Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Танҳо доштани шаҳрвандии Тоҷикистон кафолати қабул ба хизмати давлатӣ мебошад

№37 (3674) 08.04.2017

DSC_0171 свПанҷуми апрели соли 2017 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор шуд

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ»

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон»

3. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ»

5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ»

6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон».

РАИС: - Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Масъалаи якуми он «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ» мебошад. Вакилони муҳтарам, ба шумо маълум аст, ки ин масъала баррасӣ шуда буд, вале он дар Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ наёфт ва барои баррасии такрорӣ ба Маҷлиси намояндагон баргардонида шуд. Мутобиқи талаботи банди 368 Дастури Маҷлиси намояндагон, дар сурати аз ҷониби Маҷлиси намояндагон такроран баррасӣ намудани қонуне, ки онро Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ накардааст, Қарори Маҷлиси намояндагон дар бораи қабул кардани қонуни мазкур аз эътибор соқит карда мешавад. Аз ин рӯ, лои­ҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз эътибор соқит донис­тани қарори Маҷлиси намояндагон дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян кунед.

Қарор қабул шуд.

Раис: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Ахмедов Мирзоанвар дода мешавад.

 Мирзоанвар Ахмедов:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2017, № 1097 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ», ки аз тарафи  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ наёфтааст, барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин супорида шуд.

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ­дарназардошти ба миён омадани мухолифат дар ҷумлаи дуюми қисми 1 моддаи 171 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ» ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», ки тибқи талаботи қисми 3 моддаи 49 — ворид намудани партовҳо ва маводи радиоактивӣ, инчунин ҳамлу нақли (транзити) онҳо аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикис­тон манъ аст, қонуни мазкурро ҷонибдорӣ накардааст.

Кумитаи масъул масъалаи зикр­гардидаро 16 марти соли 2017 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагон, кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар асоси тартиби муқаррарнамудаи зербанди а) банди 366 Дас­тури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон эроди  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва қисми 17-и моддаи 171 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ» аз матни қонун хориҷ карда шуд.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда шуда, қабул ва вобаста ба он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдуманон Ғафор дода мешавад.

Холиқзода Абдуманон Ғафор:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Мақсад аз таҳия ва пешниҳод намудани он мутобиқ намудани меъёрҳо ба тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 майи соли 2016 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудаанд, мебошад. Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида аз 3 қисм иборат буда, ба моддаҳои 1, 3, 10, 12, 14, 15, 16 ва 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид намудани тағйиру иловаҳоро пешбинӣ менамояд. Аз ҷумла, мутобиқи қисми 1- уми лоиҳаи қонун, аз қисми 2 моддаи 1, моддаи 3 ва қисми 2 моддаи 19 қонуни мазкур калимаи «Сарқонуни» хориҷ карда шудааст. Дар қисми 2 лоиҳаи қонун сархатҳои якуми моддаҳои 10, 12 ва 16, ки талаботи тахассусиро нисбат ба раис, муовини раис, сараудиторон ва роҳбари дастгоҳи Палатаи ҳисоб муқаррар намудааст, дар таҳрири нав ифода шудааст.

Мутобиқи қисми 3-и лоиҳа, ба сархатҳои сеюми моддаҳои 14 ва 15-уми қонун, ки асосҳои боздош­тан ва қатъ гардидани ваколати раис, муовини раис ва сараудиторони Палатаи ҳисобро муайян менамояд, илова ворид гардидааст.

Мутобиқи тағйиру иловаҳо дар қисмҳои 2 ва 3 лоиҳаи пешниҳодгардида, минбаъд танҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба вазифаҳои раис, муовини раис, сараудиторон ва роҳбари дастгоҳи Палатаи ҳисоб таъин гарданд. Ҳангоми шаҳрвандии давлати дигарро соҳиб шудани раис, муовини раис ва сараудитор онҳо пеш аз муҳлат бо тартиби муқарраршуда аз вазифаи ишғолкарда озод карда мешаванд.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Муҳтарам Холиқзода, ба шумо савол дорам. Ҳоло дар сохторҳои мавриди назар шахсоне ҳастанд, ки шаҳрвандии давлати дигарро доранд?

 Холиқзода Абдуманон Ғафор:

- Мувофиқи тағйироти ба Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида, ҳоло дар ин самт кор оғоз ёфтааст. Бояд гуфт, ки то ин дам маҳдудият набуд. Барои иҷро кардани меъёрҳои қонуни зикршуда кори зарурӣ анҷом дода мешавад.

РАИС: Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода дода мешавад.

Шариф РАҲИМЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади пешбинӣ намудани маҳдудият дар хизмати давлатӣ дар мақомоти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар ва мутобиқгардонии меъёрҳои қонуни мазкур ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.

Онро кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҷонибдорӣ намуданд. Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда шуда, қабул ва вобаста ба он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ гардид.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдуманон Ғафор дода мешавад.

Холиқзода Абдуманон Ғафор:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Мақсад аз лоиҳаи қонуни мазкур мутобиқ намудани меъёрҳои он ба тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 22 майи соли 2016 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудаанд, мебошад.

Лоиҳаи қонун аз 6 қисм иборат мебошад. Тибқи қисми якуми он дар қисми 3 моддаи якум ва минбаъд дар матни Кодекс, яъне дар зиёда аз 400 маврид калимаи «қаламрав» вобаста ба мавқеи истифодабарӣ ба калимаи «ҳудуд» иваз карда мешавад.

Мутобиқи қисмҳои 2, 3 ва 4 -уми лоиҳа, дар моддаҳои 9, 368, 430, 212, 312 ва 4411 Кодекс калимаҳои «ҳақ», «туризм», «туристӣ» ва «ба қувваи қонунӣ даромадани» мутаносибан ба калимаҳои «ҳуқуқ», «сайёҳӣ» ва «эътибори қонунӣ пайдо кардани» иваз карда мешаванд. Бояд гуфт, ки калима ва ибораҳои мазкур дар асоси тағйироти ба моддаҳои 38, 51, 74, 79 ва 93 Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида иваз карда шудаанд. Бо дарназардошти он ки тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи вакилон пешниҳод гардида буд, асосноккунии иваз намудани ин калимаҳоро дар Кодекс зарур намешуморем. Тағйироту иловаҳое, ки мутобиқи қисми 5 ва 6- уми лоиҳа ба моддаҳои 483 ва 488 Кодекси гумрук пешниҳод гардидаанд, бо ҳам алоқаманд буда, якдигарро пурра менамоянд. Тибқи тағйирот ба қисми якуми моддаи 483, минбаъд ба мақомоти гумрук танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмат қабул карда мешавад.

Мутобиқи қисми 6 — уми лоиҳаи қонун, ба қисми 1 моддаи 488, ки асосҳои қатъи хизмат дар мақомоти гумрукро муайян менамояд, банди нав бо мазмуни зайл илова шудааст:

«15) бо сабаби қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар».

Мутобиқи банди нави иловашуда, минбаъд фаъолияти корманди мақомоти гумрук бо сабаби қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё дар ҳолати пайдо намудани шаҳрвандии давлати дигар қатъ мегардад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир Гул дода мешавад.

 ҶОБИРЗОДА Тоҳир Гул:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади пешбинӣ намудани маҳдудият дар хизмати давлатӣ дар мақомоти гумрук, бинобар соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар ва мутобиқгардонии меъёрҳои Кодекси мазкур ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, таҳия ва пешниҳод шудааст. Инчунин, дар матни Кодекс иваз намудани калимаҳои «қаламрав», «ҳақ» ва «туристӣ» мувофиқан ба калимаҳои «ҳудуд», «ҳуқуқ» ва «сайёҳӣ» пешбинӣ гардидааст.

Боиси зикр аст, ки мутобиқи қисми 1 моддаи 483 қабул ба мақомоти гумрук, танҳо дар сурати доштани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Дар банди 15) қисми 1 моддаи 488 талабот нисбат ба асосҳои қатъ гардидани хизмат дар мақомоти гумрук пешбинӣ шудааст. Тибқи он баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар боиси қатъ гардидани хизмат дар ин мақомот мегардад.

Лоиҳаи қонунро кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда шуда, қабул ва вобаста ба он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатӣ — «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Содиқова Насиба Нуруллоевна дода мешавад.

 Насиба Содиқова:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!  

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ»» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мутобиқгардонии меъёрҳои қонуни мазкур ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, аз ҷумла, талабот ҳангоми таъин намудан ба мақомоти нотариуси давлатӣ, пешниҳод шудааст.

Он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон № 1121 аз 13 марти соли 2017 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд ва панҷ таклиф оид ба такмили лоиҳа ва ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ кардани он  пешниҳод намуданд, ки чортои он пурра ва ё қисман қабул карда шуд.

Вакилони гиромӣ, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда шуда, қабул ва вобаста ба он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон  тасдиқ гардид.

РАИС: — Оид ба масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сох­тори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Шарофидинова Мавзуна Шамсидиновна дода мешавад.

 Мавзуна Шарофидинова:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешбинӣ намудани маҳдудият нисбат ба номзад ба вакилии Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, бинобар соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар ва мутобиқгардонии меъёрҳои қонуни конститутсионии мазкур ба талаботи Конститутсия­и Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни конститутсионии баррасишаванда бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 2017 №1114 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Аз ҷониби кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати такмили он дар маҷмӯъ панҷ таклиф пешниҳод шудааст, ки аз онҳо сетояш қабул гардид.

Дар ҷаласаи васеи кумитаи ­масъул, 30 марти соли ҷорӣ, лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор гирифта, пурра ҷонибдорӣ ёфт.

Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонуни конститутсионӣ ба овоз монда шуда, қабул ва вобаста ба он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба муҳокимаи масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ дода мешавад.

 САФАРЗОДА Бахтовар Амиралӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳия  ва пешниҳод шудааст.

Он бо мақсади мутобиқгардонии қонунгузории соҳа ба тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ 22 майи соли 2016 ворид гардиданд, омода шудааст.

Мувофиқи тағйиру иловаҳои воридгардида ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба шахсе, ки ба вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мешавад, як қатор талабот, аз ҷумла танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон доштан пешбинӣ гардидааст. Инчунин, муқаррар намудани синни ниҳоии дар вазифаи судяи Суди конститутсионӣ фаъолият намудан ба қонуни конститутсионӣ ҳавола шудааст. Аз ин рӯ, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ карда, қисми 2 моддаи 8 дар таҳрири нав пешниҳод шуд. Мувофиқи сархати ҳафтуми моддаи 14 соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар ҳамчун асос барои бозхонд намудани судяи Суди конс­титутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон №1115 аз 13 марти соли 2017 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конс­титутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамзамон, барои такмили он 4 таклифу пешниҳод ироа намуданд, ки дутои он ба лоиҳа ворид шуд.

Кумитаи масъул 30 марти соли 2017 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаро дар ҷаласаи васеъ муҳокима намуд ва иштирокдорон онро ҷонибдорӣ намуданд. Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонуни конститутсионӣ ба овоз монда шуда, қабул ва вобаста ба он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ гардид.

РАИС: — Масъалаи ниҳоӣ «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» аст. Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъа­лаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.

 Абдуҳалим ҒАФФОРОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади амалӣ намудани тағйиру иловаҳои 22 майи соли 2016 ба ­Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда ва бартараф намудани норасоӣ ва номутобиқатии санадҳои қонунгузории ҷорӣ, инчунин истифодаи истилоҳоти якхелаи ҳуқуқии дар он истифодашаванда бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров ва Миралӣ Достизода таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 19 декабри соли 2016, №1028 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд ва ҷиҳати такмил дар маҷмӯъ 54 пешниҳод манзур карданд, ки аз онҳо 30 пешниҳод пурра ва 23- тои он қисман қабул гардид.

Бо дарназардошти хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2017 таҳти №86, чор қисми лоиҳа хориҷ ва се қисми дигари он таҳрир гардид. Аз ҷумла, номи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ низ тағйир дода шуд.

Инчунин, қайд кардан зарур аст, ки 20 — уми марти соли ҷорӣ дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров таклифҳо доир ба лоиҳаи қонуни мазкур манзур гардиданд, ки онҳо ба инобат гирифта шуданд

Аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда шуда, қабул ва вобаста ба он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ шуд.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ