Муҳокимаи парламентӣ

462,9 миллион сомонӣ зарари молиявӣ — «самара»-и 989 санҷиш

№132 (3926) 03.11.2018

IMG_7702Бисту шашуми октябри соли равон таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаб­бор Азизӣ муҳокимаи парламентӣ «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» дар 9 моҳи соли 2018» баргузор гардид, ки ба он ­масъулини вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, нақлиёт, маориф ва илм, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоб, Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк», Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик», муовинони раисони вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳри Душанбе даъватӣ буданд.

Абдуҷаббор Азизӣ гуфт, ки рушди босуботи кишвар маҳз аз таҳияи дуруст, воқеъбинона, шаффофияти ташаккули Буҷети давлатӣ вобастагӣ дошта, иҷрои босифати он яке аз вазифаҳои муҳими мақомоти дахлдор ба шумор меравад.

- Вазифаи мақомоти давлатӣ аз он иборат аст, ки истифодаи мақсадноку самараноки маблағҳои буҷетӣ ва риояи интизоми молиявиро таъмин намоянд.

Мақсад аз баргузории ҷаласаи имрӯза бозгӯйӣ намудани камбудӣ ва норасоиҳое, ки садди роҳи иҷрои сифатноки буҷети давлатӣ дар давраи мавриди назар гардидаанд ва роҳҳои бартараф намудани онҳо мебошад, — гуфт ӯ.

Нахуст гузориши раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба молия ва иқтисод Шариф Раҳимзода шунида шуд. Номбурда зикр кард, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ афзоиши воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7 фоизро ташкил намуда, ба 47,5 млрд. сомонӣ баробар гардид. Аз ҷумла, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 13,5 фоиз, кишоварзӣ — 4,0, гардиши савдои чакана — 7,3, сохтмон — 15,8 ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 1,0 фоиз афзоиш ёфтааст.

Рушди соҳаҳои иқтисодиёт имкон дод, ки нақшаи даромади Буҷети давлатӣ дар сатҳи 100,4 фоиз ва маблағи 15,6 млрд. сомонӣ (бо дарназардошти қарзу грантҳо) таъмин карда шавад.

Нақшаи қисми даромади ҷории Буҷети давлатӣ бошад, дар сатҳи 101,6 фоиз таъмин ва ба буҷет 12,5 млрд. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 198,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Бино ба гуфти Шариф Раҳимзода, хароҷоти Буҷети давлатӣ дар давраи зикршуда зиёда аз 16,0 млрд. сомонӣ ва иҷрои он 91,6 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Ӯ, ҳамчунин, зикр кард, ки дар ин давра аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ барои мусоидати молиявӣ (субвенсия) 594,0 млн. сомонӣ (100 фоизи нақша), ҳисоби байниҳамдигарӣ 101,8 млн. сомонӣ (100 фоиз) ва амалҳои дигар 21,0 млн. сомонӣ, дар маҷмӯъ, 716,8 млн. сомонӣ ҷудо карда шуд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаи буҷетҳои маҳаллӣ имкониятҳои воқеии ҷамъоварии андозҳо ба инобат гирифта намешаванд. Инчунин, ҳангоми банақшагирии даромад воридоти бақияпулиҳои андозҳо ба таври дахлдор ба назар гирифта нашуда, дар иҷроиши буҷети соли навбатӣ ҳамчун даромади иловагии буҷетҳои маҳаллӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд.

- Маблағҳои озоди буҷетҳои маҳаллӣ, махсусан, дар ноҳияҳои субвенсионӣ ба таври зарурӣ барои маблағгузории мақсаднок ва саривақтии дар Буҷети давлатӣ пешбинишуда, аз ҷумла, пардохти музди меҳнат, нафақа, кумакпулӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва уҳдадориҳои дигари давлат равона намегарданд, — зикр кард Ш. Раҳимзода.

Бино ба таъкиди номбурда, дар умум, гарчанде иҷрои буҷет таъмин гардидааст, зарур аст, ки дар самти истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ, равона кардани маблағҳо барои иҷрои барномаҳои соҳавӣ, санҷиши натиҷадиҳии маблағгузории барномаҳо, дарёфти манбаъҳои нави андозбандӣ, пурзӯр кардани низоми банақшагирии даромаду хароҷот ва иҷрои онҳо чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар нуҳ моҳи соли равон ҳисобот дод.

Минҷумла зикр шуд, ки раванди мусбати рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ имкон фароҳам овард, ки ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ, бо дарназардошти қарзу грантҳо, барои амалӣ намудани лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ба 15,6 млрд.сомонӣ ва иҷрои нақшаи нишондиҳандаи мазкур 100,4 фоиз таъмин гардад. Воридоти ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ нисбат ба нақша 67,1 млн.сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра нақшаи қисми даромади ҷории Буҷети давлатӣ дар сатҳи 101,6 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми воридоти маблағ 12,5 млрд. сомониро ташкил дод. Афзоиши ҳаҷми воридоти маблағҳо нисбат ба нақшаи пешбинишуда 198,8 млн.сомонӣ зиёд аст.

Дар ин давра нақшаи даромади буҷетҳои маҳаллӣ дар сатҳи 102 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 3,7 млрд.сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 73,8 млн.сомонӣ зиёд мебошад.

Бино ба иттилои вазири молия, дар ин давра қарздории мавҷудаи пардохти музди меҳнат пурра бартараф шуда, қафомонии пардохти музди меҳнат ба кормандони соҳаҳои буҷетӣ аз ҳисоби моҳи сентябри соли ҷорӣ танҳо дар шаҳри Ваҳдат (ба ҳолати 25 октябр) 5,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.

- Бо мақсади иҷрои саривақтии уҳдадориҳои давлат аз рӯи қарзи беруна дар 9 моҳи соли равон 148,1 млн. доллари амрикоӣ пардохт карда шуд, ки аз он 84,5 млн. доллар қарзи асосӣ ва 63,6 млн. доллари амрикоӣ фоизи қарз мебошад, — изҳор дошт Ф. Қаҳҳорзода.

Муовини якуми раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюб­ҷон Солеҳзода гуфт, ки дар нуҳ моҳи соли 2018 нақшаи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки ҷамъоварии онҳо ба зиммаи мақомоти андоз гузошта шудааст, 100, 6 дарсад таъмин гардида, ба ҷойи 7680,6 миллион сомонии пешбинишуда ба Буҷети давлатӣ 7724,8 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 44,1 миллион сомонӣ ва нисбат ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли гузашта ба буҷет воридшуда 680,2 миллион сомонӣ ё худ 9,7 дарсад зиёд мебошад.

Бақияи қарзи андоз ва пардохтҳо то якуми октябри соли равон 722,3 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба 1 январи соли ҷорӣ 48,8 миллион сомонӣ кам мебошад.

- Бо мақсади рӯёнидани маблағи ­бақияи қарзи андозҳо дар нуҳ моҳи соли 2018 аз тарафи мақомоти андоз нисбат ба 3830 андозсупорандаи қарздор 5100 қарор дар бораи маҷбуран ситонидани андоз, дар маҷмӯъ, ба маблағи 965,4 миллион сомонӣ қабул гардида, аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби қарорҳои дар соли 2017 қабулшуда ба буҷет 835,3 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 266,0 миллион сомонӣ зиёд мебошад, — изҳор дошт номбурда ва ҳамчунин афзуд, ки тибқи маълумоти аз Феҳристи ягонаи давлатӣ то 1 октябри соли 2018 дар ҷумҳурӣ 314,3 ҳазор субъекти хоҷагидори амалкунанда мавҷуд мебошад, ки нисбат ба аввали сол 13078 адад зиёд гардидааст.

Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода доир ба гардиши савдои хориҷӣ ва пардохтҳои гумрукӣ иттилоъ дода, изҳор дошт, ки дар нуҳ моҳи соли 2018 гардиши тиҷорати хориҷии ҷумҳурӣ 3109,0 миллион доллари ИМА — ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 500,2 миллион доллари ИМА ё 19 фоиз зиёд мебошад. Аз маблағи умумии гардиши тиҷорати хориҷӣ 2315,7 миллион доллари ИМА (соли гузашта 1965,3 миллион доллари ИМА) ба воридот ва 793,3 миллион доллари ИМА (соли гузашта 643,5 миллион доллари ИМА) ба содирот рост меояд.

Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ нақшаи ситонидани пардохтҳои гумрукӣ ба андозаи 3493, 65 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида буд, ки дар ин давра ба Буҷети давлатӣ 3552,8 миллион сомонӣ даромад ворид карда шуд, ки ин ба 101,7 фоизи нақшаи пешбинишуда баробар мебошад.

Бино ба гуфти муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Одиназода дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 1 млрд. 908,4 млн. сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 130,4 млн. сомонӣ ё 7,3 фоиз зиёд мебошад. Қисми хароҷотии он бошад, 1 млрд. 846,1 млн. сомониро ташкил намуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 9,1 млн. сомонӣ ё 0,5 фоиз афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, барои пардохти нафақаву кумакпулиҳои иҷтимоӣ ва хароҷот дар корхонаву ташкилотҳо аз ҳисоби маблағҳои андози иҷтимоӣ 1 млрд. 782,2 млн. сомонӣ равона гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 96,2 млн. сомонӣ ё 5,7 фоиз зиёд мебошад.

Аз он изҳори нигаронӣ карда шуд, ки қисми даромади Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 96,6 фоиз таъмин гардида, аз ҳисоби иҷро нашудани он 66,9 млн. сомонӣ ворид нагардидааст. Дар баробари ин, 45,0 млн. сомонӣ мусоидати молиявӣ, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ шуда буд, аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда нашудааст. Дар ин давра дар ҷумҳурӣ 40 шаҳру ноҳия нақшаи андози иҷтимоиро таъмин карда натавонистанд.

Муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Зарифзода изҳор дошт, ки дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии идораи давлатӣ, лоиҳаҳои инвеститсионӣ, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо 989 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронида, ба маб­лағи 462,9 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намудаанд.

Дар рафти тафтишу санҷишҳои молиявӣ 322,9 млн. сомонӣ ба давлат барқарор карда шуд, ки он 69,8 фоизи зарари ошкоркардашударо ташкил медиҳад. Аз маблағи умумии барқароршуда 177,8 млн.сомонӣ ба буҷет ва 145,1 млн. сомонӣ ба корхонаҳо рост меояд.

Ғайр аз ин, дар натиҷаи чораҷӯйии мутахассисони Агентӣ аз ҳисоби дигар сарчашмаҳо 289 млн. сомонӣ барқарор карда шудааст.

Дар давраи сипаришуда тафтиши фаъолияти 4 вазорат (100 ташкилоту муассисаҳои зертобеи онҳо) ва 105 сохтори зертобеи дигар вазорату кумитаҳо ва идораҳои давлатӣ ба анҷом расонида, дар маҷмӯъ, ба маблағи 56,5 млн.сомонӣ зарари молиявӣ ошкор ва зимни чораандешиҳо 43,6 млн.сомонии он барқарор карда шудааст.

Дар охир вобаста ба масъалаи баррасишуда қарор ва тавсияҳо қабул гардиданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»