Зан манбаи саодату меҳру зиндагист

№31 (4137) 12.03.2020

Бо мақсади сазовору хотирмон истиқбол намудани ҷашни зебову фархундаи Рӯзи Модар дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади идона баргузор гардид.

Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизроб Кабиров занону бонувон — кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва дар шахси онҳо кулли модарони Тоҷикистони азизро табрику муборакбод гуфта, аз ҷумла, зикр намуд, ки «дар ҳар самти фаъолияти пурсамари Маҷлиси намояндагон меҳнати модарону бонувон баръало намоён аст».

Сипас, Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким дар васфи занону бонувон чанд пораи шеърӣ қироат кард. Ҳаҷвнигори шинохта Бахтиёр Раҳимов бо лутфу зарофат ва ҳаҷви намакин хотири ҳозиринро болида дошта, ба онҳо рӯҳияи баланди идона ато намуд.

Дар интиҳо туҳфаҳои хотиравии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ба бонувон тақдим карда шуд.

Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон