Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бо­раи аз вазифаи муовини якуми раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Ашурзода А. А.

№37 (3987) 04.04.2019

Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи банди 2 қисми якуми моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ашурзода Абдулҳафиз Абду бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якуми раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шавад.

 

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон              М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 29 марти соли 2019, № 645