Ба таваҷҷуҳи мақомоти дахлдор

581 деҳа дар ҷумҳурӣ қарор оид ба таъсис надорад

№120 (4070) 08.10.2019

Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Муҳаммадюсуф Имомзода 30-юми сентябри соли равон дар ҷаласаи Кумита оид ба натиҷаҳои татбиқи қарор ва тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ «Оид ба номгузориву номивазкунии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва қисмҳои таркибии онҳо дар заминаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гуфт, ки дар ҷумҳурӣ то ҳол 581 деҳа қарор оид ба таъсис надорад. Аз ин шумора 107 ададашон деҳаҳои хурд мебошанд, ки шумораи хоҷагиҳояшон аз 2 то 10 ва шумораи аҳолиашон аз 10 то 93 нафар мебошад.

- Бо мақсади иҷрои супориши протоколии ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум аз 10 июли соли 2019 таҳти №23 кумитаи зикршуда ҷиҳати муайян намудани шумораи маркази маъмурии ноҳияҳои кишвар, ки то кунун мақоми деҳаро доро мебошанд, таҳлили амиқро ба сомон расонида, бо дарназардошти сазовор ҷашн гирифтани 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина баҳри пай дар пай амалӣ намудани фаъолияти судманд оид ба категорияи шаҳрак мутобиқ ва мансуб донистани марказҳои маъмурии ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа, Рӯшон, Шуғнон, Носири Хусрав, Дӯстӣ, Балҷувон, Шамсиддин Шоҳин, Варзоб, Шаҳринав ва Сангвор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол намуд, — гуфт Муҳаммадюсуф Имомзода.

Ӯ зикр намуд, ки аз ҷониби олимони соҳа таъкид гардидааст, ки дар назди мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ва ноҳияҳо аз ҷумлаи мутахассисони соҳаи забон мушовирон фаъолият дошта бошанд, то номҳои саҳеҳ пешниҳод карда шавад. Инчунин, номҳое, ки ба таърихи маҳал ва ҳодисаҳои таърихии марбути маҳалҳо вобастагӣ доранд, ҳифз карда шуда, тасмими ниҳоӣ дар ин маврид дар ҷаласаи ҳайати илмии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шавад.

Қарору тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ дар нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дарҷ карда шуда, иҷрои онро комиссияҳои таъсисдодаи назди мақомоти зикршуда оид ба ҳалли масъалаҳои номгузориву номивазкунии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин таъмин месозанд.

Инчунин, комиссияҳои таъсисдодаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ риояи талаботи қонунҳои соҳавиро таъмин намуда, ҳангоми номгузорию номивазкунии маҳалҳои аҳолинишин тибқи тартиби муқарраргардида хулосаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастрас мекунанд ва ба сокинони воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва қисмҳои таркибии онҳо барои интихоби ном бо арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, худшиносӣ, тарғиби тамаддуну фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии мардум мусоидат менамоянд.

Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ нусхаи қарор ва протоколи иҷлосияҳоро оид ба масъалаи номгузориву номивазкунӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамоянд, ки Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ тавассути Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ онҳоро мавриди омӯзишу таҳлил ва чораҷӯӣ қарор медиҳад, — гуфт Муҳаммадюсуф Имомзода. 

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»