Тамдиди муҳлати ҷамъоварии имзоҳо

№126 (3111) 08.10.2013

7 октябри соли 2013 таҳти раёсати раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ҷаласа баргузор гардид. Дар он масъалаи тамдид намудани муҳлати ҷамъоварии имзои  шаҳрвандон  ба тарафдории номзадҳои ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбаригардида баррасӣ гардид.

Мувофиқи гузориши Роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуманон Додоев муҳлати ҷамъоварии имзоҳо, ки бо Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2013 таҳти №39 муқаррар гардидааст, имрӯз, яъне 7 октябри соли ҷорӣ ба охир мерасад.

Баъзе ҳизбҳои сиёсӣ ҳуҷҷатҳои заруриро  барои бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд. Ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида мавриди омӯзиши гурӯҳи кории Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Комиссия аз 4 сентябри соли ҷорӣ барои санҷиш ва ҳисоби имзоҳо ташкил карда шуда буд, қарор гирифт. Дар ин раванд аз ҷониби се ҳизби сиёсӣ ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуби расмӣ ворид гардидааст, ки дар онҳо дархост оид ба тамдиди муҳлати ҷамъоварии имзоҳо иброз гардидаанд. Пешниҳоди ҳизбҳои сиёсӣ дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиши ҳаматарафа қарор ёфт.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархости хаттии Ҳизби демократии Тоҷикистон, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон қарор   қабул кард, ки тибқи он муҳлати ҷамъоварии имзои шаҳравандон ба тарафдории номзадҳои пешбаришаванда  то соати 1800 рӯзи 10-уми октябри соли 2013 тамдид карда шуд.

Ин иқдоми Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ба хотири таъмини интихоботи демократию озод ва баргузор намудани ин чорабинии муҳими сиёсӣ бо иштироки  васеи номзадҳои пешбаригардида бо мақсади  таъмини интихоботи алтернативӣ равона шудааст.

Инчунин, ба ҳизбҳои сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон  тавсия карда шуд, ки ҷамъоварии имзоҳоро то муҳлати иловагии муқарраргардида ба охир расонанд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»