Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Ҷонибдории тағйиру иловаҳо ба қонуни миллӣ — оғози марҳалаи нави ислоҳоти маънавӣ

№104-105 (3741-42) 29.08.2017

DSC_1037Бисту ҳаштуми августи соли 2017 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

 РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Тибқи маълумоти пешниҳодгардида, аз 33 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ 31 нафар дар толор иштирок доранд. Баҳри дақиқ намудани шумораи ширкаткунандагон аз аъзои Маҷлиси миллӣ эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки бо истифода аз системаи электронӣ бори дигар аз қайд гузаранд. Дар толор 31 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ҳузур доранд.

Дар Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон даъвати панҷум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқти­содӣ, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Палатаи ҳисоб, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва на­мо­яндагони восита­ҳои ахбо­ри омма, ки ба кори иҷлосия даъват гардиданд, ҳузур доранд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мутобиқи моддаи 20 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро кушода эълон мена­моям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мутобиқи моддаи 25 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон ба мо зарур аст, ки шумора ва ҳайати котиботи Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро баррасӣ ва қабул намоем. Лоиҳаи қарор оид ба масъалаи зикршуда ба шумо пешниҳод гардидааст. Нисбат ба лоиҳа таклифҳои иловагӣ нест?

Бо дарназардошти пешниҳоди баёнгардида лои­ҳаи Қарори Маҷ­лиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи котиботи Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» — ро ба овоз мемо­нам. Қарор қабул гардид.

Ҳамин тариқ, ба ҳайси раиси котибот муҳтарам Раҷабзода Миралӣ ва аъзои котибот муҳтарам Аминҷонова Саодат Сайфинаджатовна ва Файзуллозода Зафар Хайрулло интихоб гардиданд. Аз ҳайати котибот хоҳиш менамоям, ки ба ҷойи муқарраргардида марҳамат намоянд.

РАИС: - Ба мо лозим аст, ки рӯзномаи Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро баррасӣ ва тасдиқ на­моем. Лоиҳаи қарор иборат аз 8 масъала манзури шумо гардидааст. Нисбат ба масъалаҳо, тартиби масъалаҳои дар лоиҳаи рӯзнома воридшуда пешниҳоду таклифҳои иловагӣ доред?

Лоиҳаи Қарори Маҷ­лиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯз­но­маи Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» бо фарогирии масъалаҳои зерин ба овоз монда шуд ва қарор қабул гардид:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»

3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ»

4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ»

5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ»

6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»

7. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

8. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи Низомномаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

 РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи аввали рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» оғоз менамоем. Сухан оид ба масъалаи зикршуда ба раиси Кумитаи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъ­ала­ҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, мао­риф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа муҳтарам Раҳимӣ Фарҳод дода меша­вад. Марҳамат.

 Фарҳод РАҲИМӢ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаб­буси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 23 августи соли 2017 қабул намудааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади такмили қонуни амал­кунанда, бо назардошти дархосту пешниҳоди аҳолӣ, таклифу пешниҳодҳо, ки зимни вохӯриву суҳбат ва баромадҳо тавассути воситаҳои ахбори омма сурат гирифтаанд, инчунин ҳангоми мулоқоти Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар ба муносибати 10 — солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 11 июли соли 2017 баён гардида буданд, таҳия шудааст.

Дар қонуни мазкур як қатор меъёрҳои нав пешбинӣ гардидааст, ки онҳо асосан баҳри такмил додани фаъолияти комиссияҳои доимии маҳаллӣ, сарфаю сариштакорӣ, роҳ надодан ба хароҷоти беҳуда ҳангоми баргузории ҷашну маросим ва дар умум ба манфиатҳои мардум равона шудаанд.

Бо ин мақсад ба 10 моддаи қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, моддаи 51, боби 41 ва моддаи 141 бо меъёрҳои нав илова гардиданд, ки тағйироти пешниҳодгардида хусусияти мутобиқкунанда, танзимкунанда, муайян­кунанда ва таҳрирӣ доранд. Чунончӣ, дар ном ва матни қонун калимаҳои «маросимҳо», «маросимҳоро», «маросимҳо», «маросимҳои», «маросим­ҳои» ва «Маросим­ҳои» мувофиқан ба калимаҳои «маросим», «маросимро», «маросим», «маросими», «маросими» ва «Маросими» иваз карда шудааст. Бо тағйирот ба моддаи 5 пешбинӣ гардидааст, ки Низомномаи намунавии комиссияҳои доимии маҳаллиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. Чунин тартибро қонуни амалкунанда пешбинӣ накарда буд. Ба моддаҳои 6, 7, 10, 11, 12 меъёрҳои нав илова шудаанд, ки хусусияти танзимкунанда, уҳдадорикунанда ва муқаррароти манъкунанда дошта, ба роҳ надодан ба хурофот нигаронида шудааст. Чунончӣ, бо иловаҳо ба қисми 1 моддаи 6 мақоми ваколатдор ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ минбаъд бояд фаҳмонидани талаботи қонунгузорӣ ва додани тавсияҳо ба шахсоне, ки ҷашну маросим мегузаронанд, ба қайд гирифтани тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ, инчунин пешбурди омор дар ин самт ва андешидани чораҳоро ҷиҳати пешгирии риоя накардани талаботи қонуни мазкур ба роҳ монанд. Бо тағйирот ба моддаи 7, минбаъд дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон дастурхони камхарҷи маънавӣ оростан раво ва ҳамзамон ба исрофкориву зиёдаравӣ роҳ додан манъ аст, яъне, бояд шаҳрвандон ба аёдати ҳамдигар оянд, аз аҳволи ҳамдигар огоҳ шаванд, масъалаи хӯроки зиёд хӯрдан ва хусусияти истеъмолии ин идҳо коҳиш дода шавад. Моддаи 9 дар таҳрири нав ифода шудааст, ки масъалаҳои вобаста ба гузаронидани хатнасурро дар бар гирифтааст. Дар ин қисмат нисбат ба қонуни амалкунанда навоварӣ инҳоанд:

Гузаронидани хатнасур ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон ба роҳ монда шуда, имконияти ба таври ройгон гузаронидани хатна аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор пешбинӣ гардидааст ва гузаронидани маъракаи ақиқа манъ карда шудааст.

Мутобиқи тағйирот ба моддаи 10, минбаъд гузаронидани маросими ноншиканон, хона­кашон, модарталбон, падарталбон, рӯйбинон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтозон (роҳбандон) манъ аст. Инчунин ба ин модда қисми 4 бо мазмуни зерин илова шудааст:

«Падару модари домоду арӯс ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда бо маслиҳати тарафайн метавонанд ба ҷойи додани оши тӯй маблағи онро ҷиҳати беҳтар гардонидани шароити зиндагии навхонадорон сарф намоянд.». Яъне, масрафи додани оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳар ду ҷониб, ки қонуни амалкунанда пешбинӣ намуда буд, метавонад барои беҳтар гардонидани шароити навхонадорон сарф карда шавад.

Ҳамчунин, шахсони воқеиву ҳуқуқӣ метавонанд бо иштироки комиссияҳои доимии маҳаллӣ тӯйи домодию арӯсии хайриявии ҷавононро аз оилаҳои камбизоат баргузор намоянд. Тибқи тағйирот ба моддаи 11, пешбинӣ шудааст, ки маросими «се», «чил» ва «сол» бе забҳи чорво ва додани таом гузаронида шаванд ва тартиби гузаронидани маросими дафну азодориро мақоми ваколатдор муайян менамояд.

Қонуни амалкунанда бошад, гузаронидани маросими «чил»-ро бо додани як таом барои 80 нафар ва маросими солро бо додани як таом ва иштироки 100 нафар иҷозат медод.

Бо тағйирот ба моддаи 12, дар баробари манъи ҳоҷизиёрат, муқаррар карда шудааст, ки тартиби сафари шаҳрвандонро барои адои ҳаҷ ва умра Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Мутобиқи тағйирот ба моддаи 14, тӯю маъракаҳо дар шаҳрҳо дар рӯзҳои истироҳат аз соати 8 то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22, дар шаҳраку деҳот (аз ҷумла шаҳраку деҳоти тобеи шаҳр) дар рӯзҳои истироҳат аз 1 апрел то 31 октябр аз соати 6 то соати 22, аз 1 ноябр то 31 март аз соати 8 то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22 гузаронида мешаванд ва давомнокии онҳо набояд аз се соат зиёд бошад. Дар ин маврид хусусияти хоси шароити зисту зиндагӣ ва кору фаъолияти сокинони шаҳраку деҳот ба назар гирифта шудааст.

Ба қонун моддаи 141 илова карда шудааст, ки тибқи он шахсони воқеиву ҳуқуқӣ уҳдадоранд ҷашну маросимро бо риояи талаботи қонуни мазкур баргузор карда, мақоми ваколатдор ва комиссияҳои доимии маҳаллиро доир ба баргузории тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ хабардор намоянд.

Дар ин раванд, шахсони болозикр уҳдадоранд рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва либосҳои миллиро ҳифз намоянд. Мақсад аз ворид намудани иловаи мазкур, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ ва фарҳанги миллӣ буда, ба пешгирии воридшавии фарҳангҳои бегона, ки зери таъсири раванд­ҳои ҷаҳонишавӣ, инчунин ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ба давлату миллатҳо ҳар чӣ бештар таҳдид менамояд, равона гардидааст.

Мутобиқи иловаи моддаи 15 аъзои Ҳукумат, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, дигар шахсони мансабдори давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ, судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, амният, корҳои дохилӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, андоз, гумрук, кормандони мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур аз ҷониби онҳо ва фарзандонашон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мансаб озод карда мешаванд.

Аз аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоям, ки қонуни номбурдаро ҷонибдорӣ намоянд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба раиси Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур муҳтарам Маҳтобшозода Арамбегим Бозор дода мешавад. Марҳамат.

 МАҲТОБШОЗОДА Арамбегим Бозор:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 8 июни соли 2007, баъди ба имзо расидан аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, мавриди амал қарор дода шудааст. Ба қонуни мазкур, ки аз 4 боб ва 16 модда иборат аст, то имрӯз се маротиба — солҳои 2008, 2010 ва 2017 тағйиру иловаҳо ворид шудааст.

Бо тақозои замон, имрӯз низ зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳои нав ба ин қонун пеш омадааст. Аз ин рӯ, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод гардидааст, ки онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 августи соли 2017 қабул намудааст.

Лоиҳаи қонун, ки ба такмили қонуни амалкунанда ва ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ нигаронида шудааст, аз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар ба муносибати 10 — солагии қабули қонуни номбурда (11 июли соли 2017) ва дархости сокинони мамлакат зимни вохӯриҳо, баромадҳо тавассути воситаҳои ахбори омма сарчашма гирифтааст .

Тибқи қонуни мазкур, ба қонуни амалкунанда меъёрҳои нав ва тағйироту иловаҳои ҷиддӣ ворид карда шудааст, ки мувофиқи он дар рӯзҳои иди Рамазон ва иди Қурбон оростани дастурхони хоксорона, роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ, тартиби нави анҷомдиҳии хатна ва гузаронидани хатнасур, маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста, манъи гузаронидани маъракаҳои ақиқа, ҳоҷиталбон, ноншиканон, модарталбон, падарталбон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтоз (роҳбандон) ва бе забҳи чорво ва бе додани таом гузаронидани маросими дафну азодорӣ, маросимҳои «оши сари тахта», «душанбегӣ», «се», «ҷумъагӣ», «ҳафт», «бист», «чил», «шашмоҳагӣ» ва «сол», вақтҳои баргузории маъракаҳо дар рӯзҳои корӣ, рӯзҳои истироҳатӣ ва давоми фаслҳои сол, ҷавобгарии маъмурияти қаҳвахонаҳо, ошхонаҳо, тарабхона ва тӯйхонаҳо дар баробари соҳибони маърака барои шумораи даъватшудагон ва вақти баргузории тӯю маъракаҳо, пешбинӣ гардидааст.

Падару модари домоду арӯс ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда бо маслиҳати тарафайн метавонанд ба ҷойи додани оши тӯй маблағи онро ҷиҳати беҳтар гардонидани шароити зиндагии навхонадорон сарф намоянд.

Мувофиқи тағйиру иловаҳое, ки ба моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим ворид карда шудааст, ҷавобгарии шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ пурзӯр карда, андозаи ҷарима нисбат ба шахсони мансабдор аз 250- 270 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 12500 – 13500 сомонӣ то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 25 ҳазор сомонӣ, ба шахсони ҳуқуқӣ бошад, ҷарима аз 500 – 520 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 25 — 26 ҳазор то 700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 35 ҳазор сомонӣ, ба соҳибкорони инфиродӣ, ходимон ва уламои дин ба андозаи 700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 35 ҳазор сомонӣ баланд бардошта шудааст. Дар сурати дағалона ё такроран вайрон намудани талаботи зикршуда бошад, ба шахсони воқеӣ ба андозаи шашсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 30 ҳазор сомонӣ, ба шахсони мансабдор ба андозаи 800 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 40 ҳазор сомонӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 50 ҳазор сомонӣ ҷарима таъин намудан пешбинӣ гардидааст.

Тибқи таҳлилҳои гузаронида, дар сар то сари ҷумҳурӣ мушоҳида шудааст, ки аксари мардум бар он ақидаанд, ки талаботи қонуни мазкурро бештар шахсони мансабдор, хизматчиёни давлатӣ, сарватмандон, соҳибкорон ва ходимони дин вайрон мекунанд. Бинобар ин, дар лоиҳаи қонун меъёри нав ҷой дода шудааст, ки мувофиқи он аъзои Ҳукумат, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, дигар шахсони мансабдори давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ, судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, амният, корҳои дохилӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, андоз, гумрук ва хизматчиёни ҳарбӣ барои вайрон кардани талаботи қонуни мазкур аз ҷониби онҳо ва фарзандонашон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мансаб озод карда мешаванд.

Бо ҳамин мазмун тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тағйирот ворид карда шуд ва онҳо вазифадор гардиданд, ки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро риоя кунанд ва риояи онро аз ҷониби фарзандонашон таъмин намоянд. Риоя накардани ин талабот барои аз вазифа озод намудани хизматчии давлатӣ асос мегардад.

Ба ғайр аз ин, тибқи талаботи қонуни мазкур, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадор мешаванд, ки ба рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва сарулибоси миллӣ, эҳтиром гузошта, онҳоро аз таъсири манфии замони муосир ҳифз намоянд.

Хоҳишмандам қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан оид ба ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният ва узви Комиссия оид ба назорати Дастур Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло дода мешавад.

ҶӮРАЗОДА Ҷамшед Ҳабибулло:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баҳри такмили қонуни амалкунанда дар асоси дархосту пешниҳоди сокинони мамлакат зимни вохӯриҳо, баромадҳо тавассути воситаҳои ахбори омма ва инчунин зимни мулоқот бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчии кишвар ба муносибати 10 — солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (11 июли соли 2017) таҳия шудааст, ки ба қонуни амалкунанда ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои сокинони кишвар меъёрҳои назаррас ворид гардидааст. Масалан, оростани дастурхони маънавӣ ва хоксорона, пешгирӣ аз исрофкорӣ ва зиёдаравӣ яке аз шартҳои пешбининамудаи қонун мебошад.

Моддаи 9 — уми қонун дар таҳрири нав баён карда шудааст, ки мувофиқи он минбаъд хатнасур дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон гузаронида шуда, хатна тибқи розигии падару модар аз лаҳзаи таваллуди кӯдак то ба 20 — рӯзагӣ расидани он дар муассисаҳои тиббӣ ройгон, тибқи талаботи муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ, амалӣ карда мешавад. Меъёри моддаи мазкур инчунин гузаронидани маъракаҳои номгузорӣ, чиллагурезон, гаҳворабандон, мӯйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобастаро дар доираи оила бе забҳи чорво ва ҷалби санъаткорон, иҷозат додааст. Дар баробари ин маъракаи ақиқа манъ шудааст.

Тағйироте, ки ба қисми 2 моддаи 10 ворид шудааст, гузаронидани маъракаҳои ноншиканон, модарталбон, падарталбон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтоз (роҳбандон)- ро манъ менамоянд. Дар баробари ин, дар моддаи мазкур оварда шудааст, ки падару модари домоду арӯс бо розигии тарафайн метавонанд ба ҷойи додани оши тӯй маблағи онро баҳри беҳтаркунии зиндагии навхонадорон масраф намоянд.

Мутобиқи қисми 2 моддаи 11, минбаъд баргузории маросими дафну азодорӣ бе забҳи чорва ва бе додани таом гузаронида мешавад. Ҳамчунин, ҷиҳати ба низом даровардани ин маросим мақоми ваколатдор тартиби гузаронидани онҳоро муайян менамояд.

Тибқи тағйироти дигари ба қонун воридшуда, тартиби сафари шаҳрвандонро барои адои ҳаҷ ва умра Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Боиси розигӣ ва дастгирии сокинони кишвар аст, ки минбаъд қонуни мазкур вақти баргузории тӯю маъракаҳоро дар шаҳрҳо, шаҳраку деҳот (аз ҷумла шаҳраку деҳоти тобеи шаҳр) вобаста ба вақтҳои муайяни сол мушаххас ба танзим медарорад. Дигар меъёри назарраси қонун баланд бардоштани масъулияти маъмурияти қаҳвахона, ошхона, тарабхона ва тӯйхонаҳо дар баробари соҳибони маърака оид ба риояи шумораи даъватшавандагон ва вақти баргузории онҳо мебошад.

Моддаи 141 қонуни мазкур барои ҳифз намудани рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва либосҳои миллӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро уҳдадор менамояд.

Агар барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, пас аъзои Ҳукумат, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, дигар шахсони мансабдори давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ, судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, амният, корҳои дохилӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, андоз, гумрук ва хизматчиёни ҳарбӣ барои ин амал аз ҷониби онҳо ва фарзандонашон аз мансаб озод карда мешаванд.

Бо назардошти асосҳои дар боло зикргардида, аз шумо хоҳиш менамоям, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

- Бо назардошти хеле муҳим будани масъалаи мавриди баррасӣ ба иҷлосияи Маҷлиси миллӣ директори «Маркази исломшиносӣ» — и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода даъват шудаанд. Ҳоло бо камоли мамнуният сухан ба Файзулло Баротзода дода мешавад.

 Файзулло БАРОТЗОДА:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»-ро ҷиҳати такмили қонуни амалкунанда пешниҳод намуданд, ки онро 23 августи соли 2017 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намуд. Пешниҳоди мазкурро ҷамъбасти мантиқии мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар бахшида ба 10-солагии қабу­ли Қонуни Ҷумҳу­рии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баҳогузорӣ намудан бамаврид аст.

Воқеан, татбиқи амалии муқаррароти қонуни мазкур дар тӯли марҳилаи сипаришуда як қатор дастоварду беҳбудиҳо ва камбудию норасоиҳоро дар риояи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллию динӣ ошкор кард. Дар тӯли 10 сол мардуми фарҳангсолор ва меҳнат­дӯсти тоҷик пайрави қонунмеҳварӣ будани худро собит намуда, дар масъалаи тағйир додани мазмуну муҳтавои зиндагӣ ва қолабҳои шахшудаи хурофотӣ гардиши куллие ба вуҷуд оварданд. Онҳо эҳсос карданд, ки қонуни танзим ба хотири ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва дар ниҳояти кор беҳтар намуда­ни сармояи инсонӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ қабул гардидааст.

Зарурати қабули як қатор меъёрҳои навро таҷрибаи рӯзгор, рафти баргузории ҷашну маросимҳо, омӯзиши афкори иҷтимоӣ дар байни қишру табақаҳои гуногун ва раванди афзояндаи ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ матраҳ кард. Афзун бар ин, сиёсати мардумсолории Пешвои миллат ҳангоми вохӯрию мулоқот ва дар матни суханрониҳои дорои таъиноти гуногун дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пайгирии пайвастаи ин мавзӯъро ҳеҷ гоҳ аз мадди назар ва таваҷҷуҳи махсус берун нагузошта буд. Ҳамин буд, ки ҳамраъйии Сарвари давлат бо орзуву омол ва проблемаҳои мушкилзои шаҳрвандон оид ба ҳалли вазниниҳои ҳанӯз ҷойдошта дар ин самт таҳаққуқ пазируфт. Дар рафти мулоқоти ёдшуда масъалагузорӣ ва ҳамдигарфаҳмии созанда ҷиҳати такмили бандҳои алоҳидаи ин қонун ба амал омад, ки дар ниҳояти кор баёни истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Пешвои миллатро муҳайё сохт.

Бояд гуфт, ки аксари тағйиру иловаҳо дар ин лоиҳа ба чора­биниҳои динию мазҳабӣ ва шахсияти мусулмонии шаҳрвандони ҷумҳурии азизи мо пайванд мегирад. Яке аз ин меъёрҳои нав ба масъалаи ҷашнгирии иди Фитр ва иди Қурбон вобастагӣ дорад, зеро мардуми мо то ҳанӯз дар оростани дастурхони идона ба зиёдаравию исрофкорӣ ва зиён ворид намудан ба буҷаи оилавӣ роҳ медиҳанд. Дар натиҷа, ҷанбаҳои маънавӣ ва ахлоқию тарбиявии ин иди динӣ фаромӯш мешавад, фурӯта­нию фар­мон­бар­дорӣ ҳамчун хислатҳои ҳамидаи инсонӣ тарғиб намегар­дад, балки ҳама чиз дар атрофи тановул кардани хӯроки аз андоза зиёд, яъне арзишҳои истеъмолӣ фаҳмида мешавад. Арзиш­ҳо ва муқаддасоти дини мубини ислом ба ҳеҷ ваҷҳ қабул надорад, ки шахси мусулмон бо дасти худаш ба сатҳи некуаҳ­во­лии хонаводааш зиён ворид намояд. Дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҳам доир ба масъа­лаи риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҷуз ғамхорӣ зоҳир намудан барои некуаҳволии мардум ва истифодаи мақсадноки пасандоз­ҳои онҳо ҳадафи дигаре надорад. Ҳассосияти ин масъала боз дар он аст, ки барои оростани дас­тур­хони идона тақрибан ҳамаи оила­ҳои мусулмони кишвар омодагӣ меги­ранд ва рафтори нодуруст дар хари­ди аз меъёр зиёди маводи хӯрока омили гарон шудани нархи он мегардад.

Акнун фурсати он расидааст, ки мо ҳангоми фаро расидани идҳои Фитр ва Қурбон андаке дар масъалаи пур кардани дастурхон бо анвои хӯрдании бисёр, ки дар он барои афтодани сӯзан ҷое набошад, хуб андеша кунем. Бояд идрок кард, ки пешниҳоди хӯроквории фаровон болои дастурхон ҷуз ифодаи бефарҳангӣ ва аз тариқи исрофко­рӣ ба буҷаи худ зиён овардан чизи дигаре нест ва метавонад боиси тамасхур ва писханди мардуми мо аз ҷониби намоян­даго­ни қавму миллатҳои дигар гардад.

Хатнасур низ дар урфи мардумии мо дар шакли маъракаи хурсандӣ тарзе пазируфта шудааст, ки волидайнро гирифтори қарз ме­гар­­до­наду амалиёти анҷом додани он дар синни 5-7-солагӣ барои писарбачагон асабоният ва зиёнҳои равонӣ ворид менамояд. Аслан ин амал ҳам сунна­ти бозмонда аз Иброҳими Халил аст. Дар байни мусулмонон анҷом додани хатнаи писар нишонаи мансубият ва пайравӣ доштани ӯ ба дини ислом аст, на бештар аз ин. Яҳудиён ва масеҳиёну мусулмонони арабта­бор низ ин амалро иҷро мекунанд. Танҳо фарқ дар он аст, ки онҳо на дертар аз ҳафтрӯзагии таваллуди писар ин суннатро дар муҳити муасси­са­ҳои тиббӣ ҳамчун як амалиёти хурди пизишкӣ анҷом медиҳанд, вале мо онро баъд аз омодагии тӯлонӣ дар ғояти серхарҷию исрофкорӣ ва худнамоию зоҳирпарастӣ бо ворид намудани зиёни моддию маънавии зиёд ба буҷаи хонаводаи худ барпо менамоем. Чунин тарзи рафтор танҳо дар минтақаҳои мусулмоннишини Иттиҳоди Шӯравии собиқ хусусияти бидъатомез дорад. Аммо волидайни кишварҳои дигари мусул­монӣ маб­ла­ғу пасандозҳои худро барои рушди сармояи инсонӣ, донишандӯзӣ ва мутахассиси варзида шудани писаронашон сарф мекунанд. Аз чунин тарзи рафтори онҳо ҳам худашон дар куҳансолӣ давлати пирӣ меронанду ҳам давлат аз илму ҳунари онҳо манфиат мебардорад. Соҳибони дини ислом хатнаро ҳамчун як амали муқаррарӣ анҷом медиҳанд ва пири мазҳаби ҳанафӣ — Имом Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит низ чунин фармудаанд. Пас барои мо низ беҳтар аст, ки хатнасури писаронамонро дар шароити ҷавобгӯ ба талаботи тиббӣ анҷом диҳем.

Пешниҳоди дигари муҳим ворид намудани тағйироти ҷиддиро дар маросими дафну азодорӣ пешбинӣ менамояд. Бояд эътироф намоем, ки муносибати инсондӯстонаи шаҳрвандони кишвар дар масъалаи изҳо­ри ҳамдар­дӣ ва дастгирии маънавии шахсони азодор сифатан дигаргун шу­да­аст. Дар байни аксари мардум тӯли даҳ сол чунин таомул пазируфта шуд, ки ба маросими «се», «чил» ва «сол» омада дуову фотеҳа мекарданд ва аз тановули таом, бахусус агар майит ҷавон бошад, узрхоҳӣ мекар­данд. Аз ин ҷиҳат, пешниҳоди баргузор намудани тамоми мароси­ми дафну азодорӣ бе забҳи чорво ва бе додани таом аз ҷониби Пешвои миллат баъди мулоқот дар байни шаҳрвандони мамлакат зуд ҳамовозӣ ва ҷонибдорӣ пайдо кард. Ҳатто дар баъзе шаҳру ноҳияҳо аллакай маросими «чил» ва «сол» фақат аз тариқи дуову фотеҳа хондан баргузор шуда истодааст.

Тавре мебинем, тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда мутобиқати комил бо муқаррароти фарҳанги миллӣ ва омӯзаҳои динию мазҳабии мо доранд ва асосан ба хотири ҳимоя аз манфиатҳои мардум таҳия шудаанд. Чунин шеваи ватанпарастӣ ва изҳори ғамхории бепоён ба миллати худ аз истеъдоди Худододи роҳбарӣ ва сиёсати мардумсолории Пешвои миллат гувоҳӣ медиҳад.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Азизулло Файз дода мешавад.

Мирзозода Азизулло  Файз:

- Муҳтарам Раис, Раёсат ва аъзои Маҷлиси миллӣ!

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар мулоқот ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана  ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» қайд намуданд: «Таҷрибаи даҳсола собит менамояд, ки вобаста ба рушди ҷомеа ва ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандон зарурати такмили Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба миён омадааст». Дар ин замина лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва баҳри беҳтар гардидани шароити иҷтимоӣ ва вазъи оилавии шаҳрвандон таҳия шудааст.

Дар қонуни мазкур як қатор меъёрҳои нав пешниҳод гардидаанд, ки онҳо барои ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ равона гардидаанд. Аз ҷумла, фаъолияти комиссияҳои доимии маҳаллӣ ва ҷамъиятӣ, салоҳияти онҳо ва мақоми ваколатдор мушаххас карда шуда, дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон оростани дастурхони маънавии хоксорона ва роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ пешбинӣ гардидааст.

Инчунин, дар қонун (моддаи 9) тартиби нави гузаронидани хатнасур пешниҳод шудааст, ки тибқи он минбаъд хатнасур дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон гузаронида мешавад. Хатна бошад, бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор ройгон, бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ, гузаронида мешавад.

Дар моддаи 10-уми қонуни амалкунанда номгӯйи маъракаҳои манъшуда дар иртибот ба тӯйи домодию арӯсӣ васеъ шуда, маъракаҳои ноншиканон, хонакашон, модарталбон, падарталбон, рӯйбинон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтозон (роҳбандон) манъ карда мешаванд. Инчунин, баҳри дастгирии иҷтимоии навхонадорон дар ин модда меъёри нав илова карда шудааст, ки тибқи он, минбаъд падару модари домоду арӯс ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда бо маслиҳати тарафайн метавонанд ба ҷойи додани оши тӯй маблағи онро ҷиҳати беҳтар гардонидани шароити зиндагии навхонадорон сарф намоянд. Дар ин радиф, баҳри ба низом даровардани баргузории тӯйҳои хайриявӣ ва хатнасури хайриявӣ тартиби гузаронидани онҳоро мақоми ваколатдор муайян мекунад.

Гузаронидани маъракаи «ҳоҷизиёрат» дар моддаи 12 қонун манъ карда шуда, меъёри нав вобаста ба ваколатдор намудани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муайян намудани тартиби сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷ ва умра илова карда шудааст.

Дар моддаи 14 масъалаи бастани шартномаҳои хизматрасонӣ бо маъмурияти қаҳвахонаҳо, ошхонаҳо, тарабхона  ва тӯйхонаҳо ба миён гузошта шуда, масъулияти онҳо дар баробари соҳиби маърака вобаста ба назорати шумораи даъватшудагон ва вақти баргузорӣ пешбинӣ мегардад. Инчунин, таклифҳои бисёре аз сокинони деҳот ба инобат гирифта, дар қонун вақти баргузории маъракаҳо ба тартиби нав пешбинӣ шудааст.

Ба қонун боби нави 41 дар хусуси баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон ҷиҳати иҷрои муқаррароти он, хабардор намудани мақоми ваколатдор ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ доир ба баргузории тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ, инчунин дар бораи ҳифз намудани рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва либосҳои миллӣ, пешниҳод гардидаанд.

Дар сурати ҷонибдорӣ гардидани қонуни мазкур раванди танзими баргузории ҷашну маросимҳо такмил ёфта, таъмини риояи қонуни миллӣ боз ҳам  пурзӯр  карда мешавад. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Маҳз бо ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба пешниҳоду таклифҳои аҳли ҷомеа баҳри беҳтар намудани шароити иҷтимоии мардум ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ қонуне, ки мо онро мавриди баррасӣ қарор додем, қабул гардид. Ин ҳама бо мақсади таъмини зиндагии шоистаю арзанда барои аҳли ҷомеа аст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳар он давлате, ки сохтори президентиро татбиқ менамояд, мансаби олӣ – мансаби президентӣ мебошад. Президенти муҳтарами кишвар бо дарки он ки яке аз роҳҳои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба танзим даровардани анъана ва ҷашну маросим мебошад, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ лоиҳаи қонуни мазкурро пешниҳод карданд, ки аз ҷониби аҳли ҷомеа пазируфта шуда, мақоми қонунгузори кишвар онро қабул ва ҷонибдорӣ намуд. Даҳ соли амали қонун собит сохт, ки он саривақтӣ ва муҳим буд. Ҳамчунин, таҷрибаи ҳаёт зарурати ворид намудани як қатор тағйиру иловаҳоро ба миён овард ва ин тағйиру иловаҳо ҳоло дар баррасии мо қарор доранд.

Бешак, мо имрӯз қонуни мазкурро ҷонибдорӣ мекунем. Ҷонибдории ин қонун дастгирӣ аз сиёсати мардумсолории Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, аз ҳар яки мо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, масъулияти баландро тақозо менамояд.

Муҳимтарин масъала он аст, ки мо бо дарки масъулият, бо ташаббуси шахсӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти дигари ҳокимияти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳамаи қишрҳои аҳолӣ тамоми неруро  ба татбиқи амалии қонуни мазкур равона созем.

Дар тамоми давру замон сармоягузории беҳтарин сармоягузорӣ ба рушди инсон аст, зеро танҳо инсони бофарҳанг, соҳибтамаддун ва мусаллаҳ бо донишҳои замона чун узви ҷомеа дар пешравии он саҳми бевосита метавонад гузорад.

Ман пешниҳод менамоям, ки дар қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи мавриди баррасӣ банди дигар илова карда шавад. Мутобиқи банди дуюми қарори мазкур, аъзои Маҷлиси миллӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ҳар як фарди фаъоли ҷомеа дар татбиқи амалии қонун ва ташвиқу тарғиби он бояд саҳми бевосита гузоранд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуд ва  Қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзнома – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» оғоз менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба муҳтарам Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.

 Фарҳод Раҳимӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ !

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 августи соли 2017 қабул намудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Бо мақсади мутобиқ намудан ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз матни моддаи 2, қисми 1 моддаи 31 ва қисми 1 моддаи 44 калимаи «(Сарқонун)» хориҷ карда шудааст.

Иловаи мавриди назар ба қисми 10 моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013 «Дар бораи маориф» пас аз калимаҳои «амалҳои ғайриқонунӣ» калимаҳои «, ба муассисаи таълимии таҳсилоти умумӣ бо идора намудани воситаҳои нақлиёти механикӣ омадан» дахл дошта, мақсади он аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф ҷиҳати таҳкими талаботи пешгирикунандаи идора намудани хонандагон аз воситаҳои нақлиёти механикӣ ҳангоми омадан ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ва расонидани таъсири мусбӣ ба раванди таълиму тарбияи хонандагон иборат мебошад.

Аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни номбурдаро ҷонибдорӣ  намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба овоз монда шуд ва Қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» ба шумор меравад. Идомаи сухан ба муҳтарам Раҳимӣ Фарҳод. Марҳамат.

 Фарҳод Раҳимӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 августи соли 2017 қабул намудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Пешниҳоди мавриди назар илова намудани қисми чоруми моддаи 16 қонуни мазкур: -«Ба хонандагон бо идора намудани воситаҳои нақлиёти механикӣ ба муассисаи таълимӣ омадан манъ аст. Хонандагоне, ки бо идора намудани воситаҳои нақлиёти механикӣ ба муассисаи таълимӣ меоянд, аз муассисаи таълимӣ хориҷ карда мешаванд.»-ро дар бар гирифтааст, ки мақсади он аз мутобиқ намудани қонуни мазкур ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» иборат мебошад.

Аз  шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни номбурдаро ҷонибдорӣ  намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» ба овоз монда шуд ва Қарор қабул гардид.

РАИС:  — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» оғоз менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба муҳтарам Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.

 Фарҳод РАҲИМӢ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, ки онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 августи соли 2017 қабул намудааст.

Талаботи қонуни мазкур аз илова намудани сархат ба қисми 5 моддаи 19 бо мазмуни зерин «- бо идора намудани воситаҳои нақлиёти механикӣ ба муассисаи таълимӣ наоянд. Дар сурати риоя накардани талаботи меъёри мазкур таълим­гирандагон бе ҳуқуқи барқарор шудан ба муҳлати як сол аз муассисаи таълимӣ хориҷ карда мешаванд;», иборат мебошад. Татбиқи иловаи зикршуда баҳри устувор намудани назорати рафтуомади таълимгирандагон ба муассисаҳои таълимӣ бо инобати таъмини бехатарии ҳаракати онҳо ва дигар субъектҳои ҳаракат дар роҳ ба миён оварда шудааст.

Кумитаи мо нисбат ба ин қонун эрод надорад ва аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ  намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» ба овоз монда шуд ва Қарор қабул гардид.

РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ба шумор меравад. Сухан оид ба ин масъала низ ба муҳтарам Раҳимӣ Фарҳод  дода мешавад. Марҳамат.

 Фарҳод РАҲИМӢ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст ва онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 августи соли 2017 қабул намудааст.

Бо ин мақсад ба моддаҳои 1, 21 ва 29 қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст, ки хусусияти мутобиқкунанда, муайянкунанда ва таҳрирӣ дошта, ҷиҳати аз байн бурдани номувофиқатӣ байни меъёрҳои санадҳои қонунгузорӣ ва истифодаи якхелаи истилоҳоти ҳуқуқӣ дар қонунгузории кишвар пешбинӣ гардидааст. Чунончӣ, калимаи «(Сарқонун)» хориҷ карда шуда, калимаи «ҳақ» ба калимаи «ҳуқуқ» ва калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуд» иваз карда шудааст.

Ҳамзамон, ба моддаи 21, ки ҳуқуқ ва уҳдадориҳои донишҷӯйи муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбиро танзим менамояд, иловаҳо ворид карда шудааст, ки тибқи он ҳангоми бо идора намудани воситаҳои нақлиёти механикӣ ба муассисаи таълимӣ омадан, донишҷӯ бе ҳуқуқи барқарор шудан ба муҳлати се сол аз муассисаи таълимӣ хориҷ карда мешавад.

Кумитаи мо қонуни мазкурро баррасӣ намуда, ба он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш менамоем, ки қонуни номбурдаро ҷонибдорӣ  намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ба овоз монда шуд ва Қарор қабул гардид.

РАИС:  — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шумор меравад. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Озода Эмомалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии     Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озоди­ҳои инсон, шаҳр­ванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Қонун бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардидааст ва онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 августи соли 2017 қабул намудааст. Он баҳри такмили қонунгузорӣ ва мутобиқкунонии меъёрҳои Кодекси амалкунанда ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 10-солагии қабули қонуни номбурда (11 июли соли 2017) ва дархости сокинони мамлакат зимни вохӯриҳо, баромадҳо тавассути воситаҳои ахбори омма сарчашма гирифтааст, ба ҳимояи манфиатҳои сокинони кишвар нигаронида шудааст.

Бо ҳамин мақсад дар моддаҳои 37, 42, 332, 336, 337 ва 342 тағйирот ворид карда шудааст, ки тибқи он барои идора намудани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад, муҳлати аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум намудан то даҳ сол ва ҷарима бошад, ба андозаи то 400 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (яъне бист ҳазор сомонӣ) боло бурда шудааст.

Ҳамзамон, мувофиқи тағйиру иловаҳое, ки ба моддаи 481 Кодекси мазкур ворид карда шудааст, барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим ҷавобгарии шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ пурзӯр карда, андозаи ҷарима нисбат ба шахсони мансабдор аз 250-270 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 12500-13500 сомонӣ то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 25 ҳазор сомонӣ, ба шахсони ҳуқуқӣ бошад, ҷарима аз 500-520 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 25-26 ҳазор то 700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 35 ҳазор сомонӣ баланд бардошта шудааст.

Инчунин, ба моддаи мазкур қисмҳои 2 ва 3 ворид карда шудааст, ки тибқи он минбаъд барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ, ходимон ва уламои дин, ба андозаи ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

Дар сурати дағалона ё такроран вайрон намудани талаботи зикршуда бошад, ба шахсони воқеӣ ба андозаи шашсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 30 ҳазор сомонӣ, ба шахсони мансабдор ба андозаи ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 40 ҳазор сомонӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 50 ҳазор сомонӣ ҷарима таъин намудан пешбинӣ гардидааст.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ муҳтарам Насимов Абдурасул Нишанкулович дода мешавад. Марҳамат.

 Насимов Абдурасул Нишанкулович:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», пеш аз ҳама, баҳри таҳким бахшидан ба рафти амалишавии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, амнияту саломатии аҳолӣ нигаронида шудаанд. Мақсад аз пурзӯр намудани чораи ҷазо барои ҳуқуқвайронкуниҳо дар ин ҷода боло бурдани масъулияти шаҳрвандон, махсусан шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ, бобати иҷрои бемайлони талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Қабули қонун барои ҷомеаи мо муҳим аст, зеро таҳлили иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва воридшавии унсурҳои фарҳанги бегона ба зиндагии мардуми мо зарурати қабули чунин тағйиру иловаҳоро ба миён овардааст. Имрӯз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои ягонаи фарҳанги байналмилалӣ ва ҷаҳонишавии арзишҳо қарор доранд ва хавфи воридшавии расму оин ва анъанаҳои бегона ба зиндагии мо зиёд шуда истодааст. Дар ин самт  қабули тағйиру иловаҳо ба таҳкими қонунгузорӣ ва баланд бардоштани масъулияту ҷавобгарӣ мусоидат менамояд.

Ҳолати дигаре, ки сокинони мамлакатро ба ташвиш овардааст, вазъи идораи воситаҳои нақлиёт, фарҳанги ронандагӣ, зиёдшавии садамаҳои нақлиётӣ мебошад. Ин гуна муносибат аз он шаҳодат медиҳад, ки тағйиру иловаҳо ба Кодекси  ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи мантиқии татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда, мақсади он на ғанӣ  гардонидани Буҷети давлатӣ, балки пешгирии қонунвайронкуниҳо мебошад ва маҳз барои ислоҳи камбудиҳои дар боло зикршуда нигаронида шудааст.

Дастгирӣ намудани тағйиру иловаҳои мазкур хизмати арзандае  дар рушду нумӯи зиндагии шоистаи халқ хоҳад буд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз мон­да шуд ва Қарор қабул гардид. 

РАИС:  — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мебахшем. Сухан оид ба ин масъала ба муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.

 РАҲМОН Озода Эмомалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу  озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Қонун бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардидааст ва онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 августи соли 2017 қабул намудааст. Он ба такмили қонунгузории ҷиноятӣ, пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, идора кардани воситаҳои нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуҷҷати ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад, пешгирӣ намудани садамаҳои нақлиётӣ ва ҳифзи саломатии шаҳрвандон нигаронида шудааст.

Бо ҳамин мақсад қисми 2 — юми моддаи 50 дар таҳрири нав илова карда шудааст, ки тибқи меъёрҳои он минбаъд маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян аз як то бист сол муқаррар  карда мешавад.

Мувофиқи тағйиру иловаҳое, ки ба моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст, ҷазо нисбат ба шахсоне, ки дар ҳолати мастӣ воситаи нақлиётро идора намудаанд ва ё дар ҳолати мастӣ қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намуда, боиси марги инсон ё расонидани зарари  вазнин ба саломатии инсон гаштааст, пурзӯр гардида, дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати даҳ сол ва агар ҳамин кирдор боиси марги ду ва зиёда шахсон гардида бошад, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати аз даҳ то  бист сол пешбинӣ карда шудааст.

Инчунин, мутобиқи тағйироте, ки ба санксияи моддаи 2122  ворид карда шудааст, агар дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад, ҷавобгарӣ пурзӯр ва ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол ё ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (25 ҳазор то 50 ҳазор сомонӣ) пешбинӣ карда шудааст. Дар ҳолате ки кодекси амалкунанда барои ин кирдор танҳо ҷазои ғайриҳабсиро дар намуди ҷарима ба андозаи то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (баробар ба 10 ҳазор сомонӣ) ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ҷазоро пешбинӣ менамояд.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш  менамоем, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъалаи зикр­гардида сухан ба узви Кумитаи  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикистон оид ба ҳам­­­оҳанг­со­зии фаъо­лияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси    на­мо­­ян­да­­гон, ҳо­ки­ми­яти иҷроия, итти­ҳодияҳои ҷамъия­тӣ, воситаҳои ахбори омма ва роби­таҳои байнипарламентӣ муҳтарам Дадаҷонова Саёҳат Мамаюсуповна дода мешавад. Марҳамат.

 Саёҳат Дадаҷонова:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардидааст. Аз мазмуни он бармеояд, ки  мақсади умумии қонуни мазкур пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои содир намудани ҷиноятҳо ба муқобили вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва истифодаи нақлиёт ба шумор меравад.

Тавре маълумоти оморӣ нишон медиҳад, сол то сол дар мамлакат сатҳи содиршавии ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ зиёд мегардад. Соли 2016 дар мамлакат ҳангоми рух додани садамаҳои нақлиётӣ 427 нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 1419 нафари дигар, аз ҷумла кӯдакон, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар бештар маврид сабаби асосии сар задани чунин ҳодисаҳои нохуш дар ҳолати мастӣ ва ё бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора намудани воситаҳои нақлиёт мебошад. Аз ин рӯ, барои пешгирии содиршавии чунин ҳодисаҳо зарурат ба вуҷуд омад, ки қонунгузории ҷиноятӣ дар ин самт мукаммал гардонида, ҷавобгарии ҷиноятӣ пурзӯр карда шавад.

Қабули қонун аз нигоҳи мо чанд арзиш дорад:

-  тағйиру иловаҳои мазкур дар самти рушд ва таҳкими қонунгузорӣ нақши муҳим мебозад;

- қабули қонуни мазкур дар пешгирии содиршавии ҷиноятҳо, таъмини адолати иҷтимоӣ ва гуманитарӣ, муҳити маънавии ҷомеа боарзиш мебошад. Ҷанбаи тарбиявӣ ва ахлоқии қабули қонуни зикршуда барои мардум аҳамияти хоса  дорад. Иҷрои талаботи қонун фарҳанги идораи воситаҳои нақлиётро аз ҷониби шаҳрвандон боло бурда, масъулияти байни одамонро таҳким мебахшад;

- пурзӯркунии ҷавобгарии ҷиноятӣ нисбат ба кирдорҳои пешбинишуда ба камшавии сатҳи ҷинояткорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат менамояд.

Қонуни мазкур барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат аз амалу кирдорҳои ҷиноятӣ равона гардида, метавонад ба сатҳи камшавии ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ боис гардад ва дар ин замина, ҷони садҳо нафарро аз марг наҷот диҳад.

Бовар дорам, ки аъзои Маҷлиси миллӣ тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятиро ҷонибдорӣ намуда, барои боз ҳам осоишта намудани ҳаёти шаҳрвандони мамлакат саҳм мегузоранд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз мо­нда шуд ва Қарор қабул гардид.

РАИС:  — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи ниҳоии рӯзномаи иҷлосия — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи Низомномаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба шумор меравад. Барои маълумот сухан ба раиси Комиссияи  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур муҳтарам Маҳтобшозода Арамбегим Бозор дода мешавад. Мар­ҳамат.

 МАҲТОБШОЗОДА Арамбегим Бозор:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба тасдиқи Низомномаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқи моддаи 53 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 63 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардидааст.

Низомномаи мазкур, ки бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2001, №223 қабул шудааст, бо он мақсад дар таҳрири нав қабул карда мешавад, ки меъёрҳои Низомномаи амалкунанда ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мутобиқ гардонида шаванд. Аз ин лиҳоз, тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июли соли 2017, №486 кумитаҳои Маҷлиси миллӣ,  Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардида буданд, ки хулосаҳои худро оид ба такмили низомномаи мазкур барои баррасӣ ба иҷлосияи навбатӣ пешниҳод намоянд.

Ҳамин тариқ, дар асоси хулосаҳои воридгардида, лоиҳаи Низомномаи Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ дар таҳрири нав омода карда шудааст. Низомнома вазъи ҳуқуқӣ, вазифаҳо, сохтор, ташкили кор ва тартиби фаъолияти Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин муносибатҳои мутақобилаи онро бо дигар мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муайян менамояд.

Лоиҳаи Низомнома аз 17 фасл ва 44 банд иборат буда, меъёрҳои он дар баробари муқаррароти умумӣ, вазифа, сохтор, салоҳият ва уҳдадориҳои роҳбарияти Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ, котиботи Раиси Маҷлиси миллӣ, фаъолияти шуъбаҳо, бахши молиявӣ, ҳуқуқу вазифаҳо ва хусусиятҳои мақомоти ҳуқуқии кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллиро дар бар мегирад.

Лоиҳаи Низомномаи Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ба талаботи меъёр­ҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътироф­кардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ аст. Аз ин рӯ, аз шумо хоҳишмандам, онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба тасдиқи Низомномаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуд ва Қарор қабул гардид.

РАИС: -  Сухан ба раиси  котибот муҳтарам  Раҷабзода Миралӣ дода мешавад.

Миралӣ РАҶАБЗОДА: - Муҳтарам Раис! Ба унвони котибот ягон пешниҳод ё мактуб ворид нашудааст.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум бар­расӣ шу­данд. Доир ба тартиби бурдани иҷ­лосия, бар­расии масъалаҳо так­лифу эрод­ҳо ҳастанд? Нест.

Ба раи­сони куми­таҳо, аъзои Маҷлиси миллӣ ва шумо ҳозирини арҷманд, ба­рои иштироки фаъ­олонаатон дар кори иҷ­лосия миннатдории самимӣ изҳор менамоям.

Ҳамчунин, фарорасии рӯзи иди Қурбон ва 26-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба шумо табрик гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаол бароятон саломатӣ, саодатмандӣ ва пирӯзиҳои беназир орзумандам. Бо ҳамин, Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷ­лиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии То­ҷикис­тон даъ­­вати панҷумро пӯшида эълон мена­моям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  садо медиҳад).

Неъматулло Солеҳов,

Абдумаҷид Муродов,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло Алиев