Муҳокимаи парламентӣ

Барнома ба ташаккули тарзи ҳаёти солими ҷомеа мусоидат намудааст

№177 (3478) 25.12.2015

DSC_0877Бисту дуюми декабри соли 2015 таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ муҳокимаи парламентӣ «Оид ба иҷрои Буҷети давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи «Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011- 2015» баргузор гардид.

Зимни ифтитоҳи ҷаласа Хайринисо Юсуфӣ масъалаи баррасишавандаро муҳим арзёбӣ карда, зикр намуд, ки ба хотири дар сатҳи баланд доир намудани муҳокимаи парламентӣ дар мувофиқа бо роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон ба сафари хизматӣ баромада, бо рафти иҷрои барномаи мазкур дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шинос шуданд.

Ба муҳокимаи парламентии имрӯза роҳбарону масъулони вазоратҳои корҳои дохилӣ, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи  ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон ва муовинони раисони ноҳияҳои тобеи марказ даъват шуда буданд.

Баъди тасдиқи рӯзномаи ҷаласа сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Қиёмиддин Миралиён дода шуд.

Дар суханронии мавсуф зикр гардид, ки дар ҷомеаи мо, ки аксарияти аҳолиро насли наврас ва ҷавон ташкил медиҳад, варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ яке аз омилҳои муҳими солимии шаҳрвандон ва муаррифгари миллату давлат дар арсаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

Бо дарназардошти ин омил 20 декабри соли 2010 мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони мамлакат доир гардида буд. Зимни ин мулоқот Сарвари давлат чунин дастур дод: «Вазорату идораҳои дахлдор Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар  Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки соли ҷорӣ барои солҳои 2011- 2013 аз ҷониби Ҳукумат қабул гардидааст, ба барномаи панҷсола табдил дода, дар он масъалаҳои таъмир ва таҷдиди иншооти варзишӣ, масъулияти сохторҳои ваколатдор дар соҳаи варзиш ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро пешбинӣ намоянд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вилоятҳо ва ҳамаи шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки ба рушди ҳамаҷонибаи соҳаи варзиш таваҷҷуҳ ва ғамхории доимӣ зоҳир намуда, доир ба сохтмони маҷмааҳои варзишӣ дар сатҳи баланд, инчунин бунёди боғҳои фарҳангиву фароғатӣ чораҳои муассир андешанд».

Дар натиҷа, «Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011- 2015» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2011 таҳти №278 ба тасвиб расид.

Маълум гардид, ки маблағгузории барномаи мазкур аз ҳамаи манбаъҳо ҳудудан 270 млн. сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумла барои татбиқи барномаи зикршуда дар сатҳи ҷумҳурӣ аз манбаъҳои буҷетӣ дар ҳаҷми 45,3 млн. сомонӣ пешбинӣ ва ҳамагӣ 17,6 млн. сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки ин ба 38,9 фоизи иҷрои нақша рост меояд. Боиси зикр аст, ки ин барнома ба асоси сохтори уфуқӣ (горизонталӣ) дар якчанд зина — ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ (вилоятӣ ва шаҳри Душанбе) ва маҳаллӣ (шаҳру ноҳияҳо) маблағгузорӣ гардидааст.

Маблағгузории зинаи ҷумҳуриявии барномаи мазкур тавассути мақоми ваколатдори давлатӣ ба роҳ монда шуд, чунки он дар баробари амалисозии вазифаҳои хусусияти ҷумҳуриявидошта, ҳамзамон барои зинаҳои минтақавӣ ва маҳаллӣ ҳамчун асос баромад менамояд. Мебоист сиёсати амалисозии барномаи мазкур бо дарназардошти тартиби банақшагирӣ, маблағгузорӣ ва натиҷагирӣ аз Барномаи ҷумҳуриявӣ маншаъ мегирифт, аммо ин низом дар сатҳи зарурӣ иҷрои пурраи худро наёфт.

- Дар маҷмӯъ, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қисми зиёди Нақшаи чорабиниҳои ин барнома иҷро гардидааст ва он боиси қаноатмандист,- гуфт дар охир Қ. Миралиён

Сипас, гузориши раиси Кумитаи  ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам роҷеъ ба татбиқи барномаи зикршуда шунида шуд. Вай таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои рушди соҳаи варзиш махсус зикр карда, аз дастовардҳо сухан ронд. Зикр шуд, ки дар давраи татбиқи барномаи мазкур дар натиҷаи иштирок дар мусобиқаҳои гуногуни ҷумҳуриявию байналмилалӣ варзишгарон 7897 медал, аз ҷумла 814 тилло, 805 нуқра ва 1303 биринҷӣ ба даст оварданд.

Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозоралӣ Одинаев, сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамхон Кучакшоев ва муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадиён низ роҷеъ ба масъалаи баррасишуда суханронӣ карданд.

Чанде аз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарону масъулони вазорату кумита ва идораю ташкилотҳои дар ҷаласа ҳузурдошта  низ изҳори андеша намуданд. Сипас, саволу ҷавоб сурат гирифт.

Дар поёни ҷаласа, бо дарназардошти фикру мулоҳиза ва таклифу пешниҳодоти баёнгардида, қарор ва тавсияҳои парламентӣ қабул шуданд.

Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ