22 майи соли 2016 – Рӯзи раъйпурсии умумихалқӣ

Тасдиқи ҳайати комиссияҳои ҳавзавӣ

№26 (3506) 27.02.2016

Зимни ҷаласае, ки 24 феврали соли 2016 таҳти раёсати раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар баргузор гардид, зикр шуд, ки яке аз масъалаҳои муҳими давраи омодагӣ ба баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис додан ва тасдиқ намудани ҳайати комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсӣ мебошад, зеро комиссияҳои ҳавзавӣ дар ин раванд нақши басо муҳим доранд ва масъалаҳои гуногуни вобаста ба раъйпурсиро дар ҳудуди ҳавза ҳаллу фасл менамоянд.

Аз ин рӯ, бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 68 ҳавзаи раъйпурсии ҷумҳурӣ комиссияҳо таъсис шуданд, ки ҳар кадом раис, муовини раис, котиб ва на кам аз шаш аъзо доранд.

Инчунин, бо қарорҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаҳои муҳри комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии раъйпурсӣ, қуттиҳои овоздиҳӣ ва тартиби иваз кардани аъзои комиссияҳои ҳавзавию участкавии раъйпурсӣ муайян шуданд.

Ҳамчунин қайд гардид, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани ин чорабинии муҳими сиёсӣ ва бо санадҳои ҳуқуқӣ таъмин кардани комиссияҳои раъйпурсӣ тибқи салоҳияти қонунии худ дастурамалҳои заруриро таҳия ва тасдиқ намуда, татбиқи якхелаи қонунро таъмин хоҳад кард.

Бо ин мақсад бо қарорҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ дастурамал ва як маҷмӯаи саволу ҷавобҳо доир ба гузаронидани раъйпурсӣ тасдиқ ва бо теъдоди зиёд чоп шуда, ба комиссияҳои ҳавзавию участкаҳои раъйпурсӣ дастрас карда мешаванд.

 Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»