Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Тасдиқи созишномаҳо оид ба ҳамкории молиявӣ, техникӣ ва шарикии стратегӣ

№31 - 32 (3825 - 3826) 10.03.2018

DSC_5652Шашуми марти соли 2018 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор шуд.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 62 нафар вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул гардид:

1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018»

2. Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар бораи ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2016-2017

3. Оид ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар бораи ҳамкории техникӣ барои солҳои 2016 -2017

4. Дар хусуси Шартнома дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон

5. Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон дар бораи рафтуомади мутақобилаи шаҳрвандон.

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Дар бораи лои­ҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷонмаҳмадзода Меҳринамо Худодод дода мешавад.

ҶОНМАҲМАДЗОДА Меҳринамо Худодод:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018», дар асоси дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардидааст.

Мақсад аз он таъмини амнияти озуқаворӣ, муътадил нигоҳ дош­тани нархи маҳсулоти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии пойтахти кишвар ба маҳсулоти хушсифат ва бо нархи нисбатан паст ба ҳисоб меравад. Ҷиҳати амалӣ намудани ин мақсад воридот ва фурӯши маҳсулот дар соли 2018 аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», ки номгӯйи он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад.

Аз рӯи маълумоти пешниҳоднамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бо дарназардошти афзудани талабот ба маҳсулоти озуқаворӣ дар бозорҳои истеъмолии пойтахт дар соли 2017 индекси нархҳои маҳсулоти ниёзи аввалия нисбат ба молҳои ғайриозуқаворӣ ва хизматрасониҳо зиёд гардида, афзоиши таварруми истеъмолӣ нисбат ба соли 2016 бештар аз 10,1 фоизро ташкил додааст. Ин нишондиҳанда баёнгари он аст, ки тибқи маълумоти оморӣ соли 2017 нисбат ба соли 2016 нархи сабзавот 47,4 фоиз, аз ҷумла картошка – 46,7, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ – 12,2, моҳӣ ва маҳсулоти моҳигӣ – 10,6, равғани маска -5,8, шир ва маҳсулоти ширӣ -5,6, мева -5,4, қанд ва маҳсулоти қаннодӣ – 3,2, равғани растанӣ -2,6 ва орди навъи 1-уми гандумӣ – 1,2 фоиз афзоиш ёфтааст.

Мавриди зикр аст, ки аҳолии шаҳри Душанбе ба ҳисоби миёна 1 200 000 нафар ва талаботи солона ба маҳсулоти асосии озуқаворӣ аз рӯи тавсияномаҳои методӣ оид ба муайян намудани сабади истеъмолӣ 408,1 ҳазор тонна бо арзиши 1,6 млрд. сомониро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар заминаи Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» ба аҳолии пойтахт маҳсулоти озуқаворӣ тақрибан дар ҳаҷми 81,6 млн. тонна бо арзиши 310,2 млн. сомонӣ таъмин карда мешавад, ки маблағи аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озодшаванда 55,8 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Дар ҳолати дастгирӣ ёфтани лоиҳаи қонуни мазкур маблағи назаррас аз ҳисоби имтиёзҳои пешбинишудаи андозӣ дар ихтиёри Корхонаи воҳиди давлатии мазкур мемонад ва он имкон пайдо мекунад, ки дар мавсими ҳосилғундорӣ маҳсулоти озуқавориро захира намуда, дар ҳолатҳои зарурӣ ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани нарх маҳсулоти захирашударо бо нархҳои дастрас дар бозорҳои пойтахти кишвар ба фурӯш барорад. Аз ин лиҳоз, вакилони муҳтарам, аз шумо хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин ­мас­ъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир Гул дода мешавад.

 ҶОБИРЗОДА Тоҳир Гул:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Мақсад аз тағйири пешниҳодгардида ба қисми 3 моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018»  таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба истеҳсол, харид, фурӯш ва ба миқдори зарурӣ захира намудани маҳсулоти озуқаворӣ мебошад, ки ба таъмини амнияти озуқаворӣ, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат ва пешгирии болоравии нарх дар бозорҳои шаҳри Душанбе мусоидат менамояд.

Дар доираи имтиёзи қаблан пешбинигардида ба КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» танҳо ба воридот ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ имконият дода шуда буд. Баъди ворид намудани тағйир ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» яъне «Имтиёзҳои андозӣ барои корхонаю ташкилотҳои алоҳида барои соли 2018» қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда мешавад:

«3. Дар соли 2018 Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» ҳангоми фурӯши озуқа, инчунин, воридоти маҳсулот, ки номгӯйи он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда шавад.».

Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ ва ду таклиф пешниҳод намуданд, ки аз онҳо яктояш қабул шуд.

Дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул низ лоиҳаи қонун бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт ва дастгирӣ ёфт. Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъала — «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар бораи ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2016-2017» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дода мешавад.

Неъматулло ҲИКМАТУЛЛОЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон оид ба ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2016-2017 бо мақсади дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалигардонии лоиҳаҳои молиявии аҳамияти иҷтимоидошта аз ҳисоби маблағҳои грантии Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон 24 ноябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шуда, барои ҳар ду соли пасоянди гуфтушунидҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон таҳия гардида, дар он маб­лағҳои аз ҷониби Ҳукумати Олмон барои амалигардонии лоиҳаҳои пешбининамуда дарҷ шудаанд. Ҳаҷми маблағи дар доираи созишномаи молиявӣ ҷудошуда 14,6 млн.евроро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар доираи созишномаи мазкур татбиқи барномаю лоиҳаҳои зерин пешбинӣ шудааст:

- ташкил кардани занҷираи арзиши иловашуда дар Тоҷикистон ба маблағи 9,6 млн. евро;

- барномаи самти асосии ҳамкории «Тандурустӣ», унсури «Мубориза бо бемории сил, Марҳилаи 4» — 1,0 млн. евро;

- фондҳои хоҷагии коммуналӣ барои мусоидат ба маълумоти ибтидоӣ ва барқарорсозии инфрасох­тори коммуналӣ- марҳилаи 4 – 4,0 млн.евро.

Ҳамчунин, бо мақсади таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва дар амал татбиқ намудани яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон, бо дарназардошти тасдиқи созишномаи молиявии мазкур, барои сохтмони иншооти энергетикӣ дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷиҳати барқарорсозии НБО-и хурд дар дарёи Оқсу иловатан 2,4 млн. евро ҷудо карда мешавад.

Маблағгузории самтҳои асосии ҳамкории дуҷонибаи тарафҳо дар гуфтушунидҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон муайян гардидааст ва маблағгузории татбиқи онҳо барои солҳои минбаъда пас аз анҷоми расмиёти дохилидавлатии созишномаи номбурда оғоз меёбад. Бо дарназардошти он ки маблағҳои ҷудошуда дар доираи Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон бебозгашт мебошанд, ҷиҳати таъмини ҳалли масъалаҳои маблағгузорӣ ва андозбандии татбиқи лоиҳаҳои зикргардида тасвиби (ратификатсияи) созишномаи мазкур аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур мебошад. Бинобар ин, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Азимзода Толибхон Ситамурод дода мешавад.

АЗИМЗОДА Толибхон Ситамурод:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар бораи ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2016-2017, ки 24 ноябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааcт.Он бо мақсади дар ҳудуди Тоҷикистон амалигардонии лоиҳаи моҳияти иҷтимоидошта аз ҳисоби маблағҳои грантии Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон таҳия шудааст.

Мутобиқи муқаррароти Протоколи гуфтушунидҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон аз 12-13 декаб­ри соли 2016, Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон барои амалигардонии лоиҳаҳо дар солҳои 2016 ва 2017 маблағи 33,5 млн.евро, аз ҷумла барои амалӣ намудани барномаҳои сохтмони иншооти маорифу тандурустӣ, занҷираи ташкил намудани арзиш дар деҳоти Тоҷикистон ва сохтмони иншооти энергетикӣ  ҷудо менамояд. Дар маҷмӯъ, аз аввали ҳамкории дуҷониба аз соли 2001 ҳаҷми маблағи ҳамкории молиявӣ қариб 263 млн.евроро ташкил медиҳад.

Дар асоси Созишнома мувофиқа гардидааст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон ба  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз институти қарзӣ оид ба барқарорсозии иқтисодиёт (KFW) гирифтани маблағҳо барои ҳамкориҳои молиявӣ дар соҳаи кишоварзӣ, тандурустӣ ва хоҷагии коммуналӣ дар марҳилаҳои гуногун ба маблағи умумии 14 млн. 600 ҳазор евро кафолат ва имконият медиҳад.

Қайд кардан зарур аст, ки созишнома барои ҳар ду соли пасоянди гуфтушунидҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон таҳия мегардад, ки дар онҳо маблағҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон барои амалигардонии лоиҳаҳо ҷудошуда дарҷ меёбанд. Ин маблағҳо, ки баъдан бо мақсадҳои дахлдор хароҷот мешаванд, бебозгаштанд.

Мақсади пешниҳоди созишнома ба Маҷлиси намояндагон аз он иборат аст, ки баъди ба тасвиб расидан он шакли қонунӣ гирифта, имкон медиҳад, ки тартиби ҷудо намудани маблағҳо ва дар бар гирифтани барномаҳо дар самтҳои пешниҳодгашта оғоз ва амалӣ гарданд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон созишномаи зикргардидаро ҷонибдорӣ карданд. Аз  шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар бораи ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2016-2017» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала — «Оид ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар бораи ҳамкории техникӣ барои солҳои 2016-2017» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дода мешавад.

Неъматулло Ҳикматуллозода:

- Муҳтарам Раис, аъзои Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон оид ба ҳамкории техникӣ барои солҳои 2016-2017 бо мақсади дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалигардонии лоиҳаҳои техникии аҳамияти иҷтимоидошта аз ҳисоби маблағҳои грантии Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон 24 ноябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шуда, барои ҳар ду соли пасоянди гуфтушунидҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон таҳия гардида, дар он маблағҳои аз ҷониби Олмон барои амалигардонии лоиҳаҳои пешбининамуда дарҷ шудаанд.

Ҳаҷми маблағи дар доираи созишномаи техникӣ ҷудошуда, ки 16,5 млн. евроро ташкил медиҳад, барои соҳаҳои тандурустӣ, мусоидат ба рушди иқтисодӣ, дастгирии рушди иқтисодии маҳалҳо дар манотиқи алоҳидаи баландкӯҳ равона мегардад. Аз ҷумла, дар доираи созишномаи техникӣ татбиқи барномаю лоиҳаҳои зерин пешбинӣ шудааст:

- дастгирии афзоиши васеи иқтисодӣ ба маблағи 9,0 млн. евро;

- дастгирӣ ва банақшагирии мус­тақилонаи муайянгардидаи оила ва саломатии модару кӯдак дар Тоҷикистон – 3 млн. евро;

- беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ барои модарон ва кӯдакон дар минтақаҳои деҳоти Тоҷикис­тон – 2 млн. евро;

- дастгирии рушди иқтисоди маҳаллӣ дар ноҳияҳои баландкӯҳи интихобшуда – 2 млн. евро;

- ташкили «Хазина барои пардохти ташхисҳо ва коршиносон – 500 ҳазор евро.

Мавриди зикр аст, ки маблағгузории самтҳои асосии ҳамкории дуҷонибаи тарафҳо дар гуфтушунидҳои байниҳукуматии Тоҷикис­тону Олмон муайян гардидааст ва маблағгузории татбиқи онҳо барои солҳои минбаъда пас аз анҷоми расмиёти дохилидавлатии созишномаи номбурда оғоз мешавад. Бо дарназардошти он ки маблағҳои ҷудошуда дар доираи Созишномаи байниҳукуматиии Тоҷикистону Олмон бебозгашт мебошанд, ҷиҳати таъмини ҳалли масъалаҳои маб­лағгузорӣ ва андозбандии татбиқи лоиҳаҳои зикргардида тасвиби (ратификатсияи) созишномаи мазкур аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон зарур мебошад. Бинобар ин, аз шумо хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Оқилзода Нурулло дода мешавад.

 Нурулло Оқилзода:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар бораи ҳамкории техникӣ барои солҳои 2016-2017 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст.

Он бо мақсади таҳким ва тақвияти муносибатҳои дӯстона тавассути бахшидани ҳамкории техникӣ, бо нияти саҳм гузоштан ба рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти дастгирии афзоиши васеи иқтисодӣ, банақшагирии мустақилонаи муайянгардидаи оила ва саломатии модару кӯдак дар Тоҷикистон, беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ барои модарон ва кӯдакон дар минтақаҳои деҳоти Тоҷикистон, рушди иқтисоди маҳаллӣ дар ноҳияҳои баландкӯҳи интихобшуда ва хазина барои пардохти ташхисҳо ва коршиносон дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст.

Бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2018 № 1599 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар бораи ҳамкории техникӣ барои солҳои 2016-2017 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Субъектони дахлдор созишномаро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон созишномаи мазкурро 28 феврали соли 2018 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои дигар, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва онро ҷонибдорӣ намуд. Аз шумо хоҳиш менамоям, ки Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар бораи ҳамкории техникӣ барои солҳои 2016-2017-ро тасдиқ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Федеративии Олмон дар бораи ҳамкории техникӣ барои солҳои 2016-2017 ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала  «Дар хусуси Шартнома дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон шурӯъ менамоем.

Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Зоир Озод дода мешавад.

 САИДЗОДА Зоир Озод:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо масъала «Дар хусуси Шартнома дар бораи  шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон» пешниҳод мегардад.

Пӯшида нест, ки Тоҷикистону Туркманистон дар бисёр масъалаҳои муҳими байналмилалию минтақавӣ мавқеи яксон дошта, ҷонибдори ҳамгироии бештару фарогир мебошанд.

Муқаррароти шартномаи мазкур, ки зимни сафари расмии Президенти Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 2 ноябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, робитаҳои ду кишвари дӯстро ба сатҳи сифатан нав мебарорад.

Шартномаи мазкур аз 15 модда иборат буда, ба тақвияти ҳамкориҳо дар самтҳои зерини калидӣ нигаронида шудааст:

- таъмин ва таҳкими амнияти миллӣ ва минтақавӣ, сулҳу субот;

- мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои нави амниятӣ;

- рушди ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика ва нақлиёт;

-  тавсеа ва таъмиқи ҳамкориҳои тиҷоратӣ – иқтисодӣ, илмӣ — техникӣ;

- ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ.

Қисми хотимавии шартнома ­масъалаҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо, тартиби эътибор пайдо намудан ва қатъ гардидани шартномаро ба танзим медарорад.

Аз шумо хоҳиш менамоям, ки Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистонро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Салимзода Олим дода мешавад.

 Олим САЛИМЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!     

Шартнома дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Туркманистон, ки 2 ноябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааcт.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали  соли 2018 №1587 шартномаи мазкур  барои  хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Ҳадафи он бо дарназардошти умумияти таърихию фарҳангии халқҳои Тоҷикистон ва Туркманистон, бар асоси эътирофи тарафайн, эҳтироми ҳуқуқҳои истиқлолияти ҳар як давлат, роҳандозии муносибатҳои дуҷониба ба сатҳи сифатан нави мувофиқ ба иқтидори ҳамкориҳои байни ду кишвар мебошад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳо шартномаи зикргардидаро ҷонибдорӣ намуданд.

22 феврали  соли 2018 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ шартномаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода, қабули он мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки  онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Шартнома дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманис­тон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии  масъала «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон дар бораи рафтуомади мутақобилаи шаҳрвандон» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Умарзода Икром Ислом дода мешавад.

УМАРЗОДА Икром Ислом:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон дар бораи  рафтуомади мутақобилаи шаҳрвандон 14 июни соли 2017 дар рафти сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арманистон ба имзо расида, аз муқаддима ва 12 модда иборат мебошад. Он бо мақсади рушди фаъолонаи ҳамкориҳо байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон, танзими ҳуқуқии тартиби рафтуомади мутақобилаи бераводиди шаҳрвандони ҷонибҳо таҳия гардидааст.

Дар муқаддима асосҳо барои баста шудани созишнома ифода ёфта, дар моддаҳои 1 — 4  муҳлати будубош, номгӯйи ҳуҷҷатҳои тарафҳо барои бе раводид ба қаламрави тарафи дигар тариқи гузаргоҳҳои сарҳадӣ ворид ва хориҷ гардидан, иқомат кардан оварда шудааст.

Дар моддаҳои 5 — 7 уҳдадориҳои риояи қонунгузории тарафҳо ва пешниҳоди шаҳодатномаи бозгашт ба ватан дар мавриди гум шудани ҳуҷҷатҳо инъикос ёфтааст.

Дар моддаҳои 8 — 10 тағйир ёфтани шартҳои вуруд, иқомат ва хурӯҷ, қабули протокол дар мавриди ворид намудани тағйирот ба созишнома ва ҳалли масъалаҳои баҳсталаб дарҷ ёфтааст.

Дар моддаҳои 11-12  иҷрои амал, муҳлат, забонҳо, макон ва замони баста шудани созишнома пешбинӣ шудааст.

Созишнома ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надорад. Аз шумо — вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ мудофиа ва амният Қобилов Аҳматҷон дода мешавад.

 

Аҳматҷон ҚОБИЛОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон дар бораи рафтуомади мутақобилаи шаҳрвандон, ки 14 июни соли 2017 дар шаҳри Ереван ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Мақсад аз он инкишофи минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи дӯстона, танзими ҳуқуқии тартиби рафтуомади мутақобилаи бе раводиди шаҳрвандони Тоҷикистон ва  Арманистон ба кишварҳои якдигар мебошад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 28 феврали соли 2018 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дод ва он ҷонибдорӣ гардид. Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон дар бораи рафтуомади мутақобилаи шаҳрвандон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ