акнун тағйироти ба моддаи 15-уми Конститутсия воридшаванда ҳамаи паҳлуҳои соҳиб гардидан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мушаххас менамояд.

Тағйиру иловаҳои дигаре, ки ба моддаҳои 49 ва 65-уми Конститутсия ворид мегарданд, ба ҷавонон шароит муҳайё месозанд, ки дар интихобот ба мақомоти ҳокимияти қонунгузор ва идоракунии давлатӣ ширкати фаъолона дошта бошанд.

Тағйироти муҳиме, ки ба моддаҳои 49, 65, 73, 85 ва 89-уми Конститутсия ворид карда мешаванд, талаботи ягона ҷиҳати таъмини баробарии се шохаи ҳокимияти давлатӣ — қонунгузор, иҷроия ва судӣ муқаррар карда мешавад. Мутобиқи тағйироти мазкур, ба вазифаҳои масъулиятноки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳокимияти судӣ шахсоне интихоб ё таъин карда  мешаванд, ки бояд танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дош­та бошанд. Талаботи мазкур ба ниҳоят муҳим будани вазифаҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ, мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ ва амнияти давлат вобаста аст.

Тағйироти дигари муҳиме, ки ба моддаҳои мазкур ва дар муқаррароти интиқолии Конститутсия ворид мегардад, ин савганд ёд кардани шахсони мансабдори дар боло зикргардида мебошад, ки тибқи ин тағйиру иловаҳо, аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Ҳукумат баъд аз қабули «Тағйи­ру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия ва қонунҳои конститутсионӣ савганд ёд мекунанд. Меъёри пешниҳодгардида ба аҳамиятнок будани  мансабҳо дар мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ асос ёфта, ба ин васила масъулиятнокии ин шахсони мансабдорро дучанд менамояд.

Қисми сеюми моддаи 51 такмил дода шудааст, ки тибқи он дар баробари эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд, қатъи шаҳрвандӣ, инчунин соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар боиси қатъ гардидани ваколати узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.

Мутобиқи тағйироти қисми якуми моддаи 78, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро раиси вилоят, шаҳр ва ноҳия роҳбарӣ менамояд. Дар ин робита, аз қисми якуми моддаи мазкур калимаҳои «намояндаи Президент» хориҷ карда мешаванд.

Дар маҷмӯъ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикис­тон талаби замон буда, мазмуну муҳтавои онро таҳкиму тақвият мебахшад.

 Фирӯз Холов, мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон