Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Минбаъд назорати истифодаи симкортҳо бештар тақвият дода мешавад

№68 - 69 (4018 - 4019) 15.06.2019

DSC_5577Аъзои Маҷлиси миллӣ баробар бо ҷонибдории қонунҳои мукаммал ва тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда, ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ зарур ҳисобиданд

Дувоздаҳуми июни соли 2019 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор шуд.

РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Тибқи маълумоти пешниҳодгардида, аз 30 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ 29 нафар дар толор иштирок доранд.

Баҳри бори дигар дақиқ намудани шумораи иштирокдорон аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш менамоям бо истифода аз системаи электронӣ аз қайд гузаред. Мар­ҳамат.

Дар толор 29 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ҳузур доранд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Дар Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон даъвати панҷум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқти­содӣ, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, раиси Палатаи ҳисоб, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва на­мо­яндагони восита­ҳои ахбо­ри омма, ки даъват гардидаанд, иштирок доранд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мутобиқи моддаи 20 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро кушода эълон мена­моям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мутобиқи моддаи 25 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон, зарур аст, ки шумора ва ҳайати котиботи Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷумро баррасӣ ва қабул намоем.

Лоиҳаи қарор дар ин хусус ба шумо пешниҳод гардидааст. Нисбат ба он таклифҳои дигар бошанд, марҳамат, изҳор намоед. Чӣ гуна пешниҳодҳо доред?

Бо дарназардошти пешниҳоди баёнгардида, лои­ҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи котиботи Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» -ро ба овоз мемо­нам ва хоҳиш менамоям мавқеи хешро муайян созед. Марҳамат.

Қарор қабул гардид.

Аз ҳайати котибот: раиси он -Ҷаббори Ғаффор, аъзо — Бобобекова Меҳринисо ва Неъматзода Қурбонмурод Ҳақризо хоҳиш менамоям, ки ҷойҳои муқарраргардидаро ишғол намоянд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба мо зарур аст, ки рӯзномаи Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро тасдиқ намоем. Нисбат ба масъалаҳои он пешниҳоду таклифҳои иловагӣ бошанд, марҳамат изҳор намоед.

Бо дарназардошти пешниҳодҳои шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, лоиҳаи Қарори Маҷ­лиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯз­но­маи Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум»-ро ба овоз мемонам ва хоҳиш менамоям мав­қеи хешро муайян созед. Марҳамат.

Қарор қабул гардид.

Ба рӯзномаи Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум масъалаҳои зерин ворид гардиданд:

1. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология интихоб намудани Файзуллозода З. Х.»

2. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҳолати ҷангӣ»

4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

7. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»

8. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»

9. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия»

10. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ»

11. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

12. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо»

13. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи чарогоҳ»

14. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об»

15. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҳунармандӣ»

16. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

17. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»

18. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»

19. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»

20. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор»

21. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»

22. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ»

23. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонки исломӣ»

24. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд»

25. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он»

26. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Акрамов А. М.»

27. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Лутфуллозода Шавкат»

28. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Лутфуллозода Шавкат»

29. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Давлатзода Х. Л.»

30. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Раҳмонзода М. Ш.»

31. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ҳаким Р. А.».

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Тибқи моддаҳои 24 ва 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», моддаҳои 4 ва 14 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзадии Файзуллозода Зафар Хайруллоро барои интихоб намудан ба вазифаи раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология пешниҳод менамоям.

Марҳамат, ба муҳтарам Файзуллозода Зафар Хайрулло савол доред? Агар саволҳо набошанд, оид ба масъала лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумо пешниҳод гардидааст. Онро ба овоз мемо­нам. Марҳамат, мав­қеи худро муайян на­моед.

Қарор қабул гардид.

Муҳтарам Файзуллозода Зафар Хайрулло, шуморо ба муносибати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология интихоб шуданатон самимона шодбош менамоям.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мебахшем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Ку­ми­таи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои ин­сон, шаҳр­­ванд ва қонуният муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода меша­вад. Мар­ҳамат.

Раҳмон Озода Эмомалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шуда, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22-юми майи соли 2019 қабул кардааст.

Он бо мақсади мутобиқсозӣ, истифодаи мафҳумҳои якхела ва тақвият додани назорат аз болои кадрҳои мақомоти прокуратура қабул карда шудааст.

Ҳамин тариқ, тағйироте, ки ба моддаи 5-уми қонуни конститутсионӣ ворид карда мешавад, хусусияти мутобиқсозӣ дошта, истифодаи мафҳуми ягонаро дар соҳаи истеҳсолоти иҷро таъмин менамояд.

Тибқи иловаҳои дигар, минбаъд шаҳрвандон ҳангоми ба кор қабул шудан ба мақомоти прокуратура, ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ, инчунин эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худро пешниҳод менамоянд.

Қонуни конститутсионии мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо хоҳиш карда мешавад, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз мо­нда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳолати ҷангӣ» ба шумор меравад. Сухан оид ба ин масъала ба муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Мар­ҳамат.

Раҳмон Озода Эмомалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳолати ҷангӣ» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 29-уми майи соли 2019 қабул кардааст.

Он бо мақсади танзими муносибатҳо вобаста ба эълони ҳолати ҷангӣ қабул шуда, аз 18 модда иборат мебошад.

Дар қонун мақсад ва асосҳои ҷорӣ намудани ҳолати ҷангӣ, ҳамчунин салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар давраи ҳолати ҷангӣ пешбинӣ шудааст.

Мувофиқи қонун, ҳолати ҷангӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуда, фармони мазкур барои тасдиқ ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда мешавад. Ҳолати ҷангӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор карда мешавад.

Инчунин, қонуни мазкур чораҳои таъмини ҳолати ҷангӣ, вазъи ҳуқуқии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар давраи ҳолати ҷангӣ муқаррар ва дар он талабот нисбат ба ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонун ва тартиби мавриди амал қарор додани он ифода шудаанд.

Қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо хоҳиш карда мешавад, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҳолати ҷангӣ» ба овоз мо­нда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мебахшем. Сухан оид ба ин масъала ба муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Мар­ҳамат.

Раҳмон Озода Эмомалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва 22-юми майи соли 2019 аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул гардидааст. Он бо мақсади тақвият додани назорат аз болои истифодаи симкортҳо қабул карда шудааст.

Ҳамин тариқ, ба Кодекс моддаи 3411 илова карда шуда, барои вайрон кардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба пайвасткунии симкорт ба шабакаи алоқаи барқӣ ва ба соҳибияти каси дигар додани он ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ карда мешавад. Яъне, минбаъд содир кардани кирдорҳои зерин боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ мегардад:

- вайрон кардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба пайвасткунии симкорт ба шабакаи алоқаи барқӣ, агар чунин кирдор баъди як соли татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад;

- ғайриқонунӣ пайваст кардани симкорт ба шабакаи алоқаи барқӣ ва ё;

- аз ҷониби истифодабарандаи симкорт ба соҳибияти каси дигар додани он, агар симкорт дар содиркунии ҷинояти хусусияти террористӣ ё экстремистидошта истифода гардида бошад.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо хоҳиш карда мешавад, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз мо­нда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шумор меравад. Оид ба ин масъала сухан ба муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ вогузор мешавад. Мар­ҳамат.

Раҳмон Озода Эмомалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагон 26 апрели соли 2019 қабул кардааст.

Он қисман хусусияти мутобиқсозӣ ва таҳрирӣ дошта, ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» ва «Дар бораи инҳисороти табиӣ» мувофиқ карда шудааст. Ғайр аз ин, диспозитсияи моддаи 558-уми кодекс такмил ва васеъ карда, ба он қисми 3-юм илова шудааст.

Ҳамин тариқ, минбаъд барои аз тарафи субъекти инҳисороти табиӣ пешниҳод накардани дархост оид ба додани ризоият доир ба талаботи соҳаи инҳисороти табиӣ ва пешниҳод накардани маълумоти зарурӣ ҷавобгарии маъмурӣ муқаррар карда мешавад.

Ҳамчунин, барои огоҳ накардани мақомоти ваколатдори танзимкунандаи фаъолияти инҳисороти табиӣ дар хусуси соҳиб шудан ба шумораи бештари овозҳо ё тағйири овозҳои ба онҳо тааллуқдошта низ ҷавобгарӣ пешбинӣ карда мешавад.

Қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо хоҳиш карда мешавад, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз мо­нда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мебахшем. Аз рӯи ин масъала сухан ба муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.

Раҳмон Озода Эмомалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, онро Маҷлиси намояндагон 22 майи соли 2019 қабул кардааст. Он бо мақсади такмили Кодекс, мутобиқсозӣ ва истифодаи мафҳумҳои якхела ва тақвият додани назорат аз болои истифодаи симкортҳо қабул карда шудааст.

Ҳамин тариқ, ба Кодекс моддаи 3501 илова карда шудааст, ки мувофиқи он, минбаъд барои риоя накардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба пайвасткунии симкорт ба шабакаи алоқаи барқӣ ҳангоми набудани аломати ҷиноят ҷавобгарии маъмурӣ дар намуди ҷарима муқаррар карда мешавад.

Тағйироте, ки ба моддаҳои 530 ва 533-юми Кодекс ворид карда шудааст, хусусияти мутобиқсозӣ дошта, истифодаи мафҳуми ягонаро дар соҳаи истеҳсолоти иҷро таъмин менамояд.

Қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо хоҳиш карда мешавад, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз мо­нда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шумор меравад. Аз рӯи ин масъала сухан ба муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода меша­вад. Мар­ҳамат.

 Раҳмон Озода Эмомалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шуда, онро Маҷлиси намояндагон 22 майи соли 2019 қабул кардааст.

Тағйироте, ки ба моддаҳои 124, 133, 207, 400, 418, 419, 422 то 4271 Кодекс ворид карда мешавад, хусусияти мутобиқсозӣ дошта, истифодаи мафҳуми ягонаро дар соҳаи истеҳсолоти иҷро таъмин менамояд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо хоҳиш карда мешавад, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз мо­нда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» оғоз мебахшем. Сухан оид ба ин масъала ба муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.

 Раҳмон Озода Эмомалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, онро Маҷлиси намояндагон 22 майи соли 2019 қабул кардааст.

Он бинобар таъсис ёфтани Хадамоти иҷро ва аз тобеияти Вазорати адлия ба Хадамоти иҷро гузаштани масъалаҳои истеҳсолоти иҷро, қабул шуда, хусусияти мутобиқсозӣ ва таҳрирӣ дорад. Ҳамин тариқ, тағйироте, ки ба қонуни амалкунанда ворид карда мешавад, истифодаи мафҳуми ягонаро дар соҳаи истеҳсолоти иҷро таъмин менамояд.

Тибқи тағйирот дар моддаҳои 40, 87, 97, 981 ва 99-ум калимаҳои «вазири адлия» ва «Вазорати адлия» ба калимаҳои «сардори Хадамоти иҷро» ва «Хадамоти иҷро» иваз карда мешавад.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо хоҳиш карда мешавад, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ба овоз мо­нда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ба шумор меравад. Сухан оид ба он ба муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода меша­вад. Мар­ҳамат.

 Раҳмон Озода Эмомалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, онро Маҷлиси намояндагон 22 майи соли 2019 қабул кардааст.

Он бо мақсади мутобиқсозӣ, истифодаи мафҳумҳои якхела ва тақвият додани назорат аз болои кадрҳои мақомоти корҳои дохилӣ қабул карда шудааст. Ҳамин тариқ, мувофиқи тағйиру илова, минбаъд шаҳрвандон ҳангоми ба кор қабул шудан ба мақомоти милитсия, ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ, инчунин эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худро пешниҳод менамоянд. Кормандони милитсия низ (ғайр аз ҳайати техникӣ ва хизматрасон) уҳдадор мешаванд, ки бо тартиби муқарраргардида эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худро пешниҳод намоянд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо хоҳиш карда мешавад, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ба овоз мо­нда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» оғоз мебахшем. Сухан оид ба ин масъала ба муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.

 Раҳмон Озода Эмомалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, онро Маҷлиси намояндагон 22 майи соли 2019 қабул кардааст.

Тағйире, ки ба моддаи 10-уми қонуни амалкунанда ворид карда мешавад, хусусияти мутобиқсозӣ дошта, истифодаи мафҳуми ягонаро дар соҳаи истеҳсолоти иҷро таъмин менамояд ва ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо хоҳиш карда мешавад, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» ба овоз мо­нда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шумор меравад. Аз рӯи ин масъала сухан ба муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.

Раҳмон Озода Эмомалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, онро Маҷлиси намояндагон 29 майи соли 2019 қабул кардааст.

Он бо дарназардошти пайдо шудани таҳдидҳои наву муосир дар ҷаҳон дар самти таъмини амнияти давлатӣ такмил дода шудааст. Минбаъд мақомоти разведкаи ҳарбӣ метавонад дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун барои иштирок дар амалиётҳои зиддитеррористӣ ва махсуси дигар низ истифода шавад.

Мувофиқи иловаи дигар, корманди мақомоти разведкаи ҳарбӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳуқуқ дорад силоҳ, техникаи ҳарбӣ ва махсусро, тибқи талаботи қонунгузорӣ, истифода намояд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо хоҳиш карда мешавад, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз мо­нда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» оғоз мебахшем. Оид ба ин масъала сухан ба муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода меша­вад. Марҳамат.

Раҳмон Озода Эмомалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва 22 майи соли 2019 аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул шудааст.

Он бо мақсади мутобиқсозӣ, истифодаи мафҳумҳои якхела ва тақвият додани назорат аз болои кадрҳои мақомоти Агентии назорати маводи нашъаовар қабул гардидааст. Ҳамин тариқ, қисми дуюми моддаи 7 дар таҳрири нав ифода ёфта, моддаи нави 71 илова карда шудааст.

Минбаъд шаҳрвандон ҳангоми ба кор қабул шудан ба Агентии назорати маводи нашъаовар, ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ, инчунин эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худро пешниҳод менамоянд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо хоҳиш карда мешавад, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи чарогоҳ» ба шумор меравад.

Сухан оид ба ин масъала ба раиси Куми­таи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология муҳтарам Файзуллозода Зафар Хайрулло дода мешавад. Марҳамат.

ФАЙЗУЛЛОЗОДА Зафар Хайрулло:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев, Рустам Латифзода, Мирзоанвар Ахмедов, Бибидавлат Авзалшоева ва Баҳром Абдуалимов пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 апрели соли 2019 қабул на­му­дааст.

Он бо мақсади тақвият бахшидан ба заминаи ҳуқуқии бамеъёрдарории истифодабарӣ, ҳифзи чарогоҳ ва бартараф намудани мухолифат дар муносибатҳо байни чарогоҳистифодабарандагон таҳия гардидааст. Ҳамин тариқ, ба қонун 1 боб ва 5 моддаи нав илова гардида, моддаҳои алоҳидаи қонуни амалкунанда таҳрир ва мушаххас гардонида шуданд. Илова бар ин, ба қонуни пешниҳодшуда 10 истилоҳу мафҳум бо истифода аз калима ва ибораҳои оммафаҳм илова гардид.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ­эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Аз шумо — муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи чарогоҳ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об» оғоз бахшида, идомаи суханро ба муҳтарам Файзуллозода Зафар Хайрулло вомегузорем. Марҳамат.

ФАЙЗУЛЛОЗОДА Зафар Хайрулло:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби собиқ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев, Рустам Латифзода, Олимҷон Бобоев, Олимҷон Сафаров ва Мирзоанвар Ахмедов таҳия гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 майи соли 2019 қабул намудааст.

Он муносибатҳои иқтисодию молиявиро байни хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ташкилотҳои давлатии соҳаи обро танзим намуда, ба нигоҳдорӣ ва истифодаи босамари шабакаҳои дохилихоҷагӣ, таъмини боэътимоди об, инчунин ба танзим ва дастгирии соҳа аз тарафи давлат равона шудааст.

Дар қонуни пешниҳодшуда як қатор камбудиҳо ҷой доранд. Аз ҷумла, қисми 1 моддаи 29 қонуни қабулгардида бар хилофи қисми 1 моддаи 3 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки мувофиқи он бекор кардани боҷи давлатӣ танҳо бо роҳи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузорӣ дар бораи боҷи давлатӣ дар асоси ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мешавад.

Бо дарназардошти эроди дар боло зикргардида, қабули қонуни мазкурро мувофиқи мақсад намешуморем ва аз шумо — муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» оғоз мебахшем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Куми­таи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъ­ала­ҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, мао­риф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа муҳтарам Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.

 Фарҳод РАҲИМӢ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» бо тартиби истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 майи соли 2019 қабул намудааст.

Он бо мақсади устувор гардонидани соҳаи ҳунармандӣ, эҳё, ҳифз, рушд ва тарғиби санъатҳои маҳсулоти дастӣ дар тобиши анъанаҳои таърихию бостонии мардумӣ, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҳунармандон, фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди самти мазкур ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар доираи татбиқи амалии дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 доир ба эълон гардидани солҳои 2019- 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бармеоянд, инчунин ҷиҳати амалисозии ҳадафи чоруми стратегии кишвар -саноатикунонии босуръат таҳия ва қабул гардидааст.

Қонун аз 7 боб ва 15 модда иборат мебошад. Боби 1-ум фарогири муқаррароти умумӣ буда, аз 5 модда иборат мебошад, ки дар онҳо мафҳумҳои асосӣ васеъ шарҳ дода, вазифаҳо, принсипҳои асосӣ ва самтҳои ҳунармандӣ муайян карда шудаанд.

Боби 2-юм танзими давлатии соҳаи ҳунармандиро фаро гирифта, аз 3 модда иборат мебошад.

Боби 3-юм субъектони ҳунармандӣ ва ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳоро дар 2 модда баён намудааст.

Боби 4-ум аз 1 модда иборат буда, тартиби омӯзиши касбҳои ҳунармандиро дар ҷумҳурӣ муайян менамояд.

Боби 5-ум масоили дастгирии давлатии соҳаи ҳунармандиро дар 1 модда тавзеҳ додааст.

Ҳамчунин, боби 6 низ дар 1 модда ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳунармандиро ба танзим дароварда, боби 7 дар 2 модда муқаррароти хотимавиро бо дарназардошти риояи талабот ва тартиботи муқаррнамудаи қонунгузорӣ мавриди амал қарор додааст.

Қонуни мазкур ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ мебошад. Аз шумо — аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шумор меравад. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.

 АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 майи соли 2019 қабул намудааст.

Бо ҳамин мақсад, ба қисми 4 моддаи 169, номи боби 471, инчунин қисмҳои 1, 2, 3, 4 ва номи моддаи 3131 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти дахлдор ворид гардидааст, ки дар доираи он субъектҳои хоҷагидорӣ дар самти моҳипарварӣ ба муҳлати 6 сол аз пардохти андоз аз фоида, андози низоми содакардашуда, андоз аз арзиши иловашуда, андози истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андозҳо аз молу мулки ғайриманқул озод карда мешаванд.

Ҳамчунин, дар доираи тағйироти воридшуда, воридоти технологияву таҷҳизот ва маҳсулот барои таъминоти соҳаи моҳипарварӣ ва (ё) ҳангоми ворид намудани молҳо бевосита барои эҳтиёҷоти худи субъектҳои соҳаи моҳипарварӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод мегарданд.

Бояд зикр намуд, ки айни замон тартиби андозбандии субъектҳои соҳаи моҳипарварӣ дар асоси муқаррароти умумии Кодекси андоз ба роҳ монда шуда, дар оғози фаъолият субъектҳои соҳа дар низоми содакардашудаи андозбандӣ фаъолият намуда, тибқи моддаҳои 291 — 296 Кодекси андоз даромади умумии онҳо бо меъёри 5 фоиз мавриди андозбандӣ қарор гирифта истодааст.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ­эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо — муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз бахшида, суханро ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир медиҳем. Марҳамат.

 АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 майи соли 2019 қабул намудааст.

Он бо мақсади озод намудани субъектҳои соҳаи моҳипарварӣ аз боҷи гумрукӣ, инчунин, аз байн бурдани носаҳеҳӣ ва муқаррар намудани меъёри дақиқ дар қонунгузории соҳавӣ оид ба пешниҳоди эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии кормандони Хадамоти гумрук таҳия гардидааст. Ҳамин тариқ, бо мақсади дастгирии соҳаи моҳипарварӣ ба банди 18) моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шудааст, ки мутобиқи он, воридоти технологияву таҷҳизот ва маҳсулот барои таъминоти соҳаҳои парандапарвариву моҳипарварӣ аз пардохти боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.

Ҳамчунин, мутобиқи иловаҳо ба қисми 4 моддаи 483 банди 5), инчунин моддаи 485 дар таҳрири нав, минбаъд, дар ҳолати қабул шудан ба кор дар мақомоти гумрук, кормандон эъломия дар бораи даромад ва вазъи молумулкии ­худро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байнал­милалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ­эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо — муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ба шумор меравад. Сухан оид ба ин масъала ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.

 АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 апрели соли 2019 қабул намудааст.

Қонуни мазкур бо мақсади дарёфти манбаъҳои нави воридоти маблағ ба буҷети давлатӣ барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ, инчунин танзими сафарҳои ҳаҷ ва умра, таҳия гардида, мутобиқи он ба қонуни амалкунанда бобҳои 169 ва 1610 илова карда шудаанд.

Ҳамин тариқ, мутобиқи моддаи 6322, минбаъд ба ширкатҳои сайёҳӣ барои хизматрасонии (фурӯши) бастаҳои сайёҳӣ ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ барои ҳар як шабонарӯзи хизматрасонии меҳмонхона, осоишгоҳ, истироҳатгоҳ, пойгоҳи сайёҳӣ ва бӯстонсаро аз сайёҳони хориҷӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба хориҷи кишвар бо мақсади сайёҳӣ сафар менамоянд, имконияти ситонидани хироҷи сайёҳӣ дода шудааст.

Бояд қайд кард, ки пардохтҳои мазкур барои сайёҳи хориҷӣ барои як шабонарӯз дар Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон — 1,8 доллари ИМА; Туркманистон — 2 доллари ИМА; Қазоқистон — аз 2 то 4 доллари ИМА; Туркия — 1,5 евро (барои бехатарӣ); Украина — 8 доллари ИМА ва Федератсияи Россия — аз 50 то 100 рубл (вобаста аз минтақа) муқаррар карда шудааст.

Ҳамчунин, моддаи 6326 муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои сафарҳои ҳаҷ ва умра, инчунин мақомоти ваколатдорро муайян намуда, мутобиқи моддаи 6327 бошад, супорандагони хироҷ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки мақсади сафарҳои ҳаҷ ва умраро доранд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо — муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба ба­­ррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» оғоз бахшида, суханро ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир медиҳем. Марҳамат.

 АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 майи соли 2019 қабул намудааст.

Мақсади таҳияи қонун мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва ба танзим даровардани ҳиссаҷудокунӣ байни буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ба ҳисоб меравад. Қобили қайд аст, ки тибқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», маблағгузорӣ ва пардохтҳо барои додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ дар доираи маблағҳое амалӣ мегарданд, ки аз буҷетҳои дахлдор барои нигоҳдории мақомоти иҷозатдиҳанда ҷудо карда мешаванд, аммо моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» пешбинӣ менамояд, ки пардохтҳо барои додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ танҳо ба буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешаванд. Аз ин лиҳоз, бо мақсади аз байн бурдани гуногунфаҳмӣ, ба моддаи 4 қонуни амалкунанда иловаҳои дахлдор ворид карда шудаанд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ­эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо — муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ба шумор меравад. Сухан роҷеъ ба ин масъала ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.

 АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 апрели соли 2019 қабул намудааст.

Бинобар сабаби такмил ёфтани сохтори вазоратҳои кишоварзӣ, нақлиёту тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дар қисми 1 моддаи 10 қонуни амалкунанда тағйироти зарурӣ ворид карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бехатарии озуқаворӣ, инчунин, авиатсияи гражданӣ мақомоти ваколатдори давлатии санҷишӣ ба ҳисоб рафта, ваколатҳояшон мушаххас гардидаанд. Илова бар ин, ба як қатор моддаҳои қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудаанд, ки онҳо хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байнал­милалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ­эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо — муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» оғоз бахшида, суханро ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир медиҳем. Марҳамат.

 АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 майи соли 2019 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади такмили низоми иҷозатномадиҳӣ, таҳкими раванди маъмурикунонӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таҳия шудааст. Ҳамин тариқ, ба моддаи 1 қонуни амалкунанда мафҳумҳои «феҳристи иҷозатномаҳо» ва «феҳристи ягонаи давлатии электронии иҷозатномаҳо» ворид карда, қисми 2 моддаи 15 дар таҳрири нав ифода шудааст, ки дар он қоидаҳои пешбурди феҳристи иҷозатномаҳо мушаххас гардидааст.

Тибқи иловаҳо ба моддаи 5 қонуни амалкунанда, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷозатномадиҳӣ васеъ карда шуда, моддаи 51 бошад, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатномадиҳиро муайян менамояд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байнал­милалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ­эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо — муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ба шумор меравад. Оид ба ин масъала суханро ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир вомегузорем. Марҳамат.

 АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 майи соли 2019 қабул намудааст.

Бинобар таъсис ёфтани Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қисмҳои 3 ва 9 моддаи 48 қонуни амалкунанда калимаҳои «иҷрочии суд» ба калимаҳои «иҷрочии мақомоти иҷро» иваз гардидаанд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ­эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо — муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонки исломӣ» оғоз мебахшем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.

АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонки исломӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 майи соли 2019 қабул намудааст.

Бинобар таъсис ёфтани Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар банди 6) қисми 3 ва қисми 8 моддаи 54 қонуни амалкунанда калимаҳои «иҷрочии суд» ба калимаҳои «иҷрочии мақомоти иҷро» иваз гардидаанд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо — муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонки исломӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» ба шумор меравад. Аз рӯи ин ­масъала суханро ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир вомегузорем. Марҳамат.

АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 майи соли 2019 қабул намудааст.

Бинобар таъсис ёфтани Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сархати панҷуми қисми 3 ва қисми 8 моддаи 27 қонуни амалкунанда, ивази калимаҳои «иҷрочии суд» ба калимаҳои «иҷрочии мақомоти иҷро» пешбинӣ шудааст.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ­эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо — муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» оғоз мебахшем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.

АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 майи соли 2019 қабул намудааст.

Бинобар таъсис ёфтани Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар матни моддаи 64 қонуни амалкунанда иваз намудани калимаҳои «иҷрочии суд» ба калимаҳои «иҷрочии мақомоти иҷро» пешбинӣ гардидааст.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ­эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо — муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Акрамов Аҳтам Маҳрамович» оғоз мебахшем. Сухан оид ба ин масъала ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷли­си Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ализода Зариф дода мешавад. Мар­ҳамат.

Ализода Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳод дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Акрамов Аҳтам Маҳрамович ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бо­раи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Акрамов Аҳтам Маҳрамович» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Лутфуллозода Шавкат» мебошад. Аз рӯи ин масъала сухан ба муҳтарам Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.

Ализода Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бозхонд намудани Лутфуллозода Шавкат ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бо­раи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Лутфуллозода Шавкат» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Лутфуллозода Шавкат» мебошад. Аз рӯи ин масъала сухан ба муҳтарам Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.

Ализода Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, пешниҳод дар бораи муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Лутфуллозода Шавкат ирсол мегардад.

 Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бо­раи муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Лутфуллозода Шавкат» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон интихоб намудани Давлатзода Хусрав Лутфулло» мебошад. Аз рӯи ин масъала сухан ба муҳтарам Ализода Зариф дода мешавад. Мар­ҳамат.

Ализода Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, пешниҳод дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Давлатзода Хусрав Лутфулло ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бо­раи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Давлатзода Хусрав Лутфулло» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Раис: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон интихоб намудани Раҳмонзода Маҳмад Шариф» мебошад. Аз рӯи ин масъала сухан ба муҳтарам Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.

Ализода Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, пешниҳод дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Раҳмонзода Маҳмад Шариф ирсол мегардад.

 Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бо­раи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Раҳмонзода Маҳмад Шариф» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи ниҳоӣ лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ҳаким Рухшона Аскар» мебошад. Аз рӯи ин масъала сухан ба муҳтарам Ализода Зариф дода мешавад. Мар­ҳамат.

Ализода Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, пешниҳод дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ҳаким Рухшона Аскар ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бо­раи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ҳаким Рухшона Аскар» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Сухан ба раиси котибот муҳтарам Ҷаббори Ғаффор дода мешавад. Марҳамат!

Ҷаббори Ғаффор: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ! Унвонии иҷлосия ягон мактуб ё барқия ворид нашудааст.

РАИС: — Масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баррасӣ ва қарорҳои марбута қабул гардиданд. Доир ба рафти иҷлосия пешниҳодҳо, таклифу эродҳо бошанд, марҳамат иброз намоед.

Бо иҷозати шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳозирини арҷманд, аз номи Раёсат ба раи­сони куми­таҳо, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва онҳое, ки дар баргузории иҷлосия ва баррасии масъалаҳо фаъолона ширкат намуданд, миннатдории хешро изҳор менамоям.

Ба шумо — ҳамкорон ва ҳозирини гиромӣ, дар амалӣ намудани рисолати аъзои Маҷлиси миллӣ ва иҷрои вазифаҳое, ки Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи мо вогузош­таанд, муваффақиятҳои беназир таманно менамоям.

Бо ҳамин Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро пӯшида эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

Самариддин АСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, Сайфиддин СУННАТОВ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ