Аҳамияти таърихии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

№136 (4086) 12.11.2019

ХолмахмадзодаХалқи куҳанбунёди тоҷик пас аз талошу муборизаҳои чанд садсола 9 — уми сентябри соли 1991 соҳиби Истиқлолияти давлатӣ гардид ва 6 — уми ноябри соли 1994 бори аввал Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро қабул намуд.

Бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷалби олимони намоёни соҳаи ҳуқуқ, сиёсатшиносон ва дигар мутахассисони варзида дар заминаи омӯзиши таҷрибаву дастовардҳои инсоният дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ ва адолатпарвар, бо дарназардошти арзишҳои олии миллат, анъанаҳои таърихиву фарҳангӣ ва суннатҳои миллӣ лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистон омода ва 6 — уми ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ аз ҷониби шаҳрвандони мамлакат қабул гардид, ки он, бешубҳа, бахтномаи тоҷикон мебошад. Зеро ҳар як меъёри он ҳамчун орзуву умеди деринаи ҳамдиёрон роҳи ояндаро барои садсолаҳо муайян кард.

Конститутсия ба ҷаҳониён эълон намуд, ки Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ, тоҷикон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон мебошанд, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас мешуморанд, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии миллату халқиятҳоро эътироф мекунанд, мақсади бунёди ҷомеаи адолатпарварро доранд. Тоҷикистон барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.

Дар тафовут аз конститутсияҳои шӯравӣ, Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол халқро сарчашмаи ягонаи ҳокимият эълон, инсон ва ҳуқуқу озодиҳояшро муқаддас эътироф намуд, яъне инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ аз давлат ҳам боло гузошта шуд.

Конститутсия тақсими ҳокимияти давлатиро ба қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ, забони тоҷикиро забони давлатӣ муайян кард. Дар Тоҷикистон забони русӣ забони муоширати байни миллатҳо муайян гардид, вале, дар баробари ин ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода баранд.

Конститутсия тарғиб ва амалиёти ҷудоиандозиро манъ намуд. Инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ дар Тоҷикис­тон дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ муайян гардид. Муқаррар карда шуд, ки мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад мафкураи давлатӣ эътироф гардад.

Бори нахуст санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии мамлакат эътироф шуданд.

Дар тафовут аз конститутсияҳои шӯравӣ, қонуни асосии Тоҷикистон шаклҳои гуногуни моликиятро асоси иқтисодиёти мамлакат эътироф намуд, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаклҳои моликият, аз ҷумла, моликияти хусусиро аз ҷониби давлат кафолат дод. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазир эълон шуданд. Эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон аз ҷониби давлат кафолат дода шуд. Муқаррар гардид, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин карда мешаванд.

Мутобиқи Конститутсия, ҳама дар назди қонун ва суд баробар, занон бо мардон баробарҳуқуқ эътироф шуданд. Яъне, сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк давлат ба ҳар кас ҳуқуқу озодиҳои баробарро кафолат дод.

Шиканҷа, ҷазо, муносибати ғайриинсонӣ, озмоиши маҷбурии тиббӣ ва илмӣ нисбат ба инсон манъ карда шуд.

Конститутсия маҳрамияти мукотиба, суҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти шахсро кафолат дод, ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн кардани маълумотро дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе розигии ӯ манъ намуд.

Ҳуқуқ дода шуд, ки ҳар як шахс муносибаташро нисбат ба дин мустақилона муайян кунад, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, бо хоҳиши худ дар маросим ва расму оини динӣ иштирок намояд.

Ҳуқуқи шаҳрвандон ба муттаҳидшавӣ, иштирок дар маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш ва раҳпаймоии осоишта кафолат дода шуд ва ҷалби маҷбурӣ ба ин чорабиниҳо манъ гардид.

Озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода, сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид, таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ карда шуд.

Бори нахуст Конститутсия бекор ва маҳдуд кардани ҳуқуқи шахс ба моликиятро манъ намуда, муқаррар кард, ки давлат молу мулки шахсро барои эҳтиёҷоти ҷамъият танҳо дар асоси қонун ва бо розигии соҳиби он ва пардохти арзиши пурраи молу мулк метавонад гирад.

Новобаста ба он ки Конститутсия дар замони хеле ҳассоси таърихӣ қабул гардид, тавонист қувваҳои сиёсии мамлакатро дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид ва сулҳу ваҳдати комилро дар кишвар барқарор намояд.

Ҳамин тариқ, тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 23 апрели соли 2014 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» зикр намуданд: «Конститутсияи кишвар Тоҷикис­тони моро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақили дорои низоми мукаммали ҳуқуқӣ муаррифӣ намуд, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, барои шароити зиндагии арзанда ба ҳар шахс заминаҳои устувори иҷтимоиву иқтисодӣ гузошта шудаанд».

Аз ин лиҳоз, Конститутсия аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва мутахассисони соҳа ҳамчун ҳуҷҷати нодири ҳуқуқии фарогири арзишҳои ҷомеаи демократӣ эътироф гардид, ки ҳангоми таҳияи конститутсияҳои давлатҳои тозаистиқлол ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқӣ истифода бурда мешавад. Ин мояи ифтихори ҳар як фарзанди Тоҷикистон аст.

Ҳамчунин, табиист, ки рушди устувору босуботи ҷомеа, тағйирот дар ҳаёти он ва пайдоиши муносибатҳои нави ҷамъиятӣ тақозо менамояд, ки дар заминаи рушди ҷомеа ва пайдоиши муносибатҳои нави ҷамъиятӣ меъёрҳои қонунгузорӣ, қабл аз ҳама, Конститутсия, пайваста такмил ёбад.

Дар робита бо ин, 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016, ба Конститутсия бо ҷонибдории шаҳрвандони Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардид, ки асоси рушду нумӯи равандҳои демократӣ дар Тоҷикистон, пайдоиши муносибатҳои нави ҷамъиятӣ дар ҷомеа шуданд. Аз ҷумла, мувофиқи тағйиру иловаҳо аз 22 майи соли 2016 муқаррар шуд, ки шакли идораи давлати Тоҷикистон ҷумҳурии президентӣ мебошад. Зеро, новобаста ба он ки дар моддаи 100 Конститутсия тағйирнопазирии шакли идораи ҷумҳурӣ муқаррар шудааст, шакли идораи он мушаххас набуд.

Ҳамин тариқ, тамоми тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсия ворид шуданд, ба мустаҳкам намудани асос­ҳои сохти конститутсионӣ ва рушди равандҳои демократӣ дар Тоҷикистон, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нигаронида шуданд. Аз ин лиҳоз, боварии комил дорем, ки ҳамватанони азиз фаъолиятро ба он равона мекунанд, ки ҳар як меъёри Конститутсия мувофиқи таъинот дар ҳаёт татбиқ гардад ва иштирокчии фаъоли бунёди ҷомеаи адолатпарвар, давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегарданд.

ХОЛМУҲАММАДЗОДА Азизмуҳаммад Холмуҳаммад, раиси Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон