Абармарде дар ҳифзи адолат

№101 (3738) 24.08.2017

ХУМДИН ШАРИФОВАз шиносоии ман бо Ҳомуддин Ҳасанович Шарипов 30 сол пур мешавад. Моҳи июни соли 1987 дар рухсатии меҳнатӣ будам. Ба ман хабар доданд, ки раиси Суди вилоят омада, бо онҳое, ки дар захираи кадрҳо номнавис шудаанд, вохӯрӣ мегузаронад. Рӯзи таъиншуда ба суди ноҳия ҳозир шудам.  Раис  барои интихоби номзадҳо ба вазифаи судяи Суди вилоят омада будааст. Он вақт гузаронидани озмун расм нашуда буд. Дар толор нафароне, ки дар захираи кадр­ҳо номнавис шуда буданд,  нишастем ва саволу ҷавоб оғоз гардид. Баъдан Ҳомуддин Ҳасанович варақаи баҳоҳоро нишон дода гуфтанд, ки ман аз ҳама зиёд ба саволҳо ҷавоб дода, холи зиёд гирифтаам. Аз ин рӯ, номзад ба вазифаи судя пешбарӣ карда мешавам. Рӯзи дигар ҳуҷҷатҳоямро омода намуда, ба раиси Суди вилоят супоридам ва 3-юми июли соли 1987  судяи Суди вилоят интихоб гардидам. Баъди ин фаъолияти якҷоя бо Ҳомуддин Ҳасанович оғоз гардид. Дар ин давра дарк намудам, ки он кас дили бузург доранд. Вақти худро дареғ надошта бо мо — судяҳои навтаъин пайваста машғулият мегузарониданд. Баъди рӯзи корӣ ду — се соат ба мо дарс меомӯхтанд. Нозукиҳои касби судягиро мефаҳмониданд. Ҳар як парвандаро, новобаста аз мушкилиаш, ҳаматарафа таҳлил мекарданд. Хуллас, ман аз мактаби бузурги ин марди фозил сабақ омӯхтам ва ӯро устоди худ медонам. Якҷо то аввали соли 1995,  яъне то давраи раиси Суди конститутсионӣ таъин шуданашон фаъолият доштем. Вале то лаҳзаи охирини ҳаёташон ҳамеша дар паҳлуи он кас будам ва аз ин фахр мекунам.

Дар мактаби ин марди бузург як қатор шогирдоне ба воя расиданд, ки дар мақомоти судии кишвар ва низоми ҳуқуқии мамлакат хизмати сазовор кардаанд ва карда истодаанд. Шермуҳаммад Шоҳиён — раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шодравон Мустафо Назаров — собиқ муовини раиси Суди конститутсионии мамлакат, Зариф Ализода – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва даҳҳо нафари дигарро ном бурдан мумкин аст, ки худро шогирдони Ҳомуддин Ҳасанович медонанд.

Берун аз кор низ Ҳомуддин Ҳасанович  барои мо намунаи ибрат буданд. Дар вақтҳои холӣ ба варзиш машғул мешудем. Аз мушкилоти зиндагии ҳар як узви коллектив огоҳ буданд ва ёрии худро ба ҳама мерасониданд. Аз адабиёт хуб огоҳӣ доштанд. Бахусус, таваҷҷуҳашон ба эҷодиёти халқ (фолклор) зиёд буд. Ҳангоми суҳбат ҳатман бо дубайтӣ ё рубоие фикри худро баён мекарданд. Шояд ин аз давраи донишҷӯйи Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ буданашон одат шуда бошад.

Рафиқону дӯстони зиёде доштанд, ки аз ҳаёти ҳамаи онҳо бохабар буданд.

Як ҳолат ҳеҷ аз ёдам намеравад. Моҳи августи соли 1988 модарам (Худо раҳмат кунад) сахт бемор буд. Ман ҳар рӯз баъди кор аз шаҳри Кӯлоб ба ноҳияи Фархор рафта, бемордорӣ мекардам. Шабе бемории ӯ сахт шуд ва то саҳар хобам набурд. Бо ҳамин ҳол ба кор рафтам. Дар утоқи корӣ маро хоб зер кардааст. Тахмин баъди ягон соат бедор шуда, ба берун баромадам. Мудири дафтархона Музаффар маро дида, пурсид, ки дар куҷо будам. Дар дафтари корӣ буданамро бовар накард, зеро ҳам дарро кӯфтааст ва ҳам бо телефон занг задааст. Инчунин, гуфт, ки раис пурсид. Ба назди раис даромадам. Узр пурсидам ва рости гапро гуфтам. Раис каме ба андеша  рафта, гуфтанд: «Модар сарвати бебаҳост, ба қадри модарон расидан даркор. Аз пагоҳ дар Суди ноҳияи Фархор санҷиш гузаронидан лозим. Ин корро худат ба анҷом расон». Бо ин супориши худ раис ба ман имконият доданд, ки дар лаҳзаи вопасини ҳаёташон дар паҳлуи модар бошам. Баъди ин ихлоси ман ба ин марди бузург даҳчанд гашт. Пасон медидам, ки чӣ тавр Ҳомуддин Ҳасанович нисбати падару модари худ меҳрубониҳо мекарданд.

Дар кор Ҳомуддин Ҳасанович хело сахтгир буданд. Дар паси ҳар як парванда одамро медиданд. Нисбат ба тақдири одам «бозӣ»-ро раво намедонистанд. Ҳамин буд, ки дар ҳама ҷо соҳиби эҳтиром буданд. Адолат барои вай чизи муқаддас буд.

Як мисол аз таҷрибаи корӣ исботи гуфтаҳои болост. Шахсеро барои расонидани зарари вазнини ба саломатӣ хавфнок ба муҳлати дароз маҳкум карда буданд. Вай бо ариза ба раиси Суди вилоят муроҷиат намуд. Бо парванда шинос шуда, раис дар шигифт монданд. Шахсеро, ки ба саломатии ӯ зарари вазнин расонида шудааст, аз деҳаи дурдаст мустақилона ба маркази ноҳия омада, аз он ҷо барои аз ташхис гузаронидан ба шаҳри Кӯлоб фиристода шудааст. Дар он ҷо аз ташхис гузашта, бозпас ба ноҳия рафтааст. Барои ҳамаи ин тахминан ним рӯз вақт зарур аст. Агар зарари ҷисмонии расонидашуда, дар ҳақиқат, вазнини барои саломатии ӯ хавфнок мебуд, оё ӯ метавонист мустақилона рӯзи дароз дар ҳавои гарм гаштугузор намояд? Ин саволҳо гузаронидани ташхиси навро тақозо менамуданд. Ташхиси нав  нишон дод, ки фақат зарари сабук ба саломатии он шахс расонида шудааст. Ин боис гашт, ки адолат барқарор шавад ва шахси гунаҳгор дар доираи ҷиноят ҷазо бинад. Барои мо — кормандони ҷавон ин як сабақи хуби амалӣ буд.

Дар давраи ҷангҳои шаҳрвандӣ низ, замоне ки раисии Суди вилояти Хатлонро бар уҳда доштанд, талқин мекарданд, ки ҳангоми баррасии парванда фақат ба далелҳо баҳо диҳем ва дигар масъалаҳои ба парванда дахлнадоштаро  ба инобат нагирем.

Баъди таъсиси Суди конститутсионӣ, мувофиқи Конститутсияи нави ҷумҳурӣ  Ҳ. Шарипов нахустин раиси он интихоб шуд. Биное, ки ҳоло Суди конститутсионӣ  ҷойгир аст, маҳз бо талошҳои ӯ ҷудо гардидааст.

Баъди муддати на чандон зиёд Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд ва барои таъмини заминаи ҳуқуқии фаъолият кӯшиши зиёд ба харҷ доданд.

Дар бораи фаъолияти Ҳ. Шарипов дар мансаби вазири корҳои дохилии  ҷумҳурӣ бисёр навиштаанд.  Дар ин мақом низ он кас худро шахси ботаҳаммулу кордон, далеру нотарс нишон доданд. Бисёриҳо бар он ақидаанд, ки милитсия дар замони роҳбарии Ҳомуддин Ҳасанович дар ҷомеа мақоми сазоворро соҳиб гашт. Борҳо шоҳиди он будам, ки ҳатто дар лаҳзаҳои беморӣ ӯ ба ҷойи табобат ба кор машғул буданд, амнияту тартиботи ҷамъиятиро балотар аз саломатӣ медонистанд. Ба пешниҳод дар бораи табобат файласуфона ҷавоб медоданд, ки ин корро баъди нафақа ҳам кардан мумкин аст.

Тобистони соли 2001 зимни гузаронидани амалиёт бар зидди гурӯҳҳои ҷиноятпешаи Раҳмон-Гитлер ва М. Муаккалов шахсан дар рафти амалиёт қарор доштанд. Ҳарчанд ин корро аз утоқи корӣ низ анҷом дода метавонистанд. Вақте ки ба аёдати эшон ба ситод рафтам, аз шиддати дарди гулӯ ва сулфа рангашон канда буд. Вале бо он ҳол табобатро то ба охир расидани амалиёт мавқуф гузоштанд.

Бо амри тақдир мо — ҳар ду дар як рӯз вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ интихоб шудем. Баъди интихобот саломатии  Ҳомуддин Ҳасанович бад шудан гирифт ва ташхисҳо нишон доданд, ки  саратон дар вуҷудашон ғалаба кардааст. Дар ҳамин ҳол боре дар утоқи корӣ нишаста будем ва чун гап дар бораи саломатӣ рафт, Ҳомуддин Ҳасанович ба ман муроҷиат намуда гуфтанд: «саломатиатро эҳтиёт кун, вақте саломатӣ надорӣ, на ба ту хӯроки хуб мефораду на либоси зебо, на хонаю дар, на чизе дигар. Баъзан ҳатто наздиктарин одам дар назарат наменамояд… Барои ҳамин саломатиро низ ганҷи бузург дониста, сари вақт ба қад­раш расидан даркор». Он вақт пеши назар худашон меомаданд, ки дар ҳолати беморӣ ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ машғул буданду табобатро доимо мавқуф мегузоштанд. Шояд ҳамин буд, ки хело ҷавон — дар синни 60 аз дунё гузаштанд.

Имрӯз  кори Ҳомуддин Ҳасановичро фарзандони ӯ идома медиҳанд. Чунки ҳама фарзандонаш маълумоти ҳуқуқшиносӣ доранд. Аҳлиддину Бузургмеҳр дар мақомоти корҳои дохилӣ, Фаррух  ҳамчун дипломат дар хориҷи кишвар ва Фирӯз дар умури бонкдорӣ фаъолият доранд. Ду духтараш низ бо роҳи падар рафта, ихтисоси ҳуқуқшиносро  интихоб намуданд.

Хулоса, аз ин марди бузург ман хотироти зиёде дорам. Дар лаҳзаҳои мушкил, албатта, аз таҷрибаи кории аз ӯ андӯхтаам истифода мебарам ва ба дигарон низ талқин менамоям.

Марде бо ин бузургӣ, накукорӣ, адолатпарварӣ  ва хайрхоҳӣ  боварии комил дорам, ки  сазовори биҳишти ҷовидонанд ва пайваста дар ҳаққи ин гунаҳо ҳазорон нафар дуои нек мекунанд.

Ватанзода Маҳмадалӣ МАҲМАДУЛЛО,

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон