Тоҷикистон ва Ӯзбекистон. Ҳамкориҳо тақвият меёбанд

№93 (3730) 05.08.2017

2 августи соли ҷорӣ  раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид дар шаҳри Тошкент бо  раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон Адҳам Икромов мулоқот кард. Зимни мулоқот масоили тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд, аз ҷумла масъалаи ташкили нахустин Намоишгоҳи миллии молҳои саноатии Тоҷикистон дар шаҳри Тошкент мавриди баррасӣ қарор гирифт.

- Имрӯз муносиботи миёни ду кишвари ҳамсоя ва дӯст ба сатҳи сифатан нав ворид гардида, ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангӣ рушд меёбанд. Дар ин замина, моҳи апрели соли ҷорӣ нахустин Намоишгоҳи миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе доир гардид. Ҳамзамон, дар рӯзҳои баргузории намоишгоҳ соҳибкорону тоҷирон, роҳбарони корхонаю ширкатҳои ду давлат дар бизнес-форумҳо, семинарҳо ба ҳам омада, баҳри таҳкими равобит нақшаҳоро тарҳрезӣ карданд. Дар натиҷа, ба маблағи  50 миллион доллари амрикоӣ шартномаҳо ба имзо расиданд, — иброз дошт Шариф Саид.

- Баргузор намудани нахустин Намоишгоҳи миллии молҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошкент ҳамкорӣ ва дӯстии миёни тоҷикон ва ӯзбеконро боз ҳам тақвият мебахшад ва роҳи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ васеъ мешавад, — таъкид дошт Адҳам Икромов, раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»