Муҳокимаи парламентӣ

478 деҳа то ҳол номи расмӣ надоранд ё оё ба номгузории такрорӣ зарурат ҳаст?

№152 (3946) 22.12.2018

DSC_294919 декабри соли равон дар толори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодиҳои ҷамъиятӣ воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Муҳаммадюсуф Имомзода оид ба «Асосҳои ҳуқуқию ташкилии номгузорию номивазкунии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин дар дои­раи Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъомад баргузор гардид.

DSC_2865Муҳаммадюсуф Имомзода зимни ифтитоҳи он зикр намуд, ки дар таърихи тамаддуни миллати тоҷик ном ва номгузорӣ вижагии фарҳангии хос дошт. Дар масири таърих вобаста ба вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавӣ як гурӯҳ номҳо асолати таърихиро нигоҳ доштаанд, вале баъзе аз номи шаҳрҳо, деҳа ва маҳалҳои аҳолинишин дар натиҷаи ҳодисаву воқеаҳои таърихӣ ба тағйирот дучор шуданд, ки ин раванд далели ба тамаддуни мардуми фарҳангсолори тоҷик таъсир расонидани баъзе унсурҳои бегона мебошад.

Ӯ, инчунин зикр кард, ки шаҳрҳо харобу вайрон мешаванд, давлатҳо аз байн мераванд, забонҳо ва халқу миллатҳо беному нишон мегарданд, вале номи онҳо боқӣ мемонанд. Бинобар ин, номвожаҳои ҷуғрофӣ ҳамчун ҷузъи устувору камтағйиршавандаи воҳидҳои забонии минтақаҳои гуногуни таърихӣ нисбат ба забони зинда дар худ марҳилаҳои гуногуни рушду густариши забонҳои бостониро таҷассум менамоянд. Ин хусусияти муҳими номвожаҳои ҷуғрофӣ метавонад андешаро дар бораи раванди гуногуни таърихӣ, бавижа, дарки масъалаҳои таърихи забон ва ташаккули миллат густариш диҳад.

- Номҳои ҷуғрофӣ шаклҳои бунёдиро садсолаҳо нигоҳ медоранд, дар бораи забонҳои азбайнрафта, топографияи қадимаи ин ё он маҳал, сарватҳои табиӣ, касбу ҳунарҳои қадима ва тарзу ҷойгиршавии аҳолии он маълумот медиҳанд, — гуфт М. Имомзода. - Асосҳои ҳуқуқии номгузориву номиваз­кунии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» танзим карда мешавад.  Дар робита ба ин, банди 11 Номгӯи ҳуҷҷатҳо ва мавод, ки ба Қонуни конститутсионӣ замима шудааст, мушаххас ҳуҷҷатҳоро ҳангоми номивазкунии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин аз деҳа то вилоят муайян намудааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки гарчанде қонуни конститутсионӣ тартиби дурусти ҳалли масъаларо муайян намуда бошад ҳам, амалияи татбиқи он гуногун роҳандозӣ шуда, дар баъзе ҳолат риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи он аз мадди назар дур мондааст.

Бо ин асос, соли 2012 Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду пешниҳодро оид ба тағйир додани номи деҳаи Шмидти ноҳияи Бохтар (ҳоло Кӯшониён) ва оид ба табдил додани маркази маъмурии навтаъсиси ноҳияи Шуғнон ба шаҳраки Ваҳдат барои баррасӣ ва такмилдиҳӣ баргардонид.

Баъд аз соҳиби Истиқлолияти давлатӣ гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати кишвар бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалин иқдомҳоро дар самти ба номҳои миллӣ иваз намудани номҳои бегона роҳандозӣ намуд.

Ин аст, ки вобаста ба ҷанбаи таърихӣ ё мавқеи ҷойгиршавӣ ба маҳалҳо номи зебои тоҷикӣ гузош­та шуда истодаанд. Мушоҳидаи солҳои охир нишон медиҳад, ки бар ивази як қатор топонимҳои бегона номвожаҳои зебои тоҷикии мансуб ба шахсиятҳои бузург ва мавзеъҳои таърихӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хеле бамаврид гузошта шуданд. Ивазшавии номи ноҳияи Москва ба Ҳамадонӣ, Совет – Темурмалик, Ленин – Рӯдакӣ, Фрунзе – Сино, Октябр – Исмоили Сомонӣ, «Централный» – Фирдавсӣ, Чкаловск – Бӯстон, Орҷоникидзеобод – Кофарниҳон – Ваҳдат, Ленинград — Муъминобод ва ғайра шаҳодати он аст, ки аз имкониятҳои васеи номгузории тоҷикӣ истифода намуда, бо ин роҳ дар баробари тозагии забон асолати таърихии онро низ барқарор намуда истодаем.

Бо таъсири сиёсати давр номи баъзе аз маҳалҳо якчанд маротиба иваз мешаванд. Масалан, дар замони Искандари Мақдунӣ Осрӯшан Киропол шуд, дар замони давлатдории ҳокимони туркзабон Киропол ба Ӯротеппа иваз гардида, дар замони истиқлолият он номи Истаравшанро гирифт. Ба ин монанд, номи Кофарниҳон ба Янгибозор, баъдан ба Орҷоникидзеобод ва пас аз он боз ба Кофарниҳону ба Ваҳдат иваз карда шуд.

Инчунин, дар доираи сиёсати давр, замони Иттиҳоди Шӯравӣ номи маҳалҳо ба номи шахсиятҳо гузошта мешуданд: Сталинобод, Калининобод, Ленинобод, Ворошиловобод, Микоянобод, «Роҳи Ленин» ва ғайра.

- Дар солҳои соҳибистиқлолӣ номҳои аксар вилояту шаҳрҳо ва ноҳияву деҳоти мамлакат иваз карда шуда, ба табиати миллии забони тоҷикӣ мувофиқ гардонида шуданд. Ҳукумати мамлакат дар ин раванд, пеш аз ҳама, ба ҷанбаҳои илмию таърихии номҳо ва аҳамияти муҳими тарбиявӣ доштани онҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда, ҳангоми табдил андешаи олимони соҳа ва афкори мардуми маҳалҳои гуногунро низ ба инобат гирифт ва ин анъана то ҳол идома дорад, — гуфт М. Имомзода.

- Вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Леваканд, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ, Темурмалик, Шамсиддин Шоҳин, Кӯшониён, Рашт, Спитамен, Истаравшан, Истиқлол, Ваҳдат ва монанди инҳо аз ҷумлаи номҳоеанд, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар арзи ҳастӣ кардаанд.

Хушбахтона, дар минтақаҳои кӯҳии кишвар номҳои хеле зиёди таърихӣ дар номгузории маҳалҳо, деҳаҳо ва дигар мавзеъҳои ҷуғрофӣ боқӣ мондаанд, ки моро ба умри беш аз 6000-сола доштаи забону миллат ошно месозанд. Аз ҷумла, номҳои таърихан қадимаи деҳаи Беғар баромади суғдӣ дошта, маънояш ҷойи бекӯҳ мебошад. Ё Пуғуз (чормағззор), Пшанбе (шикоргоҳ) ва ғайра. Ин тарзи номгузорӣ дар аксар номҳои ҷуғрофии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ, аз қабили Ёгед (деҳи Ҷам), Жак (заҳзамин), Жамот (заминҷо), Зиғар (поёни кӯҳ, кӯҳдоман, зеҳи кӯҳ), Зугванд (макони зок, замч), Каёнен (нокзор),  Паткуноб (деҳаи поёни назди рӯд), Пехо (теппаҳои нӯгтез), Птуп (офтобрӯя) ва садҳо номи дигар дида мешавад, ки аз забонҳои куҳани ориёӣ — авастоиву сакоӣ ва суғдиву бохтарӣ ҳикоят мекунанд ва осорхонаи зиндаи таърихии сарзамин буда, куҳандиёр будани кишварро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд.

Муҳаммадюсуф Имомзода аз он изҳори таассуф намуд, ки теъдоди зиёди номҳои ҷамоати шаҳраку деҳот ва деҳаҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ такрор меёбанд. Масалан, зимни номгузории шаҳраку деҳот ва маҳалҳои аҳолинишин дар кишвар номҳои Ваҳдат дар 31 деҳу шаҳрак, Истиқлол — 25, Баҳористон — 15, Гулистон — 41, Бӯстон — 26, Лолазор — 17, Зарнисор — 15, Меҳробод — 16, Навобод — 38, Тоҷикистон — 4, Файзобод — 17, Чашмасор — 15, Тоҷикобод — 8, Пахтакор — 15, Иттифоқ — 11, Дӯстӣ — 19, Кӯҳдоман дар 10 мавзеъ ва ғайра расман ба қайд гирифта шудаанд.

Бархе аз комиссияҳои номгузории шаҳру ноҳияҳои кишвар хусусиятҳои таърихӣ, ҷуғрофӣ, геологӣ, биологӣ ва касбу кори мардуми маҳалҳои аҳолинишин ва деҳоти навбунёдро ба назар нагирифта, дар қолаби ғайримеъёрӣ номҳоеро пешниҳод менамоянд, ки дар таъриху суннати номгузории миллӣ дар ягон асру замон истифода накардаанд. Масалан, номгузории шаҳраку деҳот бо номи Наврӯз, Меҳргон, Намуна, Орзу, Саховат, Ҷавонӣ ва ғайра ба қайд гирифта шудаанд, ки ҳаргиз ифодакунандаи номи маҳал ё шаҳраку деҳот буда наметавонанд.

Номгузории нави шаҳру ноҳияҳо бо дарназардошти хусусиятҳои миллию таърихӣ амалӣ гардида, номи аксарияти онҳо, ки дар даврони шӯравӣ гузошта шуда буданд, ба номҳои шинам ва мақбули тоҷикӣ, аз қабили Куйбишев ба Абдураҳмони Ҷомӣ, Коммунистӣ ба Бохтар (ҳоло Кӯшониён), Совет ба Темурмалик иваз карда шуданд.

Аз соли 2000,  яъне аз рӯзи оғози фаъолияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ вобаста ба масъала 88 қарор қабул шудааст. Мутобиқи онҳо ба 1113 воҳиди маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин, яъне 1 вилоят, 7 шаҳр, 23 ноҳия, 17 шаҳрак, 98 деҳот ва 966 деҳа ном гузошта ё номи онҳо тағйир дода шудаанд, ки нисбат ба маълумоти омори расмӣ тафовут мушоҳида мегардад.

Тибқи омори расмӣ то 1 январи соли 2018 дар ҷумҳурӣ 370 ҷамоати деҳот ба қайд гирифта шудааст, ки 98-тои он (26,4 фоиз) тағйири ном кардаанд.

Бинобар авҷгирии сохтмони манзили шахсӣ солҳои охир маҳалҳои аҳолинишини нав ба вуҷуд омаданд ва то ҳол барасмиятдарории ҳуқуқии онҳо роҳандозӣ нашудааст. Аз рӯи маълумоти дастрасшуда, баъзе деҳаҳое, ки солҳои пеш, ҳатто дар даврони шӯравӣ ташкил шудаанд, ба расмият дароварда нашудаанд. Дар натиҷа, мутобиқи  маълумоти омор аз 4223 деҳаи бақайдгирифташуда 478-тои он (вилояти Хатлон – 238, вилояти Суғд – 63, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 161, ВМКБ — 16) қарор оид ба таъсис доданро надоранд.

Бо сабаби маҳалли аҳолинишин набудани бӯстонсаройҳо дар онҳо бунёд кардани муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, мактабу бунгоҳу китобхона номумкин аст. Бинобар ин, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат пешниҳод намуд, ки зарурати қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба маҳаллаҳои аҳолинишин гузаронидани бӯстонсаройҳо» пеш омадааст ва нисбат ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳодоти мушаххас манзур намуд.

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода изҳор намуд, ки бо номи як шахс ва ё шахсият на бештар аз як маҳалли аҳолинишин гузошта шавад ва мутобиқи суннати номгузории гузашта номи ашхос аз ҳадди эъти­дол бештар гузошта нашавад. Мутобиқи таҳлилҳо баъзе санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар, аз ҷумла Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 31 октябри соли 2009 таҳти №609 «Оид ба Тартиби номгузорӣ ва дигар кардани номи корхонаҳои давлатӣ, истгоҳҳои роҳи оҳан, фурудгоҳҳо, ташкилоту муассисаҳо, таълимгоҳҳо, инчунин объектҳои физикию ҷуғрофӣ» дар татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва сиёсати забони давлатӣ монеа эҷод мекунанд. Зеро тибқи моддаи 18-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузоштани номи воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин  ба номи ашхос иҷозат аст, вале дар кадом қолаб номгузорӣ намудани ҷойномҳо нишон дода нашудаанд, ки вобаста ба ин масъала, зарурат ба миён меояд, то дар санадҳои зикршуда  тағйиру иловаҳо ворид намуда, дар ҳаллу фасли ин мушкилот ба мақомоти ваколатдор оид ба сиёсати забони давлатӣ афзалият нишон дода шавад.

Гавҳар Шарофзода ёдовар шуд, ки номҳое, аз қабили Ҳаштуми март, Якуми май, Нуҳуми май ва ғайра ҳеҷ гоҳ ифодагари номи маҳал шуда наметавонанд. Аз ин рӯ, Кумитаи забон ва истилоҳот дар мавзӯи номгузорӣ китоберо таҳти унвони «Ҷойномҳои миллӣ» омодаи чоп кард, ки ба бисёр масъалаҳо равшанӣ хоҳад андохт.

Муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадиб­роҳим Осимзода таъкид намуд, ки номгузорӣ як ҷузъи муҳими забон ва инъикоскунандаи асолату фарҳанги миллат мебошад. Бинобар ин, дар масъалаи номгузорӣ бояд аз имкониятҳои забони тоҷикӣ ва низоми таърихан ташаккулёфтаи миллӣ истифода бурда шавад. Таҳлил ва санҷишҳои прокурорӣ собит менамоянд, ки ҳанӯз дар самти бақайдгирӣ ва ногузории аҳоливу воҳидҳои маъмурӣ мушкилот ҷой доранд. Чунончӣ, аз 4223 деҳаи мавҷуда то ҳол 478-тояш қарор оид ба таъсис доданро надошта, ба қайд гирифта нашудаанд, ки ин ҳангоми гирифтани шаҳодатномаи таваллуд, фаро гирифтан ба таълим, даъват ба хизмати ҳарбӣ, иштирок намудан дар маъракаҳои сиёсӣ мушкилот ба миён меорад. Инчунин, номи баъзе аз воҳидҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон ва Мастчоҳи вилояти Суғд, Бохтар, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор ва Қубодиёни вилояти Хатлон бо забони ғайридавлатӣ боқӣ монда, барои ивазкунии онҳо аз тарафи комиссияи татбиқи Қонун дар бораи забони давлатии шаҳру ноҳияҳои зикршуда чораандешӣ нашудааст.

Директори Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода зикр намуд, ки ба масъалаи номгузорӣ боэҳтиёт муносибат бояд кард. Воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва нуқтаҳои аҳолинишин ба забон ва ҳаёти халқ робитаи ногусастанӣ доранд. Зеро таърихи қадимаи халқи тоҷик бо далелҳои забонӣ маънидод мешавад ва номҳои ҷуғрофӣ баёнгари ҳодисаҳои бузурги таърихӣ мебошанд.  Забони модарӣ дар мубориза бо аҷнабиён ҳамеша муттаҳидгари халқи тоҷик буд ва ин раванд дар қисмати зиёди номҳои ҷуғрофӣ дарҷ гардидааст. Номҳои ҷуғрофӣ шакли бунёдиро садсолаҳо нигоҳ медоранд. Номгузори асосӣ халқ мебошад. Аз ин рӯ, зимни номгузорӣ раъйи мардум гирифта мешавад, ки комилан дуруст аст.

Вобаста ба мавзӯъ, инчунин, муовини якуми раиси Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бег Қурбонзода ва директори Муассисаи давлатии «Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик» Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ андеша баён карданд.

Дар хотима вобаста ба масоили баррасигардида қарор ва тавсияҳо қабул гардиданд.

Самариддин АСОЗОДА, Сайфиддин СУННАТӢҶамшеди САБОҲИДДИН, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ